Главная / Гуногун / БОЗСОЗИ ВА ОКИБАТХОИ ОН

БОЗСОЗИ ВА ОКИБАТХОИ ОН

БОЗСОЗИ ВА ОКИБАТХОИ ОН

Дар охири солхои 70-ум ва ибтидои солхои 80-ум дар чомеаи шурави ришваситони (коррупсия), дуздй, фиребу каллоби зиёд гардида, норозигии халкро ба миён овард, одамони поку халол аз кор дилхунук шуданд. Оташи норозиги, ранчиш, дили мардумро хунук намуд, онхо дигаргунии зиндагиро мехостанд. Албатта, бо гузаронидани баъзе дигаргунихо мурод хосил намегардид, лозим буд, ки асоси тартибот, сохтори мавчуда тагйир дода шавад. Дар хамин маврид сиёсати М.Горбачёв ба манфиати аксари мардуми захматкаш чавоб медод. Рахна задан ба фазои нави ичтимоию иктисоди барои чомеаи шурави гайриоди набуд. Он як силсила мушкилоти хурду бузургро ба миён овард, ки боиси бахсу мунозирахои тезутунд, задухурди акидахо гардида, дар чамъият мавчуд будани гуруххои ичтимоии манфиатхояшон гуногунро ошкор сохт. Дар мубориза, дар бахсу мунозирахо, ки ба доираи худ миллионхо одамон, коммунистон ва гайрихизбиёнро чалб намуданд, барномаи бозсози, ки хамчун барномаи азнавсозии сотсиализм пазируфта шуда буд, мазмуни мушаххастар гирифт.

Яке аз самтхои мухимми демократикунонии хаёти чамъияти ба амал баровардани ошкорбаёни буд. Ошкорбаёни талаб менамуд, ки руйдодхои чомеаи сотсиалисти бояд хакикатнигорона, холисона ва вокеъбинона инъикос шаванд. Махз ошкорбаёни мебоист дар мамлакат мухити нави ахлоки ба вучуд оварад. Ошкорбаёни дар тамоми сохахо – иктисоди, ичтимои, сиёси, маънави, ахлоки васеъ пахн шуда, губори замони рукудро руфта партофт, ба солим гардидани фазои ахлокии мамлакат мусоидат кард.

Ба андозаи истикрор ёфтани принсипхои демократи дар хаёти чамъияти ва давлати махдудиятхо бархам дода шуданд, дархои бойгониву китобхонахое, ки дар онхо баъзе мавод ва нашрияхо пинхон дошта мешуданд, дари худро ба мухаккикону хонандагон боз намуданд. Мавчи ошкорбаёни даххо иттиходияхои гайрирасми, худфаъолиятиро ба вучуд овард, ки онхо манфиатхои табакахои алохида ва гуруххои одамонро ифода мекарданд.

Бояд тазаккур дод, ки имруз ошкорбаёни, озодии сухан ба принсипи асосии демократия, хукуки хар як шахрванди озод табдил ёфтааст.

Рушди демократия таваччухи одамонро нисбати халлу фасли корхои давлати ва мухимтарин масъалахои хаёти дохилию хоричии мамлакат зиёд намуд ва аз калби онхо чанги бетафовутии сиёсиро нисбати ин масъалахо берун кард.

Сохтори сиёсии дар ибтидои бозсозй баамаломада чунин камбудй ва норасоихои микёсан бузургро ошкор сохт, ки онхо амалан тараккиёти ичтимои-иктисодии кишварро бозмедоштанд. Ислохоти сиёси талаби пухтарасидаи замон гардид.

Дар чараёни бозсози маълум шуд, ки сохтори хакикии сиёси дар ташкили хаёти чамъияти на танхо дар чорчубаи конун мувофикат намекунад, балки асосан ба ичрои супоришхо, амру фармондехихо ва дастурхои иродави равона карда шуда буданд. Эълони принсипхои демократи бештари мавридхо на дар амал, балки дар сухан буду бас.

Яке аз мухимтарин вазифахое, ки бояд дар чараёни бозсози халлу фасл мешуд, барпо намудани давлати хукукбунёд буд. Дар чунин сохтор бояд волояти конун дар тамоми арсахои хаёти чамъияти ва давлати таъмин карда шавад. Танхо дар чунин давлат озодии шахсият, хукуки шахрванд, кори муътадил ва рушди дастгоххои демократи таъмин, риояи принсипхои адолати ичтимои таъмин карда мешавад. Ислохоти васеи хукукии пешбинишуда бояд ба истехком бахшидани конуният, тартиботи хукуки ва хукумати халки мусоидат мекард.

Шахрвандони Точикистон сиёсати бозсозиро дастгири намуда бо шиори «Ба панчсолаи дувоздахум – мехнати эчодкорона!» мехнат мекарданд. Мутаассифона, накшахои азими тартибдодашуда аллакай дар солхои аввали панчсола ичро нагардиданд. Дар сохаи саноат хосилнокии мехнат ва сифати махсулот низ бехтар нагардид ва баръакс, баъзе иншооти азим, аз чумла сохтмони Неругохи барки обии Рогун катъ гардид. Аллакай дар охири солхои 80-ум дар байни чумхурихои иттифоки робитахои иктисоди, ёрии техники ва таъминсози бо ашёи хом канда шуданд.

Накшахои сохаи кишоварзи ичро нашуда, барномаи озукавори, хусусан ба сари хар як нафар шахрванд истехсол кардан ва таксим намудани махсулот чомаи амал напушид.

Яке аз равандхои асосии бозсози демократикунонии хаёти мам- лакат мебошад. Бояд, аз як тараф, механизми боэътимоде барпо карда мешуд, ки мувофики он шахрвандон дар халли масъалахои давлатию чамъияти фаъолона иштирок карда тавонанд ва аз тарафи дигар, хукуки инсон поймол нагардида, барои у фарханги сиёсии умумибашари дастрас гардад.

Конфронси XIX (июни соли 1989) хизб карорхоро «Дар бораи демократикунонии чомеаи шурави ва ислохоти сохтори сиёси», «Дар хусуси мубориза бо бюрократизм», «Дар бораи муносибатхои байналмилали», «Дар бораи ошкорбаёни», «Дар хусуси ислохоти хукуки» кабул кард, ки онхо стратегия ва тактикаи демократикунонии чамъияти шуравиро муайян мекарданд.

Азбаски ИЧШС мамлакати сермиллату халкият буд, бинобар ин конфронс оид ба ин масъала карорхои мухим кабул намуд. Дар карор, аз чумла чунин омадааст «Эхтиёт ва афзун гардонидани он чизе, ки барои муттахидии чамъияти шурави чун асоси пешрафти озод ва гулгулшукуфии халкхои чумхурихои шурави, мустахкамгардонии иктидори ватани мо заруранд, карзи ватандусти ва интернатсионалии хар як шахрванд мебошад».

Дар консепсияи демократикунонии чомеа ошкорбаёни мавкеи мухимро ишгол мекард. Ошкорбаёни дар чорчубаи конун амал карда, вокеахои таърихи бояд холисона баён меёфтанд. Ба туфайли ошкорбаёни дар коллективхои мехнати андешаронии часурона ба амал меомад. Дар натичаи чори гардидани гуногунандешии сотсиалисти охиста-охиста сохтори бисёрхизби ва тамоюли худмуайянкуни ба вучуд омад.

Дар мамлакат аз тарзхои фармонфармоии маъмури даст кашида, ба сохтори нави интихобот ва аз руйи масъалахои хаётан мухим райъпурси (референдум) чори гардид. Амали гардидани ошкорбаёни имкон дод, ки шахрвандон бо асноди бойгони, китобхо ва филмхои «махфи» шинос шуда, хакикатро донанд. Номи неки шахсоне, ки солхои шахспарасти беасос чазои сиёси дида буданд, баркарор гардид.

Бозсози инчунин, дар халли масъалахои байналмилали ба амал омад. Мувофики тафаккури нави сиёси роххои бо мамлакатхои сармоядори хамкори намудан ва мустахкам кардани сулх пайдо гар- диданд.

Хамин тавр, бозсози мебоист чамъияти сотсиалистиро такмил дода, камбуди ва мушкилихоеро, ки дар садди рохи он мешуниданд, бархам медод, вале накшахои бозсози ичро нагардид, балки торафт хусусияти он тагйир меёфт. Аз чумла дар баъзе аз чумхурихои собик ИЧШС сухан дар бораи азнавсозии сохтори сотсиалисти нарафта, баръакс, рохи рушди гайрисотсиалисти пеш гирифта шуд.

Инчунин кобед

МОЛИКИЯ

Моликия ки пайравони Имом Молик ибни Анас ал-Асбахи (732-795) буда, дар нимчазираи Арабистон ба вучуд …