Главная / Чамъият / Дин ва парстишхои тоисломии аъроб

Дин ва парстишхои тоисломии аъроб

Барои дурусттар шинохтани ислом ва оятхои алохидаи Куръон, донистани вазъияти рухию мазхаби, гароишхо ва эътикодоти динии аъроби чохилия аз манфиат холи нест. Умуман хусусияти таърихнигории ислом он аст, ки худи муаррихини исломи низ хеле муфассал дар бораи вазъияти сиёси, дини,

суннатхо ва русуми аъроби чохилия, худоён ва ибодатгоххои онхо маълумот додаанд. Сарчашмаи хеле мухими акоиди мазхабии аъроби чохилия пеш аз хама худи Куръон ва аходиси набави мебошад. Хамчунин асархои муаррихон чун «Китобу-л-асном»-и Хишом Калби ва «Буюту-л-ибодат»-и Абдулхумори Балхи ва гайрахо мавчуданд.

Дини тоисломии арабхо асосан бисёрхудои буд. Онхо дар Куръон мушрик номида шудаанд. Ёдгорихои хаттие, ки дар Арабистони Чануби пайдо шудаанд, дар мавриди парастишхои кадимтари араб шаходат медиханд, аз чумла ситорапарасти: ибодати Мох- хамчун худои мард назар ба Офтоб-худои зан болотар меистад. Дар ин минтака нуфузи парастишхои бобули ва зардушти ошкор буд. Ба кавли А.Массэ худоёни аъроби давраи чохилия Ассор, Син, Накрух, худоёни бобули Иштар, Сина, Мадрукро ба ёд меоранд.[1] Баробари худомодар -ал-Лот (ё Илат) дар байни арабхои Хичоз инчунин худоён Вадд, Уззо, Хубал машхур буданд, ки дар Куръон (К. 71:22-23: 53:19-21[2]) аз онхо ёд шудааст. Агар ахбори сарчашмахои мусулмониро ба эътибор гирем, бутпарасти дар байни аъроб аз замони Нух а.с. ва баъдан дар замони Солех а.с. бо далолати Иблис шуруъ гардидааст. Мувофики маълумоти Мухаммад ал- Фахри, ки ба тафсири ал-Вохиди иснод карда аст, он панч бут – Вадд, Сувоъ, Ягус, Яъук ва Наср, ки дар Куръон омадаанд (К.71: 23) дар замони Солех машхур буданд. Аъроб ду навъ бут доштанд. Як навъро, ки аз чубу филиз сохта шуда буд, ки санам меномиданд ва навъи дигар, ки сангхои оддии бешакл буданд васан меномиданд. Дар замони Намруд ибни Канъон бутхонае буда, ки дар он навад 90-то бут гузошта буданд, ки Иброхим а.с. онхоро шикастааст.[3]

Мувофики маълумоти сарчашмахо аз чумла Ибни Хишом дар «Сират-ун-наби» ва сарчашмахои исломии дигар аввалин шахсе, ки дар хонаи Каъба бут /санам/-ро насб кардааст, Амр ибни Лухай дар яке аз сафархои худ ба Шом дар шахри Балко бо бутпарастон ошно мешавад ва аз он чо бо худ се бут меоварад, якеро, ки Хубал ном дошта дар хонаи Каъба чой медихад, ду бути дигареро, ки Исофа ва Ноила ном доштанд, якеро дар махалли ас-Сафо ва дигареро дар махалли ал-Марва насб мекунад. Баъд аз ин мувофики ахбори ал-Фахри ва Шахристони дар байни аъроб санампарасти интишор меёбад.[1] Аз чумла кабилаи Сакиф дар ат-Тойиф санамеро бо номи ал-Лот мепарастидаанд ва хамин тавр бутпарасти густариш пайдо карда, ки ба кавли у дар атрофи хонаи Каъба 360 санам /бут/-хо чида шуда буданд.

Мувофики ахбори ал-Фахри дар байни аъроб дарахтпарасти ё навъе аз тотемизм низ шухрат доштааст. Аз чумла омадааст, ки кабилаи машхури араб ва (ё Гатафан) дар чохилия як дарахти азимеро дар нохияи Нахла бо номи ал-Уззо парастиш мекардаанд, кабилаи машхури дигар Хашъам дарахти азимеро мепарастидаанд то замоне, ки онро сойика насузонд ва ба ислом ру наоварданд.[2]

Хамин тавр аксари кавми араб чи дар води ва чи дар сахро эътикод ба худоёни махалли аз чинси нарру мода доштанд, ки ба онхо хусусияти инсониро нисбат медоданд. Бисёре аз кабилахо ба харсангхои шакли гайри оддк дошта, ё чунон ки гуфтем ба дарахтхои латтабандишуда, бовари доштаанд. Хамчунин, ногуфта намонад, ки аъроб ба вучуди худои худоён /Аллох/ имони мубхаму норушане доштаанд ва уро худои бузург ва холики кул

медонистаанд. Ин эътикод хоса дар байни кабилаи Курайш чой дошт. Дар сурати Аллох арабхо офаридгори осмон ва замин, мавчудияти оли ва хокимро медиданд ва бовари доштанд, ки вай борон мефиристад ва оламро идора мекунад. В.В Бартольд тахмин мекунад, ки «Шояд Хубал ва Аллохи исломи яке бошанд».[1] Дар ин маврид Тохо Хусейн низ чунин мефармояд… аъроб вучуди офаринандаеро барои осмонхо ва замин ва он чи дар онхост, ки худои бузург хам уст инкор намекарданд.[2] Хам барои Бартольд ва хам Тохо Хусейн асос барои чунин иддао оёти Куръон будаанд. Аз чумла дар Куръон мо мехонем, ки ояти зер овардааст: « Ва лаин саалтахум «Ман халака-с- самовоти ва-л-арза?» Ла якулунна-л-Лох». Ва агар пурсандашон: « Ки осмонхову заминро офарид?» Мегуянд: «Аллох». (Лукмон, 25 ва Зумар 38)

Тохо Хусейн барои тасдики фикри худ ба як байт шеъри шоъири то исломии араб Лабид низ ишора кардааст, ки хондани онро Пайгамбари ислом (с) дуст медошт:

Ало кулли шаъин мо хала-л-лох ботилун,

Ва куллу наъимин ло-мухолата зойилун.

Хон хар чизе чуз Худо ботил аст ва хар неъмате ночор аз даст меравад.

Дар хар сурат хануз имони аъроб ба вучуди Худои холик сатхи ва сода буд, ки дар баробари У худоёни дигарро мепарастиданд ва ба бутхои сохтаи дасти худ имон доштанд. Табиист, ки агар фарзияи каблан баёнкардаамонро ба эътибор нагирем, иддаои нависандагон ва уламои ислом, оид ба тавхиди будани эътикоди аъроб (алалхусус кабилаи Курайш) то бутхоро овардани Амр ибни Лухай асоси илмию таърихи надорад. Арабхо то ислом хамон рохи табиию таърихии тахаввули диниро аз динхои содда то тавхид тай кардаанд. Ривояти номбурда танхо метавонад далолат ба он кунад, ки шояд Лухай аз маркази Набатия кадом як бутхои ба тарзи санъативу хунари сохташударо оварда бошад, ки васанпарастиро, ки парастиши бутхои табии буд, ба санампарасти иваз карда бошад. Дар хар сурат он чунон, ки муаллифи «Сирату-н-набавия»

Абулхасан Али ал-Хасани ан- Надви мехохад исбот кунад, бутпарасти падидаи ворида аз хорич ба аъробу Курайш мебошад, асос надорад. Чун ки ин зиннаи табиии тахаввулу такомули адён аст ва чунон, ки дар Таврот ва Куръон омадааст чи бобулиёни хамсояи аъроб ва чи аъроби набатия бутпараст будаанд. Мисоли он киссаи гусолапарасти (бути гусола)-и яхудиён дар замони Мусо (а) шуда метавонад

Аз ин ки гузарем, аъроби чохилия инчунин муътакид будаанд, ки дар каламрави Замин ба гайр аз одамон боз дигар мавчудоти зиндаи диданашаванда тавонову неруманд ва маккору зиррак зиндаги мекунанд. Ин мавчудот баъзе некихоху безарар чун париёну хурхо, ва баъзе музир ва нахс чун чину ачинахои газаболуд мебошанд, ки дар сахрову биёбон гохо ба одамон дарафтода, метавонанд онхоро ба берахаву беобахо кашанд ва зарар расонанд. Онхо инчунин гумон мекарданд, ки гохо ин руххо ва махлукхои палид бо худоёнашон омезишу иртибот пайдо карда, корхои худро ба дасти онхо анчом медиханд ва гохо бо худи одамон низ омезиш ё сироят карда, онхоро ба аъмоли гуногун хидоят мекунанд.

Якинан дар ин давра шуури динии аъроб дар натичаи омезиш ва шиносои бо намояндагони динхои осмони (Зардуштия, Насрони ва Яхудия) тахаввулотеро аз сар мегузаронид. Аз чумла онхо медиданд ва мефахмиданд, ки ин бутхои сохтаи дасти эшон хеч гуна кудрате на ба неки ва на ба бади кардан надоранд ва аз ин ру ин этикодоти худро чунин тавзех мекарданд, ки хар чанд ин бутхо худ офаринанда ва тадбиркунандаи чизе нестанд, лекин дар миёни онхо ва Худои бузург, ки осмон ва заминро офаридааст ва тадбиркунандаи хар амре уст, воситаанд. Пас маълум мешавад, ки онхо баъдтар баъди тахаввули шуури диниашон ин худоёнро на махзи он ки суде бидиханд ва ё зиёне бирасонанд, мепарастиданд, балки ин бутхоро аз он чихат, ки метавонанд дар назди Худо барои эшон шафоъат кунанд ва эшонро ба Худо наздик созанд, мепарастиданд.[1] Дар ин маврид ишороте дар Куръон низ мавчуд аст.

Аъроб бовари доштанд, ки аз арвохи бадхоху музир бо туморхо, дуохонихои гуногун, ки иборат аз дубайтихои сохирона буд, эхтиёт кардан мумкин аст. Аз хамин сабаб хам дар катори рохибону кохинон шоирон низ дар байни кабоили араб эътибори хосе доштанд. Мувофики боварии аъроб шоир метавонист бо суханони нек аз одам бадбахтиро дур кунад, ё баръакс ба у куввахои бадро равона созад. Умуман бояд гуфт, ки накши шоир дар хаёти маънавии аъроби чохилия хануз ба дурусти мавриди омузиш карор нагирифта аст. Ин накш хеле калон ва муассир будааст. Аз чумла русуми аъроб чунин буд, ки хангоми хачч дар майдони назди Каъба ё бозори Уккоз мусобикаи шоирон дар касидасарои мегузаштааст ва ин маросим хелехо таъсири зиёде дар хаёти маънави, обруй ва эътибои кабоили араб дошт. Баъд аз кувваозмои бехтарин касидахоро ба матоъ навишта, ба девори хонаи Каъба меовехтанд ва шояд кисва болопуши имрузаи хонаи Каъба идомаи хамин анъанаи аъроб бошад. Агар чунин аст, ин худ хоки аз макоми волои шоир дар чомеаи кабл аз исломии араб мебошад. Вокеан, камтар халку миллати мутамаддине имруз метавон пайдо кард, ки хамзамон бо аъроби чохилия шеърияте ба ин пояи баланди санъату сохтор дошта бошад. Тагаззул ва касидасарои, ки баъдан адабиёти форсу-точики аз он бахраи фаровон гирифт, дар аъроб кабл аз ислом ташаккули пурраи худро ёфта буд. То ба мо номи даххо шоирони сохибдевони кабл аз исломии араб омада расидааст. Аз чумла метавон номи хафт шоири номии муаллакасаро: Имрулкайс, Тарафа, Зухайр. Антара, ал-Харис ибн Халлизза, Амр ибн Кулсум, Лабид ва шоири газалсаро Абу Рабиъаро ном бурд.[1]

Худи номи муаллакот (овеза, овехташуда) бехтарин касидахое номида шудаанд, ки дар даромадгохи Каъбахо овехта мешуданд.

Яке аз маросимхои дини, ки дар байни аъроб чун дигар халку миллатхои бостони маъруфу машхур буд, амали курбони кардан мебошад. Ба кавли Тохо Хусейн арабхо… «назди маъбудхои худ курбони мебурданд, чунон ки гуё ба онхо ришва медиханд, то барои эшон назди Худо шафоъат кунанд.»[2] Дар баробари ин онхоро одату суннат ин буд, ки дар корхову икдомхои худ аз бутхо маслихат мепурсиданд. Дар ин маврид ривоёти зиёде дар сарчашмахо мавчуд аст. Аз чумла чандин ривоят дар бораи тирхои фолбини ё худ куръакаши, ки дар назди бути Хубал буд, то ба мо омада расидааст. Яке аз он дар бораи куръакаши кардани Абдулмутталиб чадди Пайгамбар (с) бо тирхои Хубал барои таксими бозёфт хангоми поксозии чохи Замзам мебошад, ки аз як шамшер ва гизолохуи тиллои иборат буд. Вакто, ки Абдулмутталиб ин бозёфтро аз каъри чохи Замзам берун овард, курайшиён даъво карданд, ки он моликияти чамъиятист ва бояд байни хама таксим карда шавад. Вале баъдан бо рохи куръакашии дар пои бути бузург Хубал такдиру кисмати онро хал карданд. Хайкали тиллоии оху ба маъбади Каъба ва шамшер ба Абдулмутталиб расид ба курайшиён бошад тири сафед расид, ки бебурд буд. Як бори дигар хам Абдулмутталиб дар назди ин бут куръа кашида, маслихати Хубалро хостааст. Он хам хангоме буд, ки Абдулмутталиб назр мекунад, ки агар Худо ба у дах писар ато фармояд, яке аз онхоро курбони хохад кард.[3] Дар вокеъ у ба зуди дорои дувоздах фарзанд мегардад ва тибки назру касаме, ки хурда буд, тасмим мегирад, ки ба ахди худ вафо намуда ва яке аз писаронашро дар рохи Худо курбони кунад. Хамин тавр барои муайян намудани шахси мавриди курбони ба назди худои Хубал меоянд ва хар яке аз фарзандонаш номи худро дар болои тири худ навишта буданд ва бо ин тирхо назди Хубал куръакаши нумуданд. Куръа ба номи падари хазрати Мухаммад (с) Абдуллох афтод. Абдулмутталиб бидуни хеч дудилаги кордро гирифта, Абдуллохро ба курбонгох байни бутхои Исаф ва Наъил бурд. Вале курайшиён, ки то ин вакт тамошобин буданд, ба ин амр дахолат намуда, маслихатхо доданд ва кушиш намуданд, то аз ин амал чилавгири кунанд. Билохира, чунин маслихат шуд, ки аз кохинзани маъруфе маслихат пурсад, то шояд худоён ба чои Абдуллох ба курбонии дигаре рози шаванд.[4]

Кохинзан мегуяд, ки дах шутур (микдори хунбахои курайш дар хамон давра ба назди Хубал) барои курбони биёранд ва хар боре агар кабул нашуд ба хамин микдор ба онхо изофа кунанд, то он вакте, ки ризоят дихад. Сипас хамин тавр тибки маслихати кохина амал карданд, то микдори шутурон ба сад расид. Ба ивази Абдуллох хамин микдор шутур курбони карда шуд ва пеши рохи курбонии Абдуллох гирифта шуд.

Яке аз мушаххасоти фархангию мазхабии аъроби чохилия, бунёди хонаи худоён – «бейтил»-хо буд. Яке аз тафовути таърихи мазхабии аъроб аз хамсояхои хамнажоди худ: бобулихо, яхудиён, мисриён дар он аст, ки харчанд дар байни ин халкхои сомк бунёди бурчхо ва маъбадцои азим расм буда аст, то пайдоиши ислом дар фарцанги мазцабии араб мо чунин падидаро намебинем. Он чи дар байни аъроб расм будааст, бунёди цамин бейтилхое буданд, ки ба шакли бинои хеле содаи мукаъаб (Каъба) бунёд гардида буданд. Хамчунин бейтилхои мутахаррик низ буданд, ки аз як чо ба чои дигар мебурданд. Ин гуна бейтилхо аксар вакт хангоми чанг хамсафари онхо буд. Дар болои ин гуна бейтилхо соябоне буд ва дар пушти шутуре, ки мукаддас шуморида мешуд, хамлу накл мешуд. Дар атрофи соябон кохинзанхо ва фолбинхое, ки каблан аз онхо ёд шуд, менишастанд ва бо думбураву табл ба оханги сачъ (мусаччаъ) селаи афсунхои печ дар печро месуруданд. Пайгамбари ислом Мухаммад (с) ба мукобили ин «сачъ» ва ин занхои муйпарешони думбураву таблнавоз бо катият баромад кардааст. У чунин истифодаи «сачъ»-ро чун забони шайтон махкум кард.[1] Суханони мусаччаъ ва халохил хангоми марг ва гурондани маййит низ хонда мешуд.

Шавохиди зиёд аст, бадавиён ба намирандагии рух бовари надоштаанд. Дар ин маврид баъзе шавохид дар бораи боварк доштани баъзе аъроб ба хаёти пас аз марг пайдо кардан мумкин аст. Ба хар эхтимол хиссиёти дини дар арабхои чануби назар ба шимоли зиёдтар буд. Арабхои шимоли бовариашон ба он буд, ки марг сабаби фавран танро тарк кардани рух намегардад. Онхо холати мурдаро ба хоби ширин фуру рафтани рух дар оромгохи худ мешумориданд ва як муддате вайро дорои шуур мепиндоштанд. Аз ин ру занхо бо марсияхони ва халохил кушиш мекарданд, ки рухро, ки мехохад танро рахо кунад, нигох доранд. Бархе рафтори аъроб гувохи аз вучуди бовари ба хаёти дигар ба чуз ин зиндагии замини медихад. Онхо натанхо ба эхё шудани одамон, балки хайвонот низ бовар мекарданд. Ин аз он маълум мешавад, ки араб мефармуд уштурашро дар болои кабри мурда забх кунонда ё бигзоранд, ки дар болои кабри у аз гуруснаги бимирад, то дар рузи растохез мачбур ба пиёдарафтан машавад. Вале ин бовари хамагони набудааст ва чунон, ки аз оёти Куръон бар меояд тасаввуроти аъроб дар бораи охират бештар шабехи дахриён будааст, ба он бовари надоштаанд.

Дар шахри Макка, гахвораи ислом ба се худои чинси зан: ал-Лот (зохиран худои офтоб ба шумор мерафтааст), дувум Манот (худои сарнавишт ва замон), сеюм ал-Уззо бовари доштаанд. Мувофики маълумоти муаррихи араб Хишом ибн Мухаммад ал- Калби дар «Китобу-л-асном» аъроби давраи чохилия худоён ва бутхои дигареро бо номхои ан-Наъила, Зул- Халаса, Зул- Кофайн, ас-Саъд, ал- Валд, ас-Сувоъ, Ягус, Наср, Зуш-Шаро, Исаф Астар парастиш мекардаанд.[2]

Гузашта аз ин мардуми Макка ва кабоили атрофи он иззат ва эътикоди хосе нисбат ба санги сиёхе («хачаруласвад») доштаанд, дар хонаи Каъба гузошта шуда буд. Он санг ба эхтимоли умуман аз сангхои шихоби (метиорит) буда, ки дар замонхои хеле кадим аз осмон афтодааст. Баъдхо дар ривояти дини омада, ки он санг аз замони Одам а.с. -Абу Башар аз осмон афтодааст. Ривояти исломии дигар он аст, ки санг фариштае будааст, ки номаи аъмоли одамонро дар дахон дорад ва аз ин ру онро то рузи киёмат худои таъоло ба санг табдил додааст.

Дар хар сурат парастиши ин санг, ки дар ислом як чузъи маносики хачч мебошад, кабл аз ислом чой доштааст. Зиёрати хонаи Худо – «бейтил» низ аз расму оинхои аъроби чохилия будааст. Бейтилхо ё каъбахо кабл аз ислом дар Чазирату-л-Араб бисёр будаанд. Мухаммад ал-Калби минчумла аз Каъбаи Начрон, Сидон, бутхонахои алКалис, Риъома ёдовари кардааст. Вале ба хар сурат Каъбаи шахри Макка аз маъруфтарин ва бо обрутарин бейтили аъроби чохилия ба шумор мерафтааст. Исломшиноси утриши Н.Э. Фан Грюнебаум, харчанд дар аввал мегуяд: далели хафриётие нест, ки дар бораи вучуди маъбади мукааби санги гайр аз Каъба казоват кунем, вале дар бораи вучуд доштани се навъ каъба ва санг (васан)-и мукаддас дар се минтака хабар медиханд. Ва он хам «санги сурх» худои аъроби чануби дар шахри Гумдон ва «санги сафед» дар каъбаи ал- Абалат (наздикии Табала, дар чануби Макка) ва «санги сиёх» дар худи Макка маълумот додаанд, гузашта аз ин меафзоянд, ки Каъбахои Начрон, ал-Абалат ва Макка хам бо мазмун ва хам дар шакл як хел будаанд.[3]

Дар ин маврид Мухаммад Хусейни Хайкал, чунин маълумот додааст: «Ба воситаи ахамияти рузафзуни Макка баъзе шахрхои дигар дар садад афтоданд, маобиде бисозанд, шояд мардумро аз зиёрати Макка мунсариф созанд. Гассониён дар Хираву Абраха дар Яман хар кадом маъбаде бисохтанд, аммо маобиди онхо мардумро аз Макка мунсариф насохт. Абраха бо ороиши маъбади Яман пардохт ва ба кадре асосияи фохир барои он фарохам овард», ки тасаввур мекард хатто ахли Маккаро ба чониби ин маъбад чалб хохад кард. Хамин, ки дид аъроб ба чуз Каъба таваччухе надоранд ва хатто мардуми Яман маъбадеро, ки у сохта рахо карда, хаччи худро чуз бар Каъба макбул намешуморанд, василае чуз вайрон кардани Каъба наёфт[4]. Ин аст, ки Абраха бо максади вайрон кардани маъбади Каъба соли 570 ба Макка хучум мекунад. Ин чанг дар таърих хамчун чанги «Фил» маъруф аст.

Хангоме, ки Абраха дар наздикии Макка расида буд ва интизори он дошт, ки маккаиён онро холи карда, ба у ичозати вайрон кардани Каъбаро диханд, ногахон вабои обилае ба сипохи у сироят кард. Талафоти вабо то хадде зиёд буд, ки сарони сипох ру ба гурез ниходанд. Нихоят обила ба Абраха низ сироят кард ва у аз тарс ба суи Яман бо бокимондаи сипохаш акиб нишаст ва чанде баъд бимурд. Дар Куръон ин ходиса бо каме тагйир дохил шудааст. Сураи «Фил» дар ин маврид чунин мефармояд: «Алам тара кайфа фаала раббука би асхоби-л-фили. А-лам ячъал кайдахум фй тазлилин. Ва арсала алайхим тайран абобила. Тармихим би хичоратин мин сиччилин. Фа- чаъалахум ка-асфин маъкулин». Яъне «Оё надидйпарвардигори ту бо асхоби фил чй кард, фикрашонро дар гумрохй карор дод ва парандагонеро даста-даста ба суи онхо фиристад, ки сангхое аз гили пухта ба онхо андохта, монанди кох хурдашон кард» (сураи Фил 105:1-5). Ин чо танхо номафхум он аст, ки чаро дар Куръон омили шикасти Абраха сангборони «Туюру-л- абобил» гардида на обила, чунон ки дар маъхазхои дигари исломй гуфта мешавад.

Дар мавриди замони бино гардидани хонаи Каъба дар сарчашмахои исломй ривоят чунин аст, ки он аввалин хонаест, ки Худои Таъоло барои одамон вазъ кардааст, Каъба дар Макка мебошад. Дар Куръон дар ин маврид омадааст: «Инна аввала байтин вузиъа линноси лаллази бибакката муборакан ва худанлилъоламин» (3:96). Хамоно, аввалин хонае аст, ки дар Бакка (Макка)-и муборак рохнамои оламиён. Шояд дар хамин асос дар сарчашмахои дигари исломй аз «Киссасул-анбиё» то «ал-Милал ва-н- нихал»- и Шахристонй омадааст, ки Одам а.с. вакте ба замин омад, ба сарзамини Сарандеб (Сейлон) аз кишвари Хинд фуру афтода ва дар замин сайр мекард ва миёни факдони зани худ ва азоби вичдони ва тавба мутахайир буд, то «Хавворо ба кухи Рахмат аз Арафот ёфт он гох ба Макка рафт ва дар он чо ба Худои азза ва чалла нолид ва зорй кард, то уро ичозаи бинои хонае, ки хангоми намоз киблаи у бошад ва хангоми ибодат матофи у карор бидихад, хамон тавре, ки дар осмон Байту-л-Маъмурро матофи фариштагон ва зиёратгохи рухониён карор додааст, Худованд шабехи он хонаро бар у нозил кард, ки ба сурати саропардае аз нур буд ва онро дар чои хонаи Каъба баркарор сохт.»[5] Пас аз Одам а.с. мувофики маълумоти Шахристони Шис а.с. як бор Каъбаро аз нав сохта, пас аз Туфони Нух Иброхим Халилуллох хонаи Каъбаро аз нав бунёд карда аст. Ва нишонаи он холо дар 13,5 метрии хонаи Каъба сангест, ки ба номи «Макоми Иброхим (а)» машхур аст ва тибки ривоят хазрати Иброхим (а) дар болои он истода Каъбаро бунёд кардааст. Дар чанд кадамии хонаи Каъба чохи «Зам-зам» аст, ки он низ чунон ки каблан ишора шуд, бо номи зани хазрати Иброхим (а) Хочар ва фарзанди у Исмоил (а) вобастаги дорад.[6] Умуман, пайдоиши шахри Макка низ ба хамин саргузашти Хочару Исмоил (а) марбут аст.

Шахристони баъд аз накли ин ривоят чи гуна ба бутхона табдил ёфтани хонаи Каъба акидаеро рад мекунад, ки баъзехо иддаъо мекардаанд, ки хонаи Каъба хонаи Кайвон буда, бонии аввал онро «Байтул-Зухайл» номидааст. Шахристони мефармояд: «Ин гуфтор дуруст нест: Чун бинои аввали хонаи Каъба аз руи вахй буда ва ба дасти худовандони вахий ва илхоми бино шудааст».[7] Ин нуктае, ки Шахристони баён кардааст, ахмияти зиёди илми дорад. Ин далолат бар вучуд доштани нуктаи назархои мутафовит дар замони у мекунад.

Хулоса, чунон ки каблан ишора шуд, худоёни бухои худро аъроб ба чинси нару мода чудо мекарданд. Дохили хонаи Каъба кабоили араб гирдогирди бути наринае, ки Хубал ном доштааст ва чунон ки каблан дидем, дар назди у Хубал фол ва куръакаши хам мекарданд, бутхои худро чида буданд. Чунон ки каблан ишора шуд, мувофики ривоятхо микдори бутхо бо Хубал 360 то будааст. Пас аз Хубал дар нисбати мартабаву маком се санами дигари муаннас (зан): Лот, Манот ва Уззо карор доштааст.

Каме дуртар аз хонаи Каъба боз ду бути дигаре: яке худои нарина Исофа ва худои модина Ноила карор мегирад. Гайр аз ин дар баландихои ас-Сафо ва Марва бутхое будаанд, ки хочиён назди онхо курбони мекарданд.

Мухаммад Шахристони дар мавриди ба кадом кабилахо тааллук доштани бутхои каблан номбурда чунин маълумот дода аст: Вадд киблаи ибодати кабилаи Калб буда, Сувоъро тоифаи Хузайл мепарастидаанд, Ягусро кабилаи Музхач ва баъзе кабилаи Яман. Яъук киблаи парастиши кабилаи Хамдон будааст ва Лот мавриди парастиши Сакиф аз водии Тойиф буда ва Уззо киблаи ибодати Курайш ва чомеаи Бани Канола ва гуруце аз кабилаи Бани Солим ва Манот киблаи парастиши Авс ва Хазрач ва Гассон будааст, Хубал бошад аъзами асном ба шумор мерафта …»[8] ва гайра.

Такрибан тамоми маносик (одобу маросимот) -и хаччи хонаи Каъба, чунон ки каблан ёд шуд, хануз кабл аз ислом дар хамон давраи чохилия ташаккул ёфта буд. Тибки маълумоти Шахристони хатто нидохо ва даъватхои «Лаббайка», «Аллохумма лаббайка», низ дар хамон давра ташаккулёфта будааст. Байни аъроб муохида буд, ки дар моххои муайяни сол, ки «ашхуру-л-харом» моххои мукаддас буданд, чангу нифоки байни кабилави катъ карда шавад. Ин моххо Зул- Каъда, Зул-Хичча, Мухаррам ва Рачаб буданд. Дар ин моххо хаччи акбар ва хаччи асгар (умра) ва ба тичорат машгул мешуданд. Худи замини Макка «харам» мукаддас ба шумор мерафт. Хангоми хачч дар ин минтака хочиён либоси махсуси сафеду покиза, ки «ихром» ном дошт, мепушиданд, ки то имруз махфуз аст. Гардиши тавофи хафткаратаи хонаи Каъба, хурдани оби Зам-зам, давидани байни Сафо ва Марва аз маносики хаччи аъроб кабл аз ислом будааст. Дар навохии Макка охирхои асри VI дар махалии Карну-л-Манозил холо (Ас-Сайлу-л-Кабир) бозоре бо номи бозори Уккоз вучуд дошта, ки дар он моххои Зул- Каъда ва Зул-Хичча кабл аз хачч бозори бузурге доир мешудааст. Дар баробари Каъба ин бозор низ яке аз мухимтарин омили бештар эътибор пайдо кардан ва ба маркази Арабистони маркази – Хичоз ва Начд табдил ёфтани Макка мегардад. Ба баланд шудани обруи Макка ва Каъба шикастхурдани Абраха дар чанги номбурда низ кумак мекунад.

Маккагиён бо вучуди маркази мазхаби карор гирифтани шахрашон ва маъруф будани худоёнашон ба худоён ва зиёратгоххои дигар низ бовари доштанд ва онхоро зиёрат ва ба онхо курбони мекарданд. Аз чумла ба он се худое, ки дар мартаба баъд аз Хубал карор доштанд: Лот, Манот ва Узза эътикодманд буданд. Ал-Лот номи васане буд аз санги сафед дар Тоиф, ба кавли Большаков О. мебоист хеч набошад аз назари манофеъи сиёсию иктисоди гароиш ба он барои курайшиён муфид набуд,[9] вале маълум мешавад дар аъроб чунин таассуб набудааст.

Муаррих ва адабиётшиноси машхури араб Тохо Хусейн ба чунин акида аст, ки бутпарастии курайшиёни Макка сатхи ва зохири буд. «Ман итминон дорам, ки бутпарастии ахли Макка аз руи сидки хулус набуд, балки ба василаи дин бозоргони мекарданд.»[10] Сабаби инро Тохо Хусейн дар тезхуши ва огохии бештари онхо дар натичаи доду гирифт, тичорат ва сафархои зиёде ба вилоёт ва навохии хамсоя, бархурд бо миллатхои мутамаддини Шому Мисру Ирок ва сарзамини Эрон мешуморад. Вале харчанд курайшиён ахли имон набудаанд ва дилбастаги ба кеше надоштаанд, балки беш аз хар чиз ахли тичорат будаанд, хамон манфиати иктисоди водор мекард, ки курайшиён Маккаро хамчун маркази мазхабиву тичорати хар чи бештар махфуз доранд ва ба ривочи обруи он мусоидат намоянд, худро чун хомии бутпарасти вонамуд кунанд.

Як нуктаи дигар, ки хеле мухим аст, он аст, ки дар Макка натанхо дастгохи идорию сиёси, балки дастгоху сохтори рухони, симмат ва мартабаи рухоният низ вучуд надоштааст. Ичрои маросимхои ибодат нихоят сода буда, ки эхтиёч ба муаллиму рахнамои мазхаби-рухони набуда. Ин холатро агар бо дигар кавмхое, ки дар гузашта бутпараст будаанд, масалан Мисриён ва Бобулиён мукоиса куни ташрифоти динии аъроб хеле ночиз буда. Дуруст аст, ки дар Каъба авлоди бани Хошим симати мудирияти хонаи Каъба хизматгузори; таъмини хурду хурок, чои хоб ва гайраро доштанд, вале хеч як сарчашмаи ба мо маълум дар мавриди накши рухониро бозидани онхо ё вучуди пешвои мазхабии аъроб, кабл аз ислом маълумот намедиханд. Факат, чунон ки каблан дидем, аъроб ба кохинон, ки касбашон наздик ба фолбинхо будааст, бовари доштаанд ва мувофики маълумот онхо дар берун аз Макка мезистанд.

Ин нукта аз он лихоз чолиб аст, ки аъроби озодманиш ва худбин дар тули таърихи кухани худ боре зери султаву салтанати касе нарафта, ба якбор ба итоати як нафаре сар фуру оварданд, ки аслан аз назари чойу макон ва мартаба аз дигарон хеч тафовуту афзалият надошт, балки камтарини онхо буд, магар ба маънавиёт ва рухоният. Марде буд, дар ятими бузург шуда ва факат ба шарофати издивоч ба зани сарватманде аз талоши кути лоямут рахои ёфта, на савод дошт, на мисли дигарон дунёдида (агар ду сафари кутохи тичоратиро ба навохии Шом ба хисоб нагирем), на дорову сарватманд. Хулоса, чун аз ин хам бигзарем, аъроб харчанд то пайдоиши ислом санъати шеъриву бадеии пешрафта доштанд, хеч гуна матни мазхаби, китоби Мукаддаси мазхабии дини надоштаанд. Ва якбора китоби осмонии мукаддаси Куръонро кабул карданд ва хамчунин бидуни сохтори сиёси ва хатто дини ба як бор сохтори дини-сиёси- теокративу тавхидии мукаммалро ба вучуд оварданд.

«Мухаммад – мегуяд Бартольд В.В.,- на танхо бунёди дин, балки давлатро гузошт ва ислом дар давраи хаёти пайгамбариаш рохеро тай кард, ки буддизм аз Шакямуни то Ашока ва Насрония аз Масех то Константини Бузург тай кардаанд» .[11]

Инчунин кобед

maxresdefault

НИЁЗМАНДИИ ХАМАГОНИ ВА МАФКУРАИ НАВ

Холо пас аз ошнои бо шароити чугрофиёи ва хаёти маънавию мазхаби ва фархангию-сиёсии Чазирату-л-Араб метавон …