Аввали мохи августи соли 1941 хангоми вохурии Рузвелт бо Черчилл карордоди Англияю Иёлоти Муттахидаи Америка дар бораи максадхои чанг кабул карда шуд, ки бо номи «Эъло- мияи Атлантика» машхур аст. Ин эъломия мукаррар кард, ки давлатхои ба он имзогузошта барои забти каламрави давлатхои дигар талош наме- кунанд ва имкон намедиханд, ки худуди ягон давлат бе ризояти халки он тагйир дода шаванд, хукуки сохибихтиёрии халкхо ва интихоби сохти сиёсии ба онхо маъкули идоракуниро эхтиром мекунанд ва чунин мешу- моранд, ки давлатхои кобили тачовуз бояд халъи силох карда шаванд. Хукумати Шурави низ бо назардошти баъзе мулохизахои манфиатчуёна ба Эьломияи Атлантика хамрох шуд. Ин эъломия барои ба вучуд ома- дани Иттиходи давлатхои зиддифашисти заминаи хукукию сиёсии боэъ- тимод ба вучуд овард.
Инчунин кобед
Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он
Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …