Чун бахс дар атрофи таълимот (доктрина)–и ислом бахси масоили динист, мо шиносоии онро аз баррасии мафхумхои асосии диёнат дар ислом ё худ бинои мусулмони (аркони дин) ва усули дин огоз мекунем.
Бояд гуфт, ки дар тахкикот ва адабиёти мазхабии исломи, чи дар гузашта ва чи имруз ба масъалаи муайян намудани мафхуми «дин» дар ислом камтар ахамият додаанд. Истилохи «дин» ва «ислом» дар Куръон ба кадом маъни омадааст, ислом чи гуна дин аст ва макоми он нисбат ба дигар динхо аз нигохи Куръон чи гуна аст? Ин саволхоест, ки кабл аз хама ба онхо бояд равшани андохт.
Дар Куръон мафхуми «аддин»[1], «аддинулхакк»[2], «аддинул-Лох»[3] ва «аддинул-кайам»[4] зиёд омадаст. «Дин» аз он мафхумхои асоси (калиди)-и Куръон аст ва чунонки исломшиноси жопуни дуктур Туши Хику Изу Тсу фармуда он аз пурихтилофтарин калимахо дар байни вожахои куръонист.[5]
Нахуст, бояд дид, ки маънои ин мафхум дар Куръон чист. Дуктур Туши Хику акида дорад, ки ин калима дар Куръон ба ду маъно омада: нахуст ба маънои «кеш ва ойин», яъне хамон дин ба маънои маъмулии имрузаи он ва дигар ба маънои «довар»- и, ки маънии аслии ибрии он аст.[6] Хамчунин баъзе мухаккикон калимаи «дин»-ро ба маънии кеш ва ойин иктибосшуда аз калимаи «дин» (бо ё-и мачхул)- и забони форсии миёна шуморидаанд.[7]
Ба эхтимоли кави «дин» дар Куръон ба чуз ин ду маънои асоси боз хадди акал як маънои дигар низ дорад ва он «конун» ва ё «дастур» аст. Масалан, дар ояти 28 сураи «ал-Фатх» ва ояти 9 аз сураи «ас-Сафф» метавон чунин маъниро истинбот кард. Аз чумлаи мутарчимон Мухаммад Бокири Бехбуди муаллифи «Маъонии Куръон» ибораи «динулхакк»-ро дар ин ду оят «конуни бархак»[8]ва Г.С. Саблюков бошад «вероустав» (дастури дини) тарчума кардаанд.[1]
Дар Куръон «ад-дин» хам ба мафхуми маъмули имрузаи худ, кеш ва ойин (ба хамон маънои калимаи лот. геНдю = религия) ва хам ба маънои «ойини бехин»-и чун дар зардушти ва «ахди илохи»-и ба маънии тавроти омадааст. Дар оятхои зерин таърифи дин (хамчун геНдю) аз дидгохи Куръон дода шудааст:
- «Хамоно дини (писандида) назди Худо (ойини) ислом (таслим) ва мутеъи конуни илохи будан аст» |К.3: 19.|[2]
- «Имруз дини шуморо ба хадди камол расондам ва бар шумо неъматамро тамом кардам ва бехтарин ойинро, ки ислом (таслим ва мутеъи конуни илохи) будан аст бароятон хамчун дин баргузидам»/К.5:3./
- «Хар кас гайр аз ислом дине ихтиёр кунад харгиз вай пазируфта нест» /К.3:85./
Дар оятхои зикршуда «дин» хамчун маънои итоат кардан, мутеъ буданро низ дорад ва дар якчояги ба «ислом» якдигарро пурра мекунанд. Ин матлаб он гох боз хам равшантар мегардад, ки мо оятхои дигари марбут ба хамин мавзуро барраси кунем. Масалан, дар чандин оятхои Куръон калимаи «дин» аз тарики истифодаи феъли
(бандавор парастидан, фармон бурдан) ва феъли амри « -итоат кунед» мушахасул маъни шудааст. [3]
«Эй мардум! Агар дар бораи дини Ман шак дореде, пас (бидонед ки Ман) касонеро, ки чуз Аллох мепарастед намепарастам, балки Аллохро мепарастам» / Юнус:104/.
«Бигу!Эй нобоварон! Ман он чиро шумо мепарастед намепарастам, ва низ шумо парастандагони чизе нестед, ки ман мепарастам ва на Ман парастандаи онам, ки шумо
мепарастед ва на шумо парастандагони чизе хастед, ки Ман мепарастам, дини шумо азони шумо ва дини Ман аз они ман» (сураи ал-Кофирун ояти. 1-6)
«Ман ба он фармон дорам, ки худоро бипарастам ва дини худро холис ва махз барои у карор дихам» ( Зумар: 14)
«Таркиби «дин» бо «ъабада» дар оёте, ки хам акнун гузашт,- мегуяд дуктур Туши Хику, – эхтимолан наметавонад иттифокии махз буда бошад. Бино бар ин фарз кардан мумкин аст, ки иртиботи дарунии кавие миёни ин ду тасаввур вучуд дошта аст».[1] Ва дар нихояти ин тафсири худ у хулоса мекунад, ки «Ин оёт аз Куръонро такрибан мумкин астхамчун таърифе бароикалимаи«дин» донист. ..»
Дар вокеъ уламои гузаштаи ислом чун Абдулкарим Шахристони, Али Мухаммад ал-Фахри ба хамин оятхои зикршуда хангоми таърифи дин ишора кардаанд.[1]
Далели дигар бар вучуди иртиботи кавии дарунии байни мафхумхои дин ва итоъат ва фармонбари оётест, ки дар онхо ба равшани ба итоъат амр ё ишора шудааст:
«Ва гуфтанд (фариштагон): мо (фармони худоро) шунидем ва итоат кардем, Парвардигоро, мо бахшоиши Туро мехохем ва медонем, ки бозгашти хама ба суи туст». / 2: 285/
«Бигу (фармони) Худо ва Расулро итоъат кунед ва агар аз онхо руй гардонед (кофир шавед) хамоно кофиронро Худо харгиз дуст нахохад дошт» / 3: 32/.
Ин аст ахком ва авомири Худо ва хар касе пайрави (итоъат) аз худову расули У намояд уро ба бихишт дароваранд / 4: 13/.
Эй ахли имон фармони Худо ва Расул ва фармондоронро аз худатон итоъат кунед… / 4: 59/.
«Худо ва Расулро итоъат кунед, агар ахли имон бошед.»/ 8: 1/
Хамин тавр барраси аз тарики маънишиноси бо мукоисаи калимаву истилохоти ба дин наздики куръони имконият медихад, натича гирем, ки маъонии мафхуми «дин» дар матни Куръон аз карори зайл аст:
- «ад–дин» ба маънии хос итоъат намудан, таслим шудан ё худ фармонбардори ва бандаги дар киболи Худованд аст буда, дар ин маврид муродифи мафхуми «ал– ислом» аст. Али Мухаммад Фахри низ дар тафсири маънои асосии дин ба хамин маънои он ишорат намуда мефармояд:
«.Хамоно маънои дин тоъат кардан ва ба кайд даромадан аст, Парвардигори таъоло мефармояд: «Хамоно дин назди Аллох ислом (таслим шудан) аст».[2]
Куръон огохона, чунонки дидем мафхумхои «тоъат»
фармонбардори, «ъубудият»-бандаги, «ислом» – таслим ва «дин»–ро ба якдигар пайванд медихад.
- «ад-Дин» ба маънии «довари» ва «чазо» низ хамон тавре, ки дар сураи «Фотиха» фармуда: «Молики явмид-дин» «Подшохи рузи довари (кайфари ва чазо) омадааст, ба хамин мазмун наздик «ад–дин» дар Куръон ба маънии «конун»-у «дастур»-и илохи, ки риоя кардан ва накардани он мунтахи ба довари ва чазо аст, ба кор рафта.[1]
- «ад–Дин» ба маънои ом, хамчун мачмуъи расму русум ва дастурот ва амру нахйи зохири чун Кейдюп – низ дар Куръон истифода шудааст.
Вале дин дар ислом ба маънии эътикод, ки дар забони руси (вера) хаст ба кор нарафта, ё хадди акал ин маъни чандон дар Куръон равшан нест. Мафхуми «вера»– и руси, эътикод дар Куръон истилохи хосе дорад, ки «ал–имон» аст. Аз решаи «имон» муъмин иштикок шуда, ки шахси ба дин эътикод дошта (рус. верующий)– ро ифода мекунад Ин ду калима («имон» ва «муъмин») низ аз калимахои калидии асосии Куръон аст.