Боронхои хомизи дар нохияхои саноаташ инкишофёфта мушохида мешаванд. Дар байни моддахои зарарноки олудакунандаи атмосфера як гурухи калоне мавчуданд, ки таъсири фаъоли консерогени доранд. Ба онхо бензапирен, карбогидридхои хушбуйе, ки аз дегхои саноати ва газхои наклиёти партофта мешаванд, дохил мешаванд (расми 54).
Тадкикотхо нишон доданд, ки мавчуд будани моддахои консерогени дар хавои атмосфера ба пайдошавии бемории саратони одамон оварда мерасонад. Ба организми одамон пайвастагихои сурб (кургошим), ки аз хисоби газхои накдиёт ба мухити атроф интикол меёбад, хеле зарарноканд. Микдори кургошим дар хуни одам бо зиёдшавии он дар хавои атмосфера меафзояд, ки ба пастшавии фаъолнокии ферментхо, ки дар таъмин намудани хун бо оксиген иштирок мекунанд ва вайронкунии чараёнхои мубодилаи моддахо оварда мерасонад.микроорганизмхои хоки
Дар хавои атмосфераи марказхои саноати ва шахрхо дар натичаи таассурхои кимиёвии омехтаи газхо (асосан аз хисоби оксиди нитроген ва карбогидратхо, ки дар партовхои газхои наклиёти мавчуданд) дар кабатхои поёни бо таъсири нурхои офтоб моддахои гуногун, яъне низми захрнок хосил мекунад, ки онро низми губоролуди захрнок меноманд. Вай барои организмхои зинда хеле захрнок аст. Хосилшавии он ахволи одамонро бад карда, микдори беморихои шуш ва дилу рагхоро зиёд карда, эпидемияи навой (зуком)-ро ба амал меорад. Низми губоролуди захрнокро, ки дар давраи тирамоху зимистон пайдо мешавад, низми тани лондони номидаанд ва асоси таркиби онро газхои сулфури ташкил медихад, ки бронхити роххои нафаскашии болоиро ба амал меорад. Яке аз типхои низми губоролуди захрнок – фотокимиёви ё ки лосанчелиси ном дошта, дар фаслхои гарми сол хосил мешавад. Мисол, дар Ню-Йорк, Бостон, Чикаго, Милан, Мадрид мушохида мешавад. Вай аз хисоби ба атмосфера партофтани газхои наклиёти зери таъсири нури рушноии офтоб дар яатичаи таассурхои фотокимиёви ба амал меояд. Низми фотокимиёвй чашмро сузонда, луоби деворхои бини ва гулуро ба хаячон оварда, беморихои шуш ва беморихои кухнаро пуршиддат мекунад. Дар баъзе холатхо ба муриши хайвонхои хонаги ва растанихо оварда мерасонад. Вай вайроншавии металлро ба вучуд оварда, боиси кафидани ранг, махсулотхои резин, вайроншавии либос мешавад.
Яке аз чузъхои низми захрнок озон (Оз) мебошад, ки дар шахрхои калон дар вакти хосилшавии низми захрнок микдори табиии он (1 х 10-8 вохиди ченаки) кариб 10 маротиба зиёдтар шуда ба шуш, чилди луобии узвхои одам ва растанихо таъсири манфи мерасонад. ;
Фаъолияти одам ба кабати озонй таъсири манфи мерасонад. Бахусус, вайроншавии кабати озони дар кутбхо мушохида мешавад, ки аллакай дар он чо сурохихои озонй пайдо шудаанд. Соли 1987-ум мушохида кард, маълум намуданд, ки суръати васеъшавии он дар як сол (дар Антарктида) ба 4% баробар аст. Тадкикотхо нишон доданд (1969-1986), ки аз хама камшавии микдори озон дар минтакаи 53-64° арзи шимоли фасли зимистон ба чашм мерасад.
Хатари окибати вайроншавии кабати озони дар он аст, ки нурхои ултрабунафши барои организмхои зинда марговар ФУРУ бурда нашуда, ба болои сатхи замин бештар мерасанд.
Олимон тасдик мекунанд, ки сабаби асосии вайроншавии кабати озони пайвастагихои карбонхлорфтордор (фреонхо) мебошанд, ки дар сохахои гуногуни маиши ва истехсолй васеъ (дар намуди аэрозолхо, хафхосилкунандахо, халкунандахо ва гайра). истифода мешаванд. Соли 1990 истехсоли чахонии фреонхо ба 1 миллиону 300 хаз. т расид. Карбонхлорфтор (CFCh- фреони-11, CF2CI2- фреони-12) ба атмосфера афтида, дар стратосфера дар зери таъсири нури рушноии офтоб тачзия шуда, атоми хлорашон чудо мешавад, ки минбаъд дар
мубаддалшавии озон | ба оксигени молекулави иштирок |
мекунад. | .М |
СГСЦ —1±+С1 + СГС12 | |
СГ2С12-^-+С1 + СГ2С1 | |
с/+-> с/о+ц | |
сю+О -> С1+о2 |