Чоми дар боби 7-уми «Бахористон» дар бораи 39 нафар шоирони асрхои гузашта ва давраи худ ба тарики хронологи маълумоти мухтасар медихад. Ин боби «Бахористон» аз як мукаддимача ва кисми асоси иборат аст. Дар мукаддима оид ба каломи шеър ва унсурхои он маълумот медихад. Пас аз он доир ба шоирони гу- зашта, ки дар аксари жанрхои бадеи шеър гуфтаанд, ба тарики умуми сухан ронда, мукаддимаро ин тавр ба охир мерасонад: «Лочарам, бар зикри чанде аз машохири эшон ихтисор карда ме- шавад». Ин кисм хеле душворфахм мебошад, зеро бисёр калима ва иборахои араби бо чумлахои печ дар печ баён карда шудаанд.
Абдурахмони Чоми аввал аз руйи анъанаи тазкиранависи та- халлуси аксарияти шоиронро ном бурда, баъд аз ин дар бораи аз кучо будан ва дар замони салтанати кадом сулола ва ё подшох зиндагони кардани як кисми онхо маълумот медихад. Сипас ба тасвири шахсият, омузиш, зиндаги, характери эчоди ва шухрат пайдо кардани он гузашта, барои намуна порчахои шеъри меова- рад. Чоми хангоми дар бораи ин ё он шоир сухан ронданаш соли таваллуд ва вафоташро дар хотима зикр мекунад. Чунончи, саба- би вафоти Муиззиро ба тарики зайл шарх медихад:
«Ва сабаби вафоти вай он буд, ки рузе Султон (Султон Санчари Салчукиро дар назар дорад – Т. М.) аз даруни хиргох тир андохт ва у беруни хиргох истода буд. Ногох тире хато шуду бар вай омад ва бияфтод ва дархол чон бидод».
Абдурахмони Чоми хусусияти эчодиёти як шоирро бо шоири дигар мукоиса намуда, нуктаи назари худро баён мекунад. Маса- лан, вай хусусиятхои бартарии ашъори Хофизро бо шеърхои Ни- зории Кухистони мукоиса намуда менависад: «Ва саликаи[1] шеъ- ри вай (Хофиз) наздик аст ба саликаи Низории Кухистони. Аммо дар шеъри Низори гассу самин [2] бисёр аст бар хилофи шеъри вай».
Ё ин ки дар бораи фаркияти эчодиёти Хусрави Дехлави ва Хокони фикри зеринро баён мекунад: «Татаббуи[3] Хокони меку- над, харчанд дар касида ба вай нарасида, аммо газалро аз вай гу- заронида… макбули хама кас афтодааст». Аз ин гуфтахо маълум мешавад, ки агарчи Хусрави Дехлави дар касида ба Хокони на- расида бошад хам, газалро аз вай гузаронидааст ва бо мазмунно- кии ашъори худ ба хама кас макбул гаштааст.
Чоми асосан ба эчодиёти аксарияти шоирон бахо медихад ва тарзи баходихии вай ду хел аст:
1 . Оид ба ин ё он шоир танхо фикри шахсиашро баён мекунад.
Ба ашъори Хофиз чунин бахо додааст: «Аксар ашъори вай латифу матбуъ[4] аст ва баъзе кариб ба сархади эъчоз[5] ».
Ё ин ки муаллиф услуби Котибиро ба тарики зайл баён кар- дааст:
«Вайро маонии хос бисёр аст ва дар адои он маони низ услубе хос дорад, аммо шеъри вай якдаст ва хамвор нест».
- Чоми дар бораи шоирон гуфтахои дигаронро меорад, вале аз ки будани ин суханонро нишон намедихад. Фикрхои оварда- шуда танхо бо як ё ду чумла ифода ёфтаанд, ки баъзан бо оварда- ни порчахои шеъри муайян ва равшантар карда мешаванд. Маса- лан, барои нишон додани он ки Фирдавси дар замонаи худ кадру кимат пайдо накарда вафот кардааст, чунин мисраъхоро аз шои- ри номаълуме меоварад:
Бирафт шавкати МахмуДу Дар замона намонД
Чуз ин фасона, ки нашнохт хаДри ФирДавси.
Хамин тавр, боби 7-уми «Бахористон»-и Абдурахмони Чоми дар омухтан ва кушода додани бисёр масъалахои мухимми ада- биёти классики ба тадкикотчиён ёри мерасонад. Дар ин чо аз шо- ирони асрхои мухталиф намунахо овардааст, ки онхо барои рав- шан кардани эчодиёти ин ё он шоир ахамияти бузург доранд.
Ин боб монанди дигар равзахои «Бахористон» ахамияти забони низ дорад. Забони ин боби асар нисбатан сода, фахмо ва латиф аст ва барои омухтани таърихи забони адабии точик ба за- боншиносон ёрии калон мерасонад.
Бисёр адабиётшиносони точик ва хоричи ба ин боби «Бахористон» ахамияти махсус дода, барои исбот ва равшан на- мудани фикрхои худ аз он иктибос овардаанд.
[1] Салика – услуб.
[2] Гассу самин – пастию баланди.
[3] Татаббуъ – чустучу кардан, аз кафои чизе рафтан, пайрави кардан.
[4] Матбуъ – маъкул.
[5] Эъчоз – муъчиза.