Шахрхои нахустин дар асрхои IV-II пеш аз мелод дар Шарки Наздик, Хиндустон ва Чин пайдо шудаанд ва шумораи ахолиашон то ба 100-250 хазор нафар мерасид.
Минбаъд инкишофи шахрхо ба давраи Юнону Рум (асри IV то милод – асри IV-и милодй) вобаста буданд. Афина дар солхои шукуфоиаш то 200 хазор ахолй дошт, дар Рум бошад то 500700 хазор ахоли зиндаги мекард. Константинопол хам такрибан хамон кадар ахоли дошт. Дар асрхои миёна (соли 1400) шахрхои калонтарини Аврупо Париж (270 хазор нафар), Милан ва Брюгге (125 хазор нафари), Венетсия (110 хазор нафар), Генуя ва Гренада (100 хазор нафари), Прага (95 хазор нафар), Флоренсия (61 хазор нафар), Лондон (45 хазор нафар), Псков (35 хазор нафар), Маскав (30 хазор нафар) ба шумор мерафтанд. Дар Осиё шахрхои Нанкин (470 хазор нафар), Вичаванагар (Хиндустон, 350 хазор нафар), Пекин (320 хазор нафар), Киото (200 хазор нафар), Самарканд (100 хазор нафар) ахоли доштанд. Дар Африко шахри Кохира дорои 450 хазор ахоли буд.
ЧаДвали 20
Чараёни инкишофи ахолии шахрии чахон
нишондиханда | 1950 | 1970 | 1990 | 1995 | 2000 | 2010 |
шумораи ахолии шахри, миллион нафар | 738 | 1 353 | 2 277 | 2 585 | 2 926 | 3510 |
хиссаи ахолии шахри, дарсад | 29,2 | 36,6 | 43,1 | 45,2 | 47,5 | 50,5 |
суръати миёнаи солонаи афзоиш, дарсад | 3,2 | 2,6 | 2,6 | 2,5 | 2,7 | 1,1 |
шумораи шахрхои калон (зиёда аз 500 хазор нафар) | 185 | 340 | 645 | 663 | 804 | 893 |
шумораи агломератсияхо бо ахоли, млн. нафар:
аз 1 то 5 млн. нафар |
75 | 144 | 249 | 287 | 348 | 356 |
аз 5 то 10 млн. нафар | 7 | 18 | 21 | 23 | 23 | 24 |
зиёда аз 10 млн. нафар | 1 | 3 | 12 | 15 | 16 | 17 |
хамаги | 83 | 165 | 282 | 325 | 387 | 397 |
Аксарияти шахрхои муосир дар даврони индустриализатсия ба вучуд омадаанд. Дар аввали асри XIX Лондон бо ахолии 865 хазор нафар калонтарин шахри чахон хисобида мешуд. Дар он замон Париж 550 хазор нафар ахоли дошт. Неапол – 430, Петер- 154
бург – 330, Маскав – 250, Лиссабон – 240, Вена – 230, Амстердам – 200 хазор ахолй доштанд. Дар Осиё Пекин ва Кантон-800 хазорй, Константинопол – 570, Эдо (Токио) – 490, Осака ва Киото – 380 хазори ахоли доштанд.
Аз соли 1800 то соли 1900 афзоиши умумии ахолии чахон 1,7 баробар буд, афзоиши ахолии шахри 4,4 маротибаро ташкил медод ва микёси калон пайдо мекард.
Аз хама босуръаттар ахолии шахрхои Аврупо ва Амрикои Шимоли афзоиш меёфтанд. Дар аввали асри бист Ню-Йорк ба калонтарин шахр табдил ёфт, дар бисту панч соли охир Токио аз он пеш гузашт. Хамаги дар нимаи дуюми асри ХХ шумораи ахолии шахрии чахон зиёда аз 3,1 баробар афзуд. Хисоб кардаанд, ки дар солхои навадуми асри ХХ шумораи шахриён 61 миллион нафар зиёд шудааст (ахолии дехот – 25 миллион нафар). Афзоиши аз хама зиёди шахриён дар мамлакатхои тараккикунанда мушохида мешавад, ки хиссаи хеле зиёди шахриёнро дар шумораи умумии ахолии давлатхои чавон нишон медихад. Холо дар мамлакатхои тараккикунанда аз се ду хиссаи ахолии шахри зиндаги мекунад (расми 52).
Расми 52. Хиссаи ахолии шахри Дар мамлакатхои чахон. Номи мамлакатхоеро, ки шумораи ахолии шахр Дар онхо нихоят зиёД ва нихоят кам аст, аз харита муайян карДа, бигуеД ки ин мамлакатхо Дар хуДуДи каДом китъахои олам чойгиранД?
Дар бисёре аз давлатхои чавон ба сабаби аз хад зиёд сокин шудани ахолии дехот дар шахрхо талаботи зиндагии одамон конеъ гардонида намешавад. Аксарияти ин гуна мардум дар махалхои ноободи шахр (биДонвили дар кишвархои фаронсавизабони Африко, фавел дар Бразилия, гечеконДу дар Туркия, кампунги дар Индонезия) зиндаги мекунанд. Дар ин холат дар байни шумораи расмии ахолии шахри ва тарзи хаёти шахри шуморидани зиндагии мардумони махалхои нообод фаркият пайдо мешавад, бинобар ин кисмате аз ин мардум шахрнишин хисобида намешаванд. Ин падида номи «шахрикунонии дуругин»-ро гирифтааст. Ин холат дар мукоиса бо Аврупо ва Амрикои Шимоли хусусиятхои ба худ хосси чараёни урбанизатсия дар мамлакатхои тараккикунандаро нишон медихад.