Главная / Илм / Даврахои харакат ва манобеи ташаккули захирахои инвеститсионии корхонахо

Даврахои харакат ва манобеи ташаккули захирахои инвеститсионии корхонахо

Чараёни паи хам, доимй, устувор ва мунтазами ташкили раванди истехсолот, яъне ба хам пайваст намудани омилхои истехсолот, бо максади тавлид намудани неъматхову хадамот ва ба даст овардани фоида, чараёни такрористехсоли инфиродии корхонахоро ташкил медихад.

city-696x440Раванди доимию паихамтакроршавй ва нисбат ба хачми пештара афзояндаи доираи истехсолотро такрористехсоли васеъ меноманд. Дар охир, хислати хоси иктисоди бозори ва максади нихоии фаъолияти сохибкори мебошад.

Такрористехсоли васеъ дар шароити мавчуд будани:

а)  воситахои асосии иловаги;

б) воситахои иловагии гардон, кувваи коргарии иловаги ва захирахои иловагии инвеститсиони (сармоягузори) имконпазир мебошад.

Дар охир ба сифати сарчашмаи ташкил ва густариши такрористехсоли корхонахо хизмат мекунад.

Фондхои истехсоли бо воситаи хавзаи истехсолот ва хавзаи муомилот сурат гирифта, давраи пурраи харакати фондхои корхонахоро ташкил медихад.

Харакати фондхои корхона аз сармояи пули огоз ёфта ба максади дарёфти сармояи моли, омодасозии заминахои пешаки барои ташкили раванди истехсолот, яъне сармояи махсулдех истифода шуда, дар зинаи охирон ба сифати сармояи моли харакати фондхоро хотима дода, аз нав барои таъмини гардиши фондхо ба сармояи пули табдил ёфта, паи хам раванди тачдиди инфиродии корхонахоро сурат мебахшад.

Дар ин чода тахлил ва тадкики таркиби сармоя (фондхо, захирахо)-и корхона ва кисматхои асосии он: 1) сармояи асоси (замин, бино, иншоот, дастгох, мошину тачхизот, воситахои вогузор ва наклиёт), 2) сармояи гардон (ашё, сузишворй, кувваи барк, материалхо, нимфабрикатхо, истехсолоти нотамом) ахамияти махсус пайдо намуда, барои муайян кардани роххои инкишофи он ва баланд бардоштани самаранокию боздехи фондхо ва фондгунчоиш заминахои мустахкам мегузорад.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …