Аз вакти таваллуд шудани организм ё аз парда берун шудан, давраи чанини ба охир расида, давраи инкишофи баъдичанини огоз меёбад. Давраи баъдичанини пурра ва нопурра мешавад. Дар давраи инкишофи пурраи чанин аз тухм ё батни модар орга- низме пайдо мешавад, ки хамаи узв ва хосиятхои фарди болигро дорад (масалан, дар хазандагон, парандагон, ширхурон). Инки- шофи баъдичанинии ин гуна хайвонот асосан сабзиш ва ба ба- логат расидан аст. Дар инкишофи нопурра ё метаморфози аз тухм кирмина пайдо шуда, он сохти нисбатан сода ва узвхои махсусе дорад, ки дар холати болиги дида намешавад. Кирмина инкишоф ёфта, тадричан узвхои кирминагии он ба узвхои организми болиг мубаддал мегарданд.
Хамин тарик, дар метаморфоз узвхои кирминаги аз байн раф- та, узвхои ба хайвони калон хос пайдо мешаванд. Акнун чанд ми- соли инкишофи нопурраи баъдичаниниро дида мебароем.
Дар астсидия (аз навъи хордадорон) кирмина пайдо мешавад, ки дорои хамаи хусусиятхои асосии хордадорон аст: хорда, най- чаи асаб, сурохи галсама. Кирминахо озодона шино карда, баъд ба ягон чисми зериоби мечаспанд ва метаморфозро аз сар мегузаронанд. Дар ин вакт дум нест шуда, хорда, мушакхо, найчахои асаб ба хучайрахои алохида чудо мегарданд ва дучори фагоситоз мешаванд.
Метаморфоз дар астсидия:
А – кирминаи шинокунанда
Б – кирминаи ба модда часпида;
В – астсидияи болиг,
1 – хорда, 2 – найчаи асаб,
- – чавфи галсама.
Аз силсилаи асаби кирмина факат он хучайрахое боки мемо- нанд, ки аз онхо гиреххои асаб пайдо мешаванд. Сохти бадани астсидияи болиг, ки дар холати часпида хаёт ба сар мебарад, ба сохти организми хайвоноти мухрадор монанди надорад. Факат донистани хусусиятхои онтогенез имкон медиханд, ки чойи онро дар системахои олами хайвонот муайян созанд. Сохти кирминаи онхо нишон медихад, ки пайдоиши ин мавчудот аз хордадорхо буда, озодона хаёт ба сар мебаранд. Дар рафти метаморфоз аст- сидия ба хаёти бехаракат мегузарад, бинобар ин, сохти он сода гаштааст.
Кирминаи обхокихо кафлесак буда, барои он чавфи галсама, хатти пахлуги, дили духонаги ва як гардиши хун хос аст. Дар рафти метаморфоз, ки зери таъсири гадудхои сипаршакл ба амал меояд, дум ва хатти пахлуи нест шуда, пойхо пайдо меша- ванд, шушу гардиши дуюми хун инкишоф меёбанд.
Дар ин маврид баъзе хосиятхои монанд ба кафлесак ва мохи- ён ба назар мерасанд (хатти пахлуи, сохти дил ва гардиши хун, чавфи галсама). Мисоли дигари метаморфоз инкишофи хашарот мебошад. Кирминаи шабпаракхо ё кирминаи сузанак вобаста ба сохт, тарзи хаёт ва чойи зист аз чонвари болиги худ фарк мекунад. Бояд гуфт, ки метаморфоз бо тагйир ёфтани тарзи хаёт ва мухити зист сахт алокаманд аст.
Ахамияти метаморфоз аз он иборат аст, ки кирмина мустакил гизо гирифта, калон мешавад ва маводди хучайрагиро чамъ ме- кунад. Ин барои ташаккули узвхои доимии чонвари калон лози- манд.
Гайр аз ин, озод зиндаги кардани кирминахо, ки ба ягон мавод мечаспанд ё холати паразитиро аз сар мегузаронанд, ба- рои пахншавии намуд ва густариши ареали зисти онхо мухим аст. Тагйирёбии тарзи хаёт ва мухити зист дар рафти инкишо- фи фарди, ки зимни он давраи кирминагии баъзе хайвонот дар мухити тамоман дигар мегузарад ва манбаи гизои дигар доранд, нисбат ба фардхои калон суръати муборизаи дохилинамудиро ба- рои сукунат паст мекунад.
Давомоти давраи инкишофи баъдичанини гуногун аст. Маса- лан, агар хашароти якруза дар холати кирминаги 2-3 сол зиндаги кунанд, дар холати болиги аз 2-3 соат то 2-3 руз умр мебинанд.
Дар бисёр холатхо давраи баъдичанини нисбатан дароз да- вом меёбад. Он дар одам то давраи балогатро дар бар мегирад. Давраи ба балогат расидани одамро давраи камолот хам мено- манд. Давраи баъди балогат давраи пиронсоли аст.
Инкишофи баъдичанини ба бузург шудани хачми организм оварда мерасонад. Ин давраро инкишоф меноманд. Инкишоф ду тарз – номуайян ва муайян мешавад.Дар ширхурон ва одам идомаи хаёт ба давомоти давраи ба- логат (чинси) ва хамл вобаста аст, вале давомоти хаёт нисбат ба давраи болигшави дар онтогенез 5-8 маротиба мебошад .
Инкишофи номуайян дар тамоми тули хаёт давом карда, ин- кишофи муайян фосилаи муайяни вактро дар бар мегирад. Инки- шофи номуайян дар дарахтон, баъзе нармбаданхо, мухрадорон, мохиён ва хояндагон дида мешавад.
Дар бисёр хайвонот инкишофи чинси баъди ба балогат раси- дан хотима меёбад. Дар одам сабзиш ва инкишоф то 20 – 25 со- лаги давом мекунад. Дар пиронсоли чисми одам тадричан хурд шуда, фаъолияти гадудхои усораи дохили (эндокрини) тагйир меёбад, гаметогенез катъ гашта, равандхои физиологи суст меша- ванд. Хамин тавр, инкишофи баъдичанини ба сабзиш, балогат ва афзоиш оварда мерасонад.
Дар бисёр чонварони сохташон сода давраи афзоиш аз кир- минаги огоз ёфта, бо метаморфоз ба охир мерасад.
Саволхо барои санчиш:
- Инкишофи баъдичанини чи гуна аст?
- Инкишофи пурра ва нопурраи баъдичанини чист?
- Доир ба сохти кирминаги мисол оред ва гуед, ки он хоси кадом чонвар аст.
- Инкишофи номуайян ва муайян чист? Мисолхо оред.
Истилохот:
- Давраи наслгузори – давраи онтогенези баъди балогати чинси, ки дар ин вакт худтакроршави мумкин аст.
- Инкишофи нопурра – тарзи инкишофи баъдичанини, ки кирмина аз пардаи тухм берун мешавад.
- Инкишофи пурра – тарзи инкишофи баъдичанини, ки хини аз тухм баромадан ё аз модар таваллуд шудан, наслхо хосият ва узвхои организ- ми калонро доранд.
- Метаморфоз – раванди ивазшавии узвхои кирминаги ба сохти фардхои болиг.
- Давраи то наслдихи – давраи инкишофи пеш аз наслдихиро аз сар гузаронидан, дар инкишофи нопурра давраи кирминаги ва дар инкишо- фи пурра бошад, даври кудакист.
- Давраи баъдичанини – давраи инкишоф аз вакти таваллуд (ё аз тухм баромадан) то давраи фавт.
Тестхо
- Инкишофи баъдичанини кай огоз мегардад?
а) баъди таваллуд шудан; б) баъди ба балогат расидан; в) аз навраси.
- Давраи баъдичанини чанд хел мешавад?
а) ду хел; б) се хел; в) як хел.
- Давраи баъдичанинии одам ба чанд даврачахо таксим мешавад?
а) ду; б) се; в) чор.
- Инкишофи пурраи баъди чанини ба кадоми ин организмхо хос аст? а) парандахо; б) хашарот; в) асидияхо.
- Инкишофи нопурра ба инхо хос аст?
а) шабпаракхо; б) мургхо; в) морхо.
- Метаморфоз чи ахамият дорад?
а) доираи гизогири мустакил; б) тарзи мубориза барои хаёт баланд мешавад; в) доираи зист паст мешавад.
- Инкишофи номуайян ба кадоми инхо хос аст?
а) дарахтон; б) одам; в) мург.
- Дар одам сабзиш ва инкишоф то чандсолаги давом мекунад?
а) 15-20; б) 20-25; в) 28-35.
- Синну соли ба балогат расидани одам чанд мох аст?
а) 120; б) 144; в) 184.
- Давомоти мухлати хамли шимпанзе чанд мох аст?
а) 6; б) 8; в) 9.