Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон чиноятхои со- диршударо ба гуруххои мухталиф чудо менамояд:
Чиноятхо ба мукобили шахсият;
Чиноятхо ба мукобили амнияти чамъияти ва саломатии ахоли;
Чиноятхо ба мукобили амнияти экологи ва мухити зист;
Чиноятхо ба мукобили тартиботи чамъияти ва ахлок;
Чиноятхо дар сохаи иктисодиёт;
Чиноятхо ба мукобили амнияти иттилооти;
Чиноятхо ба мукобили хокимияти давлати;
Чиноятхо ба мукобили хизмати харби;
Чиноятхо ба мукобили сулху амнияти инсоният.
Холо баъзеи ин чиноятхои номбаршударо тахлил карда, барои содир кардани онхо чи гуна чавобгари мукаррар кар- дани конунро дида мебароем.
а) Чиноятхо ба мукобили шахсият
Ба ин гурух чиноятхои зерин дохил мешаванд: чино- ятхои ба мукобили хаёт ва саломати, озоди, обру ва эъти- бори шахсият, озодии чинси ва дахлнопазирии чинси, хукук ва озодихои конститутсионии инсон ва шахрванд, оила ва ноболигон.
Одамкуши яке аз чиноятхои вазнини мукобили хаёт ва тандурустии шахрвандон ба хисоб меравад. Мувофики моддаи 104-и Кодекси чинояти дар холатхои зерин касдан одам куштан бо холатхои вазнинкунанда эътироф карда ме- шавад: ду шахс ё бештар аз он; шахс ё наздикони у вобаста ба фаъолияти хизмати ва ё карзи чамъиятиро ичро карда- ни у; бараъло ноболиг ё шахсе, ки дар холати очизи карор доштани у барои гунахгор аён аст; марбут ба одамрабои ё гаравгонгири; зане, ки хомилагии у барои гунахгор аён аст; куштори одам бо берахмии махсус; куштори одам бо тарзи ба хаёти мардуми зиёд хавфнок; куштор аз чониби гурухи ашхос ё гурухи ашхос бо маслихати пешаки, гурухи мута- шаккил, иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти); куштор бо максади гаразнок ё кирояи зархаридон, инчунин, марбут ба рохзани, тамаъчуйи ё бандитизм; одам аз хиссиёти авбоши; куштори одам бо нияти руйпуш намудани чинояти дигар ё осон содир намудани он, инчунин, марбут бо тачовуз ба но- мус ё кирдори зуроварии дорои хусусияти шахвони; куштор бо сабаби нафрат ё хусумати милли, нажоди, дини махалга- рои ё интикоми хуни; куштори одам бо максади истифодаи аъзои бадан ё бофтахои чабрдида ва гайра.