Мавкеи географии Белорус чи гуна аст? Шароит ва сарватхои табии ба рушди хочагии он чи таъсир мерасонанд? Белорус бо Точикистон чи гуна муносибатхои иктисодию фарханги дорад?
Белорус дар кисми гарбии хамвории Рус, дар миёнаоби дарёхои Днепр ва Двинаи Гарби, болооби дарёхои Неман ва Буг чойгир шудааст.
Каламрави Белорусро асосан хамвори ташкил медихад. Кисми зиёди худуди онро ботлокзор ва дарёчахо ихота кардаанд, ки аз хамдигар ба воситаи теппаю пуштакуххо чудо мешаванд. Релефи хамвор ва маъданхои табиии он ба сохти геологи вобаста аст. Дар каламрави Белорус яке аз калонтарин конхои намаки калий чойгир аст, ки захираи умумии он ба 42 млрд тонна мерасад. Конхои асосии он дар шахрхои Старобинск ва Петрикович ва захирахои калони намаки ош дар Мозир, Давидов ва Старобинск вокеъ шудаанд. Аз ашёи хоми сохтмони гил, чинсхои карбонати, рег, шагал, сангхои сохтмони, ашёи хоми шиша ва семент мавчуд аст. Соли 1964 дар Белорус аввалин чохи нафт кушода шуд.
Ахоли ва захирахои кори. Дар худуди Белорус зиёда аз 10,3 млн нафар ахоли сукунат дорад. Солхои охир афзоиши ахоли хеле паст шудааст. Дарачаи зиёди фавт нисбат ба таваллуд кариб дар хама вилоятхо ба чашм мерасад. Дар дехот ахоли кам шуда, дар шахрхо меафзояд. Шахрхои нисбатан серахоли Минск (82 нафар дар 1км2), Гродно (48 нафар дар 1км2), Витебск (45 нафар дар 1км2) буда, 68,8%- и ахоли дар шахр зиндаги мекунанд.
Хочагии халк. Баъди бархам хурдани Иттиходи Шурави Белорус низ ба монанди дигар чумхурихо ба бухрони иктисоди дучор шуд. Саноат ва кишоварзи низ ба пастравии истехсоли дучор гаштаанд. Як катор сохахо дар заминаи ашёи хоми махалли кор мекунанд. Ба ин нигох накарда, Белорус нисбат ба дигар давлатхои собики шурави тавонист, ки иктидори иктисодии худ ва сатхи зиндагии ахолиро дар холати миёна нигох дорад. Даромади миллии кишвар сол то сол меафзояд. Нарххо нисбатан паст буда, нафака мунтазам таъмин мешавад. Корхонахои калони саноати то хол моликияти давлатанд.
Саноати Белорус ба сохаи мошинсози, химияви ва нафту химия махсус гардонида шудааст. Дар байни онхо комплекси саноати мошинсозию автомобилсози чойи асосиро ишгол мекунад. То охирхои соли 1980 11 корхонаи ин соха ба Иттиходияи истехсолии «БелавтоМАЗ» дохил мешуд. Дар шахрхои Минск, Белорусск, Могилёв корхонахои истехсоли автомобил ва автопоездхо, автомобилхои калонхачми борбардор барои саноати кухи истехсол шудаанд. Сохахои дигари мошинсози дар шахрхои Минск, Витебск, Гомел, Могилёв, Брест, Молодечно, Пинск, Баранович ва Орша чойгир шудаанд. Мухимтаринаш Итиходияи саноатии «Корхонаи тракторсозии Минск» мебошад. Аслан барои сохаи саноати мошинсози дар Белорус консентратсиякунонии истехсолот хос аст.
Сохаи нафту газу химия асосан аз хисоби нафту гази Русия рушд меёбад. Дар минтакаи истихрочи нафти Речитса бо максади истифода бурдани газу нафт корхонаи коркарди он сохта шудааст. Комбинати нафту химияи Новополотск наххои химиявии нитрон, полиэтилени ранга ва кислотаи нетролак истехсол мекунад. Иттиходияи истехсолии «Полимер» комбинати нафту химия ва корхонаи коркарди нафти Новополскро дар бар мегирад. Махсулоти он барои коркард ба корхонахои истехсоли махсулоти пластмассии Борисов ва Полотск, истехсоли лавсани Могилёв, лак ва ранги Лида дода мешавад. Яке аз корхонахои асосии саноати нафту химияи Чумхурии Белорус комбинати истехсоли шинахо дар шахри Бобруйск мебошад. Корхонаи нурихои азоти дар шахри Гродно вокеъ буда, пештар дар заминаи гази Украина ва холо Русия кор мекунад.
Кишоварзи. Кишоварзии Белорус ба сохаи чорвои шириву гушти, хукпарвари, загирпарвари ва картошкапарвари махсус гардонида шудааст. Дар байни давлатхои собики шурави Белорус аз чихати истехсоли загири нахдиханда, картошка ва шир дар чойи 3-юм меистад. Нахи загир мухимтарин намуди ашёи хом барои саноати сабуки Белорус буда, дар содироти махсулоти он чойи мухимро ишгол мекунад. Дар шахри Орша калонтарин комбинати бофандагии матоъ аз нахи загир сохта шудааст, ки аз чихати иктидор баъди комбинати бофандагии шахри Костромаи Русия дар чойи дуюм меистад. Дар Белорус сохаи истехсоли матоъхои пахтаги ва пойафзол низ таракки кардааст.
Наклиёт. Белорус мавкеи муфиди географи дошта, дар байни нохияхои гарбии Русия, Аврупои Гарби ва Маркази, нохияхои гарбии Украина ва Прибалтика чойгир шудааст.
Кариб 3 хиссаи фуруши махсулоти Чумхурии Белорус ба мамлакатхои Аврупо рост меояд. Баъди бастани шартнома доир ба иттифоки Белорусу Русия муносибатхои онхо бехтар шуд. Аз нисф зиёди содироти Белорус ба хоричаи дур, ба 8 давлат рост меояд. Аз чумла Олмон (15,8%), Полша (10,6%), ИМА (5,6%), Бразилия (4,3%), Венгрия (4,4%), Швейтсария (4,1%), Чин (4,1%), Литва (3,5%). Дар Белорус 1400 корхонаи муштарак ва 500 корхонаи хоричи амал мекунанд. Географияи сармоягузории хоричи хеле васеъ аст. Корхонахои муштарак бо ширкатхои хоричии 66 давлат амал мекунанд, аз чумла бо Полша, Олмон, Италия, ИМА, Австрия, Булгория ва гайра.
Савол ва супориш.
- Кадом сохаи саноат дар кишвар сохаи асоси ба шумор меравад?
- Сохахои тахассусии хочагии Белорус кадомхоанд?
- Барои Белорус кадом шакли бозтавлиди ахоли хос аст?
- Заминаи ташаккулёбии комплекси кишоварзию саноатии Белорус чист?
- Белорус бо кадом кишвархои дунё робитахои иктисоди дорад?
- Наклиёт дар махсусгардонии сохахои хочагии халки мамлакат чи накш дорад?
- Роххои баланд бардоштани кишоварзии мамлакат кадомхоанд?
- Дар харитаи контури нохияхои иктисоди, саноати ва кишоварзии Белорусро тасвир кунед.
- Атлас, харита ва китоби дарсиро истифода бурда, доир ба саноати мамлакат маълумот дихед.
Хулоса. Агарчи Белорус аз сарватхои зеризамини бой нест, аммо сохахои хочагии халки он хуб рушд кардаанд. Пас аз бархам хурдани ИЧШС иктисодиёти кишвар нисбат ба дигар мамлакатхои ИДМ дар сатхи паст карор дошт. Аз охири солхои 90-уми асри гузашта рушди устувор дар кишвар огоз ёфт, ки боиси пешрафти иктисодиёти он шуд.
Оё медонед?
- Автомобили тамгаи «БелАЗ», ки дар Белорус истехсол карда мешавад, 180 тонна борро мебардорад. Ин баробари бори се вагони катора аст.
- Дар тамоми каламрави Авруосиё танхо дар Белорус зубр (гови вахши) боки мондааст.
- Шахрвандони Белорус танхо як шиноснома доранд, ки ду вазифаро ичро мекунад.
- Дар Белорус маош баланд нест (600$ дар як мох), аммо сатхи бекори паст буда, шахсони бехона, майзада ва кашшок вучуд надоранд.