Главная / Гуногун / Бозор ва хусусиятхои он, унсурхои асосии бозор

Бозор ва хусусиятхои он, унсурхои асосии бозор

Чандири ва конуни талабот

Мафхумхои асосии низоми иктисоди бозори талабот ва таклифот мебошанд. Харидорон ба молхо талабот доранд, фурушандагон бошанд, молхоро пешниход мекунанд. Таъсири мутакобилаи харидорон ва фурушандагон дар бозор ба вукуъ меояд.

Хар як инсон ба ин ё он неъмат ниёз дорад. Агар ин неъматро истехсол карда натавонад, ё барояш харидани он бехтар бошад, ба бозор меравад. Бешубха, у бояд барои харид кардан маблаг дошта бошад, зеро дар бозор ягон чиз ройгон ба даст оварда намешавад. Дар ин маврид мо дар бозор на танхо ба масъалаи истеъмол, балки ба талабот низ дучор мешавем. Талабот инъикоси эхтиёчоти одамон ба ин ё он мол, хизматрасони мебошад.

Истилохи мазкур, аниктараш шакли пурраи он «пардохтпазирии талабот» аз чониби иктисодичии бузурги англис Томас Роберт Малтус (1766-1834) истифода гардидааст. У истилохи мазкурро дар доираи байни орзухои инсон барои сохиб шудан ба ягон неъмат ва имконияти хакикии ба даст овардани он мавриди истифода карор додааст.

Иктисодчии англис Адам Смит кайд карда буд: «Хатто инсони камбагал метавонад ба мафхуми том талабот ба орзуи калоне, ки ба аробаи аспи шашгона баста шудааст, дошта бошад ва хатто метавонад орзу намояд, ки онро дошта бошад; лекин талаботи у хеч гох дар хакикат, амали шуда наметавонад, зеро моли мазкур ба бозор махз барои конеъ гардонидани хохиши хамон инсон ворид намегардад».

Т. Малтус ин мафхумро то фахмиши нихои расонда кайд намуд, ки А. Смит мафхуми «талаботи хакики»-ро пардохтпазирии талабот номидааст. Хулосаи вай ба мо имкон медихад яке аз коидахои мухими хаёти иктисодиро аник муайян намоем: «Барои раванди иктисодиёт танхо он хохиши одамон ахамият дорад, ки бо маблаги пули таъмин бошад ва он дар хакикат, барои харид намудани як катор молхо кифояги намояд».

Талабот дар ин маврид вазъи бозорро нишон дода, микдори молу хизматхоеро ифода менамояд, ки истеъмолкунандагон эхтиёч доранд ва метавонанд онро бо нархи кобили кабул дар вакти муайян харидори намоянд.

Махз робитаи мазкурро расми 3.1. ифода намуда нишон медихад, ки агар нарх дар бозор хар кадаре паст бошад, хамон кадар харидор метавонад бештар харид намояд.

Ба бузургии талабот омилхои гуногуни иктисоди, ичтимои ва технологи таъсир мерасонанд. Лекин сарфи назар аз ин омилхо, барои харидор мухим аст, ки оё даромади вай имкон медихад, ки ин мол бо чунин хачми даромад харида шавад. Пас, талабот ба моли мушаххас аз нархи он ва хачми даромади барои истеъмол чудокардаи харидор вобаста аст.Бо ибораи дигар, микдори харидкуни ё чи тавре ки иктисодчиён мегуянд, бузургии талабот бевосита аз сатхи нарх вобаста мебошад. Бинобар ин, талабот на танхо эхтиёчот, балки имконпазирии хариди мол, эхтиёчоти бо пул таъминбудаи истеъмолкунанда мебошад.

Микдори молхое, ки харидорон мехаранд, хамеша аз нархи онхо вобаста аст. Аз ин чо талабот муносибати мутакобилаи байни нарх ва микдори моли харидоришаванда мебошад. Чи кадаре ки нарх баланд бошад, хамон кадар онро харидорон кам мехаранд ва баръакс, паст будани нарх хариди зиёди онро аз тарафи онхо хавасманд месозад. Ин вобастагии байни сатхи нарх ва микдори моли харидшавандаро метавонем дар расми 3.2 тасвир намоем.

Гузориши ракамхо дар график нишон медихад, ки дар нуктахои муайяни он тирхатчахои нарх ва бузургии талабот хамдигарро мебурранд. Дар сурати бо хам пайваст кардани ин нуктахои буриш качхатае пайдо мешавад, ки онро качхатаи талабот меноманд ва бо харфи D

r3-2-kajkhatta(харфи аввали калимаи англисии «demand» талабот) ифода мекунанд. Качхатаи талабот микдори талаботро дар бозори молхо тасвир намуда, вобастагии байни нархи молхо ва имконияти хачми хариди онро хангоми гуногун будани сатхи нарх ифода мекунад.

Качхатаи талабот имконият медихад, ки ба ду савол чавоб дихем: Бузургии талабот хангоми гуногун будани сатхи нарх чи кадар мешавад? Бузургии талабот хангоми кисман тагйир ёфтани сатхи нарх чи кадар тагйир меёбад?

Хар як нукта дар качхата бузургии талаботро ба мол (имконпазирии микдори харид) хангоми сатхи муайяни нарх ифода мекунад. Масалан, мутобикатии нуктаи координата (120; 750) онро ифода мекунад, ки хангоми сатхи нарх ба 750 вохиди пули баробар будан харидорон тайёр хастанд 120 вохид дучархаро харидори намоянд.

Качхатаи талабот имконпазирии хамаи бузургии талаботро дар бозор дар хамин лахза тасвир менамояд. Бинобар ин вакте ки мо вазъи умумии бозори молхои муайянро тасвир менамоем, истифода бурдани на танхо истилохи «бузургии талабот», балки истилохи «талабот» ба максад мувофик мегардад.

Ба чунин савол чавоб гардонидани сохиби магоза: «Хангоми нархи мол ба 10 сомони баробар будан дар як мох харидорон аз шумо чи кадар харид менамояд?» иттилоот оид ба БУЗУРГИИ ТАЛАБОТ мебошад.

Агар саволро ба тарзи дигар гузорем, яъне: «Хангоми гуногун будани сатхи нарх ба хамин мол дар як мох харидорон аз шумо чи кадар харид менамоянд?» чавоб ба ин савол хусусияти талаботи харидоронро дар бозори мазкур ифода менамояд.

Барои дуруст дарк намудани механизми алокамандии нарх ва хачми молхои фурухташуда маълумотхои дар чадвали 3.3. овардашударо (ин тарзи кабулгардидаи тартиб додани чадвал шкалаи талабот номида мешавад) дида мебароем. Ракамхои сутуни якум имконпазирии сатхи нарх ба дучархахоро нишон медиханд, сутуни дуюм бошад, шумораи дучархахоеро нишон медихад, ки харидорон тайёранд дар ин ё он сатхи нарх онро харид намоянд.

Хангоми нарх ба 3500 вохиди пули баробар гардидан дар бозор вазъияте ба вучуд меояд, ки истеъмол ба дучархахо вучуд дорад, лекин бузургии талабот ба сифр баробар мебошад. Сабаби ин бисёр оди аст: бо ин нарх ягон нафар аз харидорон моли мазкурро харидори кардан намехохад.

Бузургии талабот аз сифр дар он маврид боло меравад, ки сатхи нарх нисбатан паст гардад. Хангоми нарх 3000 вохиди пули гардидан харидорон омода хастанд 12 вохид дучархаро харид намоянд. Дар мисоли мо 20

Чадвали 3.3. Бузургии талабот ба дучархахо хангоми гуногун будани сатхи нарх

Нархи дучарха, вохиди пули Шумораи имконпазирии харид, вохид
3500 0
3000 12
2400 27
2000 38
1650 50
1300 66
1000 88
750 120
500 145

бузургии талабот хангоми нархи дучарха ба 500 вохиди пули баробар гардидан аз хама бештар мегардад (150 вохид).

Аз ин чо дарк кардан мумкин аст, ки хангоми пастшавии нарх, мисол аз 2400 то 2000 вохиди пули ба хар як фоизи пастшавии сатхи нарх афзоиши талабот ба 2,04% рост меояд. Лекин хангоми пастшавии нарх аз 1000 то 750 вохиди пули таъмин намудани афзоиши шумораи харидорон баробари як фоиз паст шудани нарх хамаги ба 1,46% рост меояду халос. Ба ибораи дигар гуем, бузургии талабот дар ин мисол ба тагйирёбии нарх таъсири гуногун дорад.

Вазъи талабот ба молхо дар бозор ба назардошти таъсири омилхои гуногун метавонад хархела бошад. Хассосияти талабот зери таъсири ин омилхо микдоран ченшаванда аст ва онро бо коэффисиенти чандири хисоб мекунанд. Мафхуми чандирии талабот раванди мутобикшавии бозорро ба тагйироти омилхои (нархи мол, нархи молхои дигар, даромади истеъмолгарон ва гайра) муайянкунандаи талабот нишон медихад. Маъмултарин коэффитсиенти чандирии талабот чандирии талабот вобаста ба нарх мебошад.

Коэффитсиенти чандирии талабот тагйирёбии фоизии як тагйирёбандаро дар натичаи 1-% тагйир ёфтани тагйирёбандаи дигар нишон дода, бо истифода аз формулаи зерин хисоб карда мешавад.

ed A: AP _AQ h P
p Q P AP Q’

Дар ин чо ed коэффитсиенти чандирии талабот аз руи нарх, Р HaPxu ибтидои, талаботи ибтидои, AQ тагйирёбии талабот, AP тагйирёбии нарх.

Коэффитсиенти чандирии талабот аз нарх, вобастагии хачми хариди молро (Q) аз тагйироти нархи бозор (Р) нишон медихад.

Ба дарачаи чандирии талабот дар баробари нарх боз як катор омилхои дигар, ба монанди мавчудияти молхои хамдигарро ивазкунанда (масалан, чой ва кахва), хачми даромади истеъмолкунанда, сифати мол, интизории истеъмолкунанда ва гайра таъсир мерасонанд.

Одатан дарачаи баланди чандирии талабот хоси молхои хамдигарро ивазкунанда мебошад.

Ба чандирии талабот имконоти дастрасии мол низ таъсири калон мерасонад. Махдудияти дастрасии мол боиси пастшавии чандирии талабот ба он мегардад.

Хам дар расм ва хам дар мисол вобастагии байни нарх ва бузургии талабот чунин омадааст, ки сатхи нисбатан баланди нарх ба камшавии хачми харид овардааст.

Дар ин вобастаги мо робитаи сабабиву натичавии устувор ва такроршавандаро мушохида мекунем. Дар иртибот бо ин хулоса кардан мумкин, ки ин чо конуни иктисодие чой дорад, ки дар адабиёти илми онро конуни талабот меноманд. Мазмуни ин конун аз он иборат аст, ки агар нархи мол баланд шавад, дар сурати бе тагйир мондани шароитхои дигари бозор, талабот ба ин мол кам мешавад. Агар ба бозор воридоти мол зиёд гардад, пастшавии нархи он ва афзоиши талабот ба миён меояд. Ба ифодаи дигар, бузургии талабот ба сатхи нарх дар мутаносибии чаппа карор дорад.

КОНУНИ ТАЛАБОТ микдори молхое мебошад, ки харидорон имконияти дар бозор харидори карданро доранд ва он аз сатхи нарх вобастагии баръакс дорад, яъне афзоиши нарх одатан ба камшави ва пастшавии нарх ба афзоиши бузургии талабот меорад.

Ба сабаби он ки вазъи бозор тагйирёбанда аст, талабот низ бетагйир шуда наметавонад. Аз ин чо бояд мафхумхои тагйироти бузургии талабот ва тагйири талабот аз хамдигар фарк карда шаванд.

Бузургии талабот вакте тагйир меёбад, ки агар танхо нархи мол тагйир ёбад. Ин холатро мо дар харакат «болои качхатаи талабот» дар расми 3.2 мушохида мекунем ва онро холатхои Qd1, Qd2, Qd3 дар качхата нишон медихад. Тагйироти нарх аз нуктаи 500 вохиди пули то ба 3500 вохиди пули дар холати бетагйир будани омилхои дигар нишон медихад, ки харакат дар качхатаи талабот ба тарафи поён ва рост ба вучуд омада, афзоиши хариди мол аз Qd1 то ба Qd3 … ба амал меояд.

Тагйирёбии талабот бошад, зери таъсири омилхои гайринархи ба амал меояд. Омилхои гайринархии ба талабот таъсиркунанда гуногунанд. Дар катори онхо тагйирёбии даромади харидорон, тагйирёбии микдори харидорон дар бозор, тагйир ёфтани нархи молхои хамдигарро ивазкунанда, интизории тагйирёбии нарх ва ё даромадхо, тагйироти 22 шумораи ахоли, дигаргуншавии табъу завки истеъмолкунандагонро чудо кардан мумкин аст.

Ба тагйир ёфтани даромад, дар интихоби истеъмоли дигаргуни ба амал меояд. Афзоиши даромади ахоли боиси зиёдшавии талабот ба молхо мегардад. Камшавии даромад холати баръаксро ба вучуд меорад.

Тагйирёбии микдори харидорон дар бозор низ боиси тагйирёбии талабот мешавад. Аз сабаби он ки талаботи бозори ба хосили чамъи истеъмоли фардхои алохида баробар аст, афзоиши микдори онхо боиси зиёдшавии талабот мегардад.

Нархи молхои хамдигарро ивазкунанда метавонанд боиси тагйирёбии талабот гардад. Молхои хамдигарро ивазкунанда молхое мебошанд, ки талаботи якхеларо конеъ месозанд ва истехсолкунандагон (фурушандагон)-и онхо барои харидорон байни худ ракобат мекунанд. Афзоиши нархи яке аз онхо боиси афзоиши талабот ба намуди дигари он мегардад (мисол, афзоиши нархи равгани пахта боиси афзоиши талабот ба маргарин мегардад). Хамчунон молхои хамдигарро пурракунанда низ ба талабот таъсир расонида метавонанд. Молхои хамдигарро пуркунанда молхое мебошанд, ки дар якчояги бо молхои дигар истифода мешаванд (масалан, видеомагнитофон ва фита, автомобил ва бензин ва гайра). Афзоиши нархи яке аз молхои хамдигарро пуркунанда боиси камшавии талабот ба моли дигар мегардад.

Интизории тагйироти даромад ва нарххо яке аз омилхои мухими ба талабот таъсиркунанда ба хисоб меравад. Масалан, интизории афзоиши нарххо боиси афзоиши талабот мегардад.

Дигаргуншавии табъу завки харидорон низ сабаби тагйир ёфтани талабот, бахусус, ба молхои нав зиёд гардида, хариди молхои аз мудрафтаро махдуд мегардонад.

Инчунин кобед

МОЛИКИЯ

Моликия ки пайравони Имом Молик ибни Анас ал-Асбахи (732-795) буда, дар нимчазираи Арабистон ба вучуд …