Главная / Илм / БАДРИДДИНИ ХИЛОЛИ (1475 – 1529)

БАДРИДДИНИ ХИЛОЛИ (1475 – 1529)

ШАРХИ ХОЛИ ШОИР

Барои мардуми Хирот шаби чумъаи соли 1529 шаби бехосият буд. Дору гир, доду фарёд, гиряву лобаи кудакону занон хомушии шабро халалдор мекард. Ясавулон ва сарбозо- ни Убайдуллохон хонахои мардумонро талаву тороч мекар- данд, одамони «гарданкаш», «ёги» ё шиамазхабонро ба зиндону козихона мебурданд. Чор сарбози Убайдуллохон ба назди дарво- зае омаданд. Так-так карданд.

  • Кист?
  • Кушо, мо одамони хон! Марде дарвозаро кушод.
  • Хонаи кист?! – пурсид яке аз одамони хон.
  • Бадриддини Хилоли.
  • Хабар кун, биёяд!
  • Ман?
  • Ха, ту! Шиаи хар!
  • Дахон нигох доред! Одоб чавхари инсон аст. Аввал пурсиш, баъд кушиш!
  • Бас сафсата. Рафтем ба махкамаи кози. Дар хамон чо мефахми.

Чокарон ба забон кушодани шоир имконият надода, уро ги- рифта кашон-кашон ба махкамаи кози оварданд. Козихона дар ин ними шаб хеле серодам буд. Пас аз интизори Хилолиро ба наз- ди козикалон Шамсиддини Кахтони дароварданд. Чор нафар дар руйи курпачахои махмалин нишаста, тасбех мегардонданд.

Хилоли шарту русуми инсони ба чо оварда салом дод. Аммо салом бечавоб монд. Козикалон ба хучум гузашт:

  • Шумо, шоир Хилоли? Чунин бандахои оси ба худ лакабхои осмони чуста меёбанд. Садкаи хилоли Худои мутаъол шавед!
  • Ман гунохе надорам ва сабаби ба мархамати шумоён раси- данамро намедонам.
  • Намедони?! Хамаашро нагз медони! Холо ба ёдат меорем. Аввалан, дар як шеърат хони покдину маъдалатгустар, хомии ша- риати ислом Убайдуллохонро танкиду мазаммат кардаи. Магар ин гунох нест?! Сониян, аз руйи кору рафторат шиамазхаб хасти. Ба шиа буданат ин хомиёни дину диёнат гувох хастанд ва шиа бу- данатро тасдик мекунанд.

Мавлоно Бакоии Ланг ва Мавлоно Гулчехр, ки дар назди козикалон хузур доштанд, аз чой бархеста, суханони Мавлоно Шамсиддинро тасдик карданд.

  • Баред! Пагох дар бозори Чорсу амри моро амали кунед! Хуршеди оламтоб кайхо аз паси куллахои кух баромада, саховат- мандона нурпоши мекард. Вале офтоби зиндагии шоир Хилоли ру ба гуруб оварда буд. Шоири номуродро ясавулон кашон- кашон ба суйи бозори Чорсуи Хирот мебурданд. Як гурух мар- думи авом ба холи шоир гиря мекарданд ва баъзе хасудон, нота- вонбинон ва ракибони шоир ба сари Хилоли санг мепартофтанд. Сари шоир хуншор шуда буд. Катрахои хун ба руйи гандумгу- наш таровида, риши мошубиринчии шоирро лолагун мекарданд. У бо сари баланд пеш мерафт. Аз байни хасудону нотавонбинон, дустон, хешу акрабояшро мечусту медид, ки онхо гирён буданд. Шоир бо ишорат бо онхо хайрухуш менамуд ва байти зерро бо дарду алам мехонд:

Ин хатраи хун чист ба руи ту, Хилоли,

Гуё ки Дил аз гусса ба руи ту ДавиДа.

Нихоят Хилолиро ба бозорчой оварданд. Дар назди у чаллод Сайфулло шамшер дар даст меистод. Катлгох баландтар буд. Шоир издихомро хуб медид. Чанд дакика хомуши хукмфармо гардид. Сипас ба шоир ичозат доданд, ки чанд сухан гуяд:

  • Хешу табор, дустон! Бо шумо худохофизи мекунам. Онхо дар касди чони ман буданд. Имруз ба максад мерасанд. Гунохе надорам, хасудон, нотавонбинон, амири бехирад душмани чони ман шуданд.
  • Кушед шоири бадмазхабро! Бас лаккидан, – ба Сайфулло фармон дод шахси масъули Убайдуллохон. Сайфулло фармонро ба чо овард.

Соли катли Хилолй 936 хичрист, ки ин ба соли 1529 мелодй рост меояд.

Падару бобои Хилоли дар шахри Астаробод зиндагии хок- соронае доштанд. Хилоли дар хамин чо, тахминан соли 1475 ба дунё омадааст. У тахсили ибтидоияшро дар Астаробод гузаро- нида, пас ба маркази илму адаб шахри Хирот меояд. Дар ин чо дар як муддати кутох илмхои калом, мусики, таърих, нучум ва гайраро ба хуби аз худ мекунад. Чунонки хамзамононаш кайд кардаанд, Хилоли хануз аз хурди хушзехн буда, истеъдоди бузур- ги сухандони доштааст. Аз ин чост, ки дар синни 15-16-солаги овозаи шеъри у баланд мешавад ва ба сухбати Чомию Навои ба- рин бузургони илму адаби замонаш шарафёб мегардад. Муалли- фи «Таърихи хулосатулахбор» Мухаммад Хондамир дар ин бора чунин мегуяд: «Мавлоно Хилоли дар назми газал бебадал аст. Лекин дар ин айём забон аз гуфтори ашъор фуру баста ва аксар авкотро ба тахсили улум сарф мекунад».

Хилолии чавон абёти адибони бузурги гузаштаро аз бар намуд. «Хамса»-хои Низомию Амир Хусрав ва достонхои Абдурахмони Чомиро ба тамом аз ёд медонист.

Бадриддин Хилоли бештари хаёташро дар Хирот гузаронд. Оиладор шуда сохиби фарзанд гардид. Доир ба ин масъала адиб дар достони «Лайли ва Мачнун» ба тарзи зайл ишорат кардааст:

Эй Дурри шарар зи бахри кавнайн,

ФарзанДи азиз – курратулайн.[1]

Бишнав сухани маро, ки панд аст,

Панди падар аст, судманд аст.

Хилоли хеле кам сафар кардааст. Аз сарчашмахои таърихи ва адаби равшан мегардад, ки у танхо як маротиба ба Кандахор са- фар карда, бо ахли адаби он чой сухбатхо оростааст. Шоир мар- ди сухбаторо ва хозирчавоб будааст. Чунонки муаллифи «Ак- барнома» Муборак Алломи дар асараш зикр кардааст, хокими Кандахор Мирзо Комрон базме ташкил мекунад. Дар он шоирон, олимон ва дигар аркони давлат иштирок доштанд. Хилоли хам ба базм хозир шуда, аз Мавлоно Наргиси болотар менишинад. Аз ин болонишинии Хилоли Мулло Наргиси меранчад ва байти зерро навишта, ба дасти Хилоли медихад:

«Нокасе гар аз касе боло нишинад, бок нест,

3-он ки хас бар руи обу зери Дарё гавхар аст».

Хилолй фавран чавоб мегардонад:

Хар ки уро табъ бошаД, чои у болотар аст,

Хар киро табъе набошаД, чои у зери Дар аст.

Мирзо Комрон вокиф шуда, гуфт: «Чи гуфтугу доред?» Мул- ло Наргиси арз кард: «Имруз мулло Хилоли чойи худро надонис- та».

Мирзо гуфтанд:

  • Эй мулло Хилоли, чаро надониста боло нишасти? Мулло Хилоли гуфт:
  • Ман дар ин чо тавзеххо[2] дорам.

Мирзо гуфтанд:

  • Бигу!

Гуфт:

  • Номи ман Хилол аст, номи эшон Наргис. Хилол дар осмон аст ва наргис дар замин бируяд. Дигар, шоирон абруро хилол гуянд ва чашмро наргис, абру болои чашм аст. Аз ин сабаб боло нишастаам».

Хамин тавр, шоир дар айёми чушу хуруши эчоди аз дасти шохони чохилу золим чони азизи хешро ба Чонофарин супорид, ки мо дар боло хикоят кардем. Имруз кабри шоир дар шахри Хироти Афгонистон барчост, зиёратгохи ахли хирад аст.

[1] Курратулайн – нури дида, фарзанд

[2] Тавзех – сабаби чизе ё кореро шарх додан.

Инчунин кобед

565

Назарияи харочот: тахкик ва тавсифи он аз нигохи мактабхои мухталифи иктисоди

Захирахо (омилхо)-и иктисоди ба сифати унсури асосии харочоти истехсоли сурат гирифта, вобаста ба сатх ва …