Чумлаи пайрави тарзи амал дар таркиби чумлахои мураккаби тобеъ чи тарз вокеъ гардидани амали сарчумларо шарх медихад. Чумлаи пайрави тарзи амал ба сарчумла бо ёрии пайвандакхои ба тарзе ки, ба тавре ки, дар холате ки, бе он ки, ба тартибе ки, чунон ки, гуё ки, мисли он ки тобеъ мешавад: Вай ба руйи мехмонон зурбазураки табассум мекард, ба тавре ки уро дида рахми кас меомад. (С.У.) Ба хамин тарика, хамаи чубхо, бе он ки ба пойи халифа озоре расонанд, шикаста пора шуда ба замин афтодаанд. (С.А.)
Чумлаи пайрави тарзи амал хам бар эзохи калимахои хамнисбати сарчумла, аз кабили чунон, тавре, тарзе, ба тавре, ба тарзе низ омада метавонад. Даря баргашта омад ва боз дар ру ба руйи Холи Вохури нишаста, ба у тарзе нигох кард, ки ба шунидани хикояаш тайёр будани худро фахмонад. (Р.Ч.)
Чумлаи пайрави тарзи амал дар таркиби чумлаи мураккаби тобеъ бештар дар байн ё пас аз сарчумла чой мегирад. Хомидхоча, бе он ки овоз барорад, аз дасти ман гирифта ишорат кард. (С.А.) У, дар холате ки ота- ши хашми чашмонаш аз аввали хам зиёдтар гардида буд, ба ман нигох карда аз чояш хест. (С.А.) Об ба тарзе баста шуд, ки як чакрааш хам аз замин бозпас наме- гашт. (С.А.)
- Бо чанД пайванДаки чумлаи пайрави тарзи амал интихобан чумла созеД.
- Чумлахои мураккаби тобеъ тартиб ДихеД, ки чумлаи пайрави тарзи амал Дар аввал, мобайн ва охири сарчумла омаДа бошаД.
- 112 Аз ягон асари баДеи 5 чумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави тарзи амал ёфта, ба дафтаратон нависед ва дар шакли нахша нишон ДихеД.
Намуна: Ба якдигар ба тарзе нигох мекарданд, ки маъ- нии он ба хар ду фахмо буд.ГР. Ч.)
ба тарзе
V 113. Ин цумлахои мураккаби тобеъ бо пайрави тарзи амалро ба Дафтаратон навишта, сарцумлаю чумлаи пайрав- ро бо аломатхои шарти ишора кунеД. Вазифаи пайванДакхоро шарх ДихеД. ГуеД, ки ин пайванДакхо аз цихати сохт чи хе- ланД ва ба имлои онхо Диккат ДихеД:
- Чалол, гуё ки ба гарданаш ресмон андохта, ба зур мекашида бошанд, пойхояш ба мисли сурб вазнин, хохам- нахохам ба суйи аспи худ рафт.
- Вай муддате гуё ба хаёл рафта, чи тавре ки менишаст, хамон тавр холаташро тагйир надода, нихоят ришашро хилол кард.
- Усмон Азиз аз погундахои чубин баромада, дар холате ки дилаш аз гояти хаячон сахт метапид, охиста дари болохонаро кушод.
- Садояш чунон дахшатнок буд, ки гуё кадом деви сиёх ду кухро дар ду дасташ бози доронда, бо газаб ба хам мекуфт.
- У дар равшании барк як чондори бадхайбатро дида, дар холате ки аз зури дахшат чи кор карданашро намедо- нист, беихтиёр пичиррос зад. (С.Т.)