Главная / Биология / Доминанти нопурра

Доминанти нопурра

Дар организмхои гетерозиготи (Аа) гени доминанти хамеша кобилияти пахш кардани гени ретсессивиро надорад. Дар бисёр мавридхо дар дурагахои насли якум (Г1) на гени доминанти ва на ретсессиви пурра зохир намешаванд. Дар натича дурагахои насли якум (Г1) хусусияти миёна зохир менамоянд ва дар онхо хиссае аз генхои доминанти ва ретсессиви дида мешавад.

Гуфтан чоиз аст, ки дар дурагахои насли якум монанди ба вучуд меояд. Масалан, аз дурага кардани гулхои рустании шому сахари гулаш сурх (АА) ва гулаш сафед (аа) дар насли якум (Г1) ранги гулхо гулоби (бунафш) мешаванд, яъне ранги миёнаи (Аа) байни рангхои сурх ва сафед пайдо шуда, рангхои хамаи наслхои Г1 якранг мемонанд. Барои хамин, конуни якуми Мендел на ко- нуни доминанти, балки конуни хамшаклии наслхои гибриди ном дорад .

Меросгузории ранги гулхои шому сахар дар холати доминантии нопурра: АА – сурх, Аа – бунафш, аа – сафед.

Доминанти нопурра дар табиат ходисаи васеъ пахншуда буда, дар омузиши сохти пархои парандагон, ранги пашми гов ва гусфандон, аломатхои биохимияви дар инсон дида мешавад.

 

Инчунин кобед

Snimok-8

ГЕНЕТИКАИ ЧИНС. МЕРОСГУЗОРИИ АЛОМАТХОИ БО ЧИНС ЧАСПИДА

Масъалаи инкишоф ва пайдоиши фарки чинси, механизми муайян кардани чинс, нигох доштани таносуби муайяни чинси …