Маълум шуд, ки реаксияи занчири манбаи энергия ба шумор меравад ва хангоми порашавии як ядрои изотопи уран 33,28 • 10 12Ч энергия чудо мешавад.
Чудошавии энергия хангоми як шудани ядрохои сабук низ ба вучуд меояд.
Хангоми хосилшавии ядрои гелии дар реаксияи якшавии ядрохои гидроген, 4,16 -10“12 Ч энергия чудо мешавад.
Барои ин мавридхо мувофикан ба хар як нуклон энергияи зерин мувофик меояд:
£,= ЗЗ-^з^0 Ч =0,14 10 |2Ч;
Е2= –4^6110 ‘2Ч «1,035,10 14;
Хамин тарик, реаксияи як шудани ядрохо аз чихати энергетики
нисбат ба реаксияи порашавии ядрохо фоидаовар мебошад.
Реаксияхои якшудани ядрохои сабук танхо дар хароратхои баланд ба амал меоянд. Бинобар ин, онхоро реаксияхои термоядрои меноманд.
Реаксияхои як шудани ядрохои сабукро дар хароратхои баланд реаксияхои термоядрой меноманд.
Барои ба вучуд овардани реаксияи як шудани ядрохои сабук зарур аст, ки ядрохо куввахои пуркуввати теладихии кулониро бартараф намуда, то масофаи КГ^м ба якдигар наздик шаванд. Ин гуна наздикшавии ядрохоро дар плазмаи гидрогении харораташ ба якчанд миллион дарача баробарбуда ба амал овардан мумкин аст.
Реаксияи термоядроии аввалин дар бомбаи гидрогени ба вучуд оварда шуда буд.
Дар он хангоми якшудани ядрохои изотопхои гидроген ?Н (дейтерий) ва >Не (тритий) ядрои гелий Ше хосил карда шуда буд:
Ш + ?Н—гНе + ‘оп+АЕ. (4.19.1)
Дар бомбахои гидрогенй реаксияи термоядроии ба амаломада идоранашаванда мебошад.
Барои амалй гардидани реаксияхои термоядрой хосил кардани харорати 108 К ва нигох доштани он зарур мебошад. Инчунин дар ин харорат плазмаи газиро дар хачми додашуда нигох доштан зарур аст. Барои нигох доштани плазмаи баландхарорат хеч гуна девори моддй кор намеояд, чунки дар чунин харорат он бухор мешавад. Нигохдории плазма ба воситаи майдони магнитй ба амал бароварда мешавад. Яке аз дастгоххои бехтарин барои тадкики идорашавандагии реаксияхои термоядрой дар замони хозира дастгохи намуди “Т окамак” ба шумор меравад.
Дар дастгохи “Токамак” барои хосил кардани плазмаи баландхарорат разряди электрикии пуркувват ва барои нигох доштани он майдони магнитй истифода бурда мешавад.
Дар “Токамак” плазма дар камераи тороидии 1 (расми4.19.1),ки бо дейтерии фишораш паст пур карда шудааст, хосил карда мешавад. Камераи тороидй печаи дуюми трансформатори импулсй ба шумор меравад.
Печаи дуюми трансформатор 2 ба батареяи конденсагорхои гунчоишаш калон пайваст карда мешавад.
Хангоми разряди батареяи конденсаторхо ба воситаи печаи якуми трансформатор дар камераи тороидй майдони электрикии вихрй (гирдпеч) ба амал меояд, ки он гази мавчударо ионизатсия намуда, импулси пуркуввати чараёни электрикиро ба вучуд меорад.
Дар натича плазмаи харораташ даххо миллион дарача хосил мешавад. Майдони магнитии чараёни электрикии хосилшуда электронхо ва ионхоро дар сутуни плазмагй нигох медорад ва тамоси онхоро ба деворхои камера бархам мезанад.
Кайд кардан лозим аст, ки дар дастгохи намуди “Токамак-10” плазмаи баландхарорат то фосилаи 0,06 с нигох дошта шуд ва дар
муддати вакти аз ин камтар реаксияи термоядроии хосилшавии гелий дар камераи тороидалй ба вучуд оварда шуд.
Дар замони хозира олимон бахри зиёд намудани вакти мавчудияти реаксияхои термоядрой кушишхои зиёде карда истодаанд. Хдло барои хосил кардани реаксияхои термоядрой аз дастгоххои лазерй истифода бурда, тадкикотхо гузаронида истодаанд. Амалй гардидани реаксияхои термоядроии идорашаванда барои инсоният манбаи хамеша мавчудбудаи энергияро ба вучуд меорад, чунки микдори дейтерий дар таркиби оби укёнусхо нихоят калон аст ва хосил кардани он хеле осон ва арзон мебошад.
Бартарии дигари реаксияхои термоядрой нисбат ба реаксияхои таксимшавй набудани партовхои радиоактивй ба шумор меравад.
Реаксияхои термоядрой дар протсессхои дар кайхон гузаранда роли калон мебозанд. Энергияи афканишоти офтобу ситорахо натичаи реаксияи термоядрой мебошад.
Мувофики тасаввуротхои хозира баъд аз «Таркиши бузург» харорати олам то 6 миллиард дарача паст мешавад, омехтаи электронхо ва заррахои дигар ба вучуд меояд.
Дар натичаи бархурди заррахо чуфти фотонхо ба амал меояд ва аз бархурди фотонхо чуфти электрону позитронхо ва баъдтар нуклонхо ба вучуд омадаанд. Аз нуклонхои ба вучудомада ядрохои сабуки гидроген, гелий ва элементхои кимиёии бокимонда хосил гардидаанд.
Гидроген ва гелийи хосилшуда плазмаи гидрогенй – гелийгии баландхароратро ба вучуд овардаанд, ки онро астрономхо ба кайд гирифтаанд. Баъди ба вучуд омадани плазмаи тафсони гидрогенй – гелийгй мухит барои фотонхо шаффоф гашт ва онхо ба фазой олам нурафканиро ба вучуд оварданд.
Дар натичаи ин гуна реаксияхои термоядрой энергия хорич мешавад, ки афканишоти ситорахоро дар давоми миллиардхо сол таъмин мегардонад.
СА ВОЛК.О БАРОИ ТАКРОР————————————————- х
- Кадом вакт якшуди ядрохои сабук ба амал меояд?
- Чй гуна реаксияхоро реаксияи термоядрой меноманд?
- Аввалин реаксияи термоядрой дар кучо ба вучуд оварда шуда буд?
- Реаксияи термоядроии дар бомбахои гидрогенй ба вучуд овар- дашударо навишта, маънидод намоед.
- Дастгохи намуди «Токамак» чй гуна дастгох аст ва аз он бо кадом максад истифода мебаранд?
- Дар бораи кушишхое, ки бахри идорашавандагии реаксияхои термоядрой карда мешаванд, маълумот дихед.
- Реаксияхои термоядрой дар протсессхои кайхонй чй гуна накш мебозанд?
V