Алокахои иктисодии беруна. Мамлакатхои хурди Аврупо дар савдои чахони хиссаи назаррас доранд. Дар мубодилаи савдои чахони хиссаи Нидерланд аз хиссаи тамоми мамлакатхои Африка (гаири ЧАЧ) зиёд ва хиссаи Швеитсария ба хиссаи Бразилияю Аргентина (дар якчояги) баробар аст. Мамлакатхои хурди Аврупо асосан бо давлатхои мутараккии Аврупо, ИМА, Канада ва бо мамлакатхои Аврупои Шаркию Русия тичорат мекунанд.
Содироти ин мамлакатхоро мошинхо, тачхизот, киштихои бахри, махсулоти ва гаирахо ташкил менамояд. Нидерландия аз руйи содироти махсулоти ширй, Дания аз руйи гушту тухм дар чахон чойи аввалро ишгол мекунанд. Мамлакатхои Аврупои Чанубй ба бозори чахонй асосан ашёи хоми кишоварзию минералй содир мекунанд. Воридоти давлатхои Аврупои Шимолию Марказй аз ашёи хоми саноатй, молхои нимтайёр ва хурокворй иборат аст. Мамлакатхои Аврупои Чануби асосан мошин, молхои нимтайёр ва ашёи хом (асосан нафт) ворид мекунанд.
Дар мамлакатхои хурди Аврупо сохаи туризм ба шакли анъана даромадааст, ки аз ин хисоб даромади баланд мегиранд. Дар ин соха Испания пешсаф аст. Микдори солонаи сайёхони ба Австрия, Швейтсария, Люксембург ва мамлакатхои Шимол меомадагй аз ахолии ин мамлакатхо зиёд аст. Барои баъзеи мамлакатхо туризм яке аз манбаъхои асосии даромад ба хисоб меравад.
Савол ва супориш
- Омилхои асосии ба кисмхо таксимкунии мамлакатхои хурди Аврупоро ном бурда, онхоро шарх дихед.
- Тахассуси байналмилалии хочагии ин мамлакатхо бештар ба кадом омилхо вобаста аст?
- Чаро флоти бахрии Норвегия ва Юнон дар зери «байраки муфид» харакат мекунанд?
Хуаатонро санчеа
- Чаро мамлакатхои хурди Аврупоро ба гурухи мамлакатхои дохил кардаанд?
- Сабаби васеъ будани алокаи иктисоди берунии мамлакатхои хурди Аврупоро дар чй мебинед?
- Чаро давлатхои хурди Аврупо сиёсати бетарафиро пеша кардаанд?
Ба фикри шумо
Сабаби пешравии иктисодиёти мамлакатхои хурди Аврупо дар чист?
Чаро иктисодиёти мамлакатхои хурди Аврупо ба бозори берунй нигаронида шудааст?