Одобу ахлок аз зумраи он категорияхои зиндагй мебошанд, ки хануз аз овони тифлй, бо аллаи модар огоз ёфта, дар мухити оилавй тадричан ташаккул меёбад. Агар хангоми муошират меъёрхои одитарини сухбати байнихамдигари риоя гардад, он гох хулосаи хамсухбати калонсол он мешавад, ки фарзанд дар оила тарбияи хуб гирифтааст. Дар холати риоя нагардидани ин меъёрхо, хамсухбат кушиш мекунад, ки ин сухбатро зудтар анчом дихад ё бо хамсухбати худ умуман робитае надошта бошад. Пас кадом тарзи муошират ё муносибат бехтар аст? Албатта, тарзи якум.
Тарзи муошират дар оила, байни хамсолон, хаммаслакон, дустон, дар куча, мактаб ва дигар чойхои чамъиятй аз хамдигар фарк доранд. Агар мо хангоми муошират бо наздикону иайвандон ва дустону хамсолон каме форигбол ва озод бошем, он гох хангоми сухбат бо мехмонону калонсолон ва хусусан шахсони ношинос кушиш ба харч медихем, ки таассуроти онхо нисбат ба мо мусбат бошад. Бале, дар хама чой ва дар хар гуна маврид кушиш кардан лозим аст, ки сухбат ё муошират дар сатхи зарурй ва аз руйи баъзе меъёрхои дар хеч чо нонавишта баргузор гардад.
Бо пайдойиши Интернет тарзи нави муошират руйи кор омадааст, ки онро муоширати шабакавй мегуянд. Ин тарзи муошират имруз дар байни тамоми табакахои ахолии руйи Замин, хусусан наврасон ва чавонон, хеле маъмул ва машхур буда, онхо аз он хар лахза истифода мебаранд. Барои амалй гардонидани ин максад^барномахои зиёде офарида шудааст, ки хар кадоми онхо дар баркарор намудани тарзи муайяни муошират сахми арзанда дорад. Бо ин барномахо мо аллакай шинос хастем.
Дар байни наврасону чавонон бешт^р барномахое маъруфанд, ки онхо муоширати байни ин табакаи ахолиро дар речаи вакти вокей (оп-Цпе) таъмин мекунанд. Онхо бо ёрии ин барномахо аз масофахои гуногун бо хамдигар шиносой пайдо намуда, мукотиба баркарор мекунанд ва хатто дар речаи онлайн тавассути дурбинхои компютерй гуфтугуйи рубару анчом медиханд.
Муоширати шабакавии байни чавонон дар сатххои гуногун амалй мешавад. Агар баъзеи онхоро хуб арзёбй кунем, он гох кисми зиёди онхо ба талаботи меъёрии муошират дар шабака чавоб дода наметавонанд. Чавонон, хусусан баъзе наврасони мактабхон ва хиссае аз донишчуёни мактабхои олй, хангоми муошират дар Интернет ба дагалй ва беодобй рох медиханд. Аммо ин тарзи муошират ва муносибат макбул нест. Онхо бояд дар ёд дошта бошанд, ки муоширати байнашон дар шабака амалй мешавад ва онро хар як корбари. эхтимолии шабака имконияти хондан, шунидан ё дидан дорад. Шабака моли омма ва дастраси умум аст!
Муоширати шабакавй сухбати хамсафарони тасодуфиро мемонад. Онхо дар бораи якдигар ягон маълумоте надоранд, вале
сафари якчоя мухите меофарад, ки хамсафарон якдигарро омузанд. Омухтани онхо аз сухбат огоз меёбад ва окибатхои гуногунро ба бор оварда метавонад. Айнан ана хамин тавр дар шабака низ муошират ибтидо мегирад. Зиёда аз ин, азбаски муоширати шабакавй дар масофа баргузор мегардад, бинобар ин имкониятхои худидораи хамсухбатон бо хдмдигар баробар аст. Аз ин ру, хангоми муошират дар шабака риоя намудани меъёрхои мукотибот ва сухбатороиро хеч гох фаромуш кардан лозим нест. Муоширатро тибки одобу ахлоки башарй ба рох мондан зарур аст, ки онро фарханги муоширати шабакавй меноманд. Фарханги муоширатро дар мавридхои зерин катъиян риоя бояд намуд:
- хаигоми муоширати онлайнй (чат);
- хангоми кор бо почтаи электронй;
- хангоми иштирок дар телеконфронс.