Главная / Илм / Бозори омилхои истехсолот: хусусият ва вазифахои он

Бозори омилхои истехсолот: хусусият ва вазифахои он

Захирахои дар истехсоли мол ва хизматрасони иштироккунандаро омилхои истехсолот меноманд. Дар илми иктисоди чор гурухи омилхои асосии истехсолотро чудо мекунанд:

  • захирахои инсони (мехнат);
  • захирахои табии (замин);
  • сармоя;
  • фаъолияти сохибкори.

Хар яки аз ин омилхо дар низоми иктисоди мавкеи худро дорад ва вазифахои муайянро ичро менамояд.

Захирахои инсони – (ё ки кувваи коргарй, мехнат) коби лияти инсон дар хар як фаъолияти зехни ва чисмони мебошад, ки барои ба даст овардани неъматхо равона карда шудааст. Нархи мехнат хамчун музди кор баромад мекунад.

images

Захирахои табии – неъматхои табиие мебошанд, ки дар мавриди ба вучуд овардани мол ва хизматрасони истифода бурда мешаванд. Дар илми иктисоди вакте, ки сухан дар бораи захирахои табии хамчун омили истехсолот меравад бисёртар мафхуми «замин»-ро истифода мебаранд. Нархи истифодаи замин рента мебошад.

Сармоя – ин захирахои истехсолии бавучудовардаи одамон (мошина, иншоот, компютер, рохи охан ва г.) мебошанд, ки барои баланд бардоштани хосилнокии мехнат истифода бурда мешаванд. Зери мафхуми сармоя инчунин пулро мефахманд, ки ба он омилхои чисмонии истехсолот харида мешаванд. Музди истифодбарии чунин пул, ё ки сармояи пули фоиз мебошад.

Фаъолияти сохибкори – ин мачмуи саъю кушишхои мехнати махсус: малакахои идоракуни ва ташкилотчиги мебошад, ки ба фирмахо барои истехсоли мол ва хазматрасони заруранд. Вазифаи сохибкор – бо тарзи самаранок ва сарфакорона бо хамдигар пайваст намудани се омили дар боло номбаршуда мебошад. Дар мавриди муваффакият ба даст овардан сохибкор фоида мегирад, дар холати нокоми – зарар мебинад. Фоидаи фаъолияти сохибкори – ин подош барои омили сохибкори мебошад.

Бозори захирахо унсури мухимтарини таркибии иктисоди бозори дониста мешавад. Сатхи самаранок амал кардани бозори захирахо аз окилона истифода бурдани онхо вобаста аст. Пас устувори ва мувозинатии иктисодиёт, натичаоварии кори фирмахо ва сохибкорон бо амал кардани бозори захирахо алокаманд аст.

Аз чадвали гирдгардиши бозори (ниг. ба боби 5; накшаи 5.1) маълум аст, ки фирма дар бозори мол ва хизматрасони хамчун таъминкунанда, дар бозори захирахо бошад, хамчун харидор баромад мекунад. Таъминкунандагони захирахо асо- сан хочагихои хонаги мебошанд. Дигар фирмахо низ ба ин сифат баромад карда метавонанд. Баъзе молхоро сохибкорон танхо ба сохибкорони дигар мефурушанд: ашёи хом, маводхо, сузишвори ва гайра, ки онхоро инчунин махсулоти мобайни хам меноманд. Махсулоти тайёркардашудаи нихои ба истеъмолкунандагон фурухта мешавад. Хочагихои хонаги ба бозор пеш аз хама захираи асоси мехнатро пешкаш менамоянд.

Бозори омилхои истехсолот даромадхоро ба вучуд меоварад, ки ба хосилнокии хар як омил мувофик аст. Вобаста аз холати бозори омилхо фирма масъалахои: чи, чи тавр ва чи кадар? истехсол карданро хал менамояд.

Бозори омилхои истехсолот ва бозори молу хизматрасони аз хамдигар фарк мекунанд. Фарки ин ду намуди бозор, пеш аз хама, дар он дида мешавад, ки дар бозори мол ва хизматрасони махсулоти барои истифодабарии нихои тайёр, дар бозори захирахо – шароити истехсолот хариду фуруш карда мешаванд. Чунин фаркиятро ба таври зайл ифода намудан мумкин аст:

  • мол (махсулоти тайёр) дар чараёни истеъмолот. захира бошад – дар раванди истехсолот истифода бурда мешавад;
  • микдор ва сифати муайяни захира шароити истехсолотро ба вучуд меоварад, мол ва хизматрасони бошад – натичаи истехсолотро.

Бозори захирахо боз як катор хусусиятхои дигари хос дорад. Якум. истифодаи захирахо хислати истехсоли дошта, пас харидорони захирахо танхо сохибкорон, фирмахо (субъектхои хочагидорй) шуда метавонанд. Дуюм. нархи захирахо аксаран аз руи таносуби талабот ва таклифот ба мол муайян карда мешавад. Сеюм. дар тахлили бозори захирахо коидаи асосии иктисодиёт: «минимуми харочот ва максимуми натича» фаъолона амал мекунад. Зеро аз риоя кардани ин коида даромади сохибкорон вобаста аст. Чорум. талабот ба захирахо хислати махсули дорад ва бевосита аз талабот ба махсулоти та вассути онхо тайёркардашуда вобаста аст. Панчум, талабот ба захирахо на танхо аз нархи онхо, балки боз аз дарачаи хосилнокии захирахо вобаста аст. Масалан, талабот ба дастгохи пурмахсул нисбат ба дастгохи хисилнокиаш паст зиёдтар аст.

Мачмуи бозорхои захирахо дар иктисодиёт вазифахои зеринро ичро мекунанд: якум, ба самараноктар истехсол намудани мол ва хизматрасони мусоидат менамоянд; дуюм, дар баробари зиёд намудани истехсоли мол ва хизматрасони мусоидат мекунад, ки хакки захирахои иктисоди афзояд Хакди захирахо даромади асосии моликонро зиёд менамояд.

Хусусияти бозори захирахо тавассути конуниятхои ба худ хоси талаботу таклифот амали мегардад. Талабот ба захирахо махсули (вобастаги) буда, аз талабот ба махсулоти бо истифодаи захирахо истехсол шуда, манша мегирад. Яъне захирахо талаботро мустакиман не, балки тавассути махсулоти тайёр конеъ мекунанд. Пас, тагйирёбии талабот ба захирахо низ андозаи махсули аст: пеш аз хама аз тагйирёбии талабот ба махсулоти тайёр вобаста мебошад.

Талабот ба захирахоро бизнес муайян мекунад. Микёси захирахо на факат аз нархашон, балки боз аз хачми фуруши он молхое, ки тавассути ин захирахо истехсол шудаанд, вобаста аст. Агар ба мол талабот набошад, талабот ба захирахо низ намешавад. Аз сабаби вобаста будани талабот ба захирахо аз талабот ба махсулоте, ки тавассути онхо тавлид гардидааст, тавсифи махсули дорад.

Ба харакати талабот ба захирахо хосилнокии мехнат хам таъсир мерасонад: агар афзояд, захирахо бисёртар талаб карда мешаванд. Хар як вохиди иловагии захирахо афзоиши махсулот – махсулоти интихои (дар ифодаи пулиаш – даромади интихои)-ро таъмин мекунад. Дар баробари ин захирахои иловаги афзудани харочотро – харочоти интихоиро талаб мекунад. Вале фирмахо кушиш мекунанд, ки харочоти истехсолотро кам кунанд. Барои хамин онхо захирахоро то он вакте зиёд менамоянд, ки даромади интихои аз афзоиши он бо харочоти баробар мешавад. Агар даромади интихои аз Харочоти зиёд шавад, талабот ба захирахо меафзояд. Дар акси хол – талабот ба захирахо кам мешавад.

Таклифоти захирахои иктисодиро хочагихои хонаги ба чо меоранд. Алалхусус, мехнатро ба кирокунанда бевосита шахсони алохида – кирошавандахо пешкаш менамоянд. Микёси таклифоти захирахо аз нарх ва даромаде, ки моликони онхо (захирахо) гирифта метавонанд, вобаста аст.

Аз он сабаб, ки захирахо хариду фуруш карда мешаванд, онхо нарх доранд. Масъалаи нархгузори дар вакти омухтани бозори захирахо нуктаи маркази ба хисоб меравад. Зеро нархи захирахо омили асосии ба даромади пули моликони он (музди кор, фоиз, рента, фоидаи сохибкорй) таъсиррасонанда аст. Нархгузори ба захирахо хусусиятхои тамоми бозорхои омилхои истехсолотро ифода мекунад.

Нархи захирахо чун дар хамагуна бозорхо аз талаботу таклифот вобаста аст. Таклифоти захирахо алокаи мустакими байни нарх ва хачми хакики мавчуд будани онхоро ифода мекунад. Талабот ба захирахо алокаи баръаксро байни нарх ва хачми захирахо ифода мекунад. Агар нархи захирахо баланд шавад, сохибкор ё онхоро дар микёси кам мехарад, ё ки онхоро бо захирахои нисбатан арзон иваз мекунад.

Талабот ва таклифоти омилхои истехсолот тавсифи микдори ва арзиши доранд. Тавсифи микдори микдор ва микёси кормандон, мошина, замин ва гайра ро муайян мекунад, ки дар бозор харида (микдори талабот) ва фурухта (микёси таклифот) мешавад. Тавсифи арзишиаш нархе мебошад, ки бо он вохиди захираи мазкур эхтимол фурухта шавад (нархи таклифот) ё ки харида шудааст (нархи талабот). Нархи талабот ба захирахо асоси харочоти истехсолкунандаро ташкил медихад, нархи таклифот бошад, андозаи даромади истеъмолкунандаро тасвир менамояд. Маълум аст, ки хам тавсифи арзиши ва хам тавсифи микдори дар як вакт нишодихандахои талабот ва таклифот мебошанд. Масалан, микдори шуглварзидагон ва музди кор барои корфармо мутаносибан андоза ва нархи талабот ба мехнат, барои кироягар – андоза ва нархи таклифоти мехнат мебошад. Барои хар як намуди захира нарх ва андозаи он ифодаи аник дорад.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …