Главная / Илм / Айнак

Айнак

Барои чашми солим ба туфайли аккомодатсия тасвири чисм дар шабакия хосил мегардад. Чашм хамон вакт солим хисобида мешавад, ки агар бе шиддати мушакхо нурхои параллелиро дар як нуктаи шабакия чамъ намояд (расми 3.30.3, а).

Чашми баъзе одамон бе душворй тас- вири чисми дурро на дар шабакия, балки пештар аз он хосил мекунад (расми 3.30.3, б).

Чунин одамон чисмхои дурро бараъло дида  ва ин гуна нуксони

чашмро наздикбинй меноманд. Сабаби наз- дикбинй дар дур будани шабакия аз зучочия (дар мукоиса бо чашми солим) мебошад.

Одами наздикбин чисмро танхо аз масофаи муайян сар карда хуб мебинад. Чунин одамон чисмхои дурро бараъло дида наметавонанд. Масофаи биниши бехтарини чашми наздикбин аз 25 см хурд мебошад. Нуксони дигари чашм дурбинй ном дорад.

Барои ин гуна одамон тасвири чисмхои дур дар паси шабакия хосил мешавад (расми 3.30.3, в). Одами дурбин чашмашро хангоми дидани чисмхои наздик таранг мекунад. Чунин одамон чисмхои наздикро бараъло дида наметавонанд. Масофаи биниши бехтарини чашми дурбин аз 25 см зиёд мебошад.

Барои чашмхои дурбин шабакия ба зучочия наздиктар (дар мукоиса бо чашми солим) мебошад. Барои ислох намудани наздик- бинй ва дурбинй аз айнакхо истифода мебаранд. Айнакхо аз линза- хои барчаста (чамъкунанда) ва фурухамида (парокандакунанда) иборат мебошанд.

Барои он ки дар чашми наздикбин тасвир ба шабакия кучонида шавад, кувваи оптикии системаи нуршиканандаи чашмро кам кар- дан лозим аст. Бо ин максад барои ислохи наздикбинй аз айнаки лин- заи парокандакунандадошта истифода мебаранд (расми 3.30.4, а).

Барои дар шабакия хосил кардани тасвир дар чашми дурбин кувваи оптикии системаи нуршиканандаи чашмро пуркувват кардан лозим аст. Бо ин максад барои ислохи дурбинй аз айнаки линзаи чамъкунанда дошта истифода мебаранд (расми 3.30.4, б).Барои ислохи наздикбинй аз айнакхои кувваи оптикии линзахои фурухамидаашон -0,5 дптр, -2 дптр, -3,5 дптр ва барои ислохи дурбинй аз айнакхои кувваи оптикии линзахои барчастаашон +0,5 дптр, +3 дптр, +4,25 дптр ва гайра истифода мебаранд.Расми 3.30.4

г САВОЛХО БАРОИ ТАКРОР———————————————————– .

  1. Нуксонхои асосии машмро номбар намоед.
  2. Кадом нашм наздикбин номида мешавад?
  3. Барои машми наздикбин тасвири чисм, дар кадом суйи шабакия вокеъ мегардад?
  4. Кадом чашм дурбин номида мешавад?
  5. Наздикбинй ва дурбиниро ии тавр ислох мекунанд?
  6. Аз айнакхои линзахояш фурухамида кадом вакт истифода мебаранд?


МА ШКИ 21———–

  1. Айнакхое, ки куввахои оптикии линзахояшон +2 дптр, -0,25 дптр, -4 дптр, +1,5 дптр аст, кадом нуксонхои чашмро ислох мекунанд. Линзаи кадоме аз ин айнакхо масофаи конунии калонтар (аз руйи кимати мутлак) дорад?
  2. Писарча бо ёрии айнак дар девори хона тасвире хосил кард. Вай аз чй гуна айнак истифода бурд?
  3. Масофаи конунии линзаи айнакхоеро, ки дар хонаатон мавчуданд, муайян намоед.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …