Главная / Илм / ГАЗОИ ХАНДАК (АХЗОБ)

ГАЗОИ ХАНДАК (АХЗОБ)

Дар соли панчуми хичри курайшиёни Макка бо таблигу дастгирии сарони бани Назир, ки аз Мадина табъид шуда буданд ба чанги тозае бо Мухаммад ва несту нобуд сохтани ислом тайёри медиданд. Яхудиёни бани Назир кабилахои будпарасти атрофи Маккаро низ ба ин чанг бо ваъдаву ваъид сафарбар мекарданд. Онхо хатто бо саволи будпарастони Макка, ки аз онхо пурсиданд. «Шумо ахли китобед бигуед дини мо бехтар аст ё дини Мухаммад»? гуфтаанд: «Дини шумо хубтару авлотар аст».

Хулоса сипохе аз дах хазор нафар, ки намояндаи кабоили Курайш, Сулайм, Гатафон ва Асад буданд барои чанг бо мусулмонхои Мадина бо сарфармондехии Абусуфён омода шуданд.

Хабари чамъоварии сипох ва тайёри ба чанг дар Макка ба Мухаммад (с) аз амакаш Аббос расид. Дар шурои чанг карор бар он шуд, ки аз шахр берун нараванд ва душманро дар хамин чо мунтазир шаванд. Пас аз тачрибаи чанги Ухуд дигар хама ба ин карор рози шуданд. Барои дифоъ аз сипохи 10 хазории душман, ки ба шахр дохил шудани онхо хафнок буд, бо маслихати Салмони Форс дар атрофи Мадина, ки аз се тараф бо нахлистон ва кух мухосир буд ва танхо аз шимол кушода, хандак канданд.

unnamedДостони кандани хандак, ки дар он худи Расули Худо (с) бевосита иштирок дошт, дар сарчашмахо муфассал наклу ривоят шудааст, ки бисёр мавридхои омухтани ва тарбияви дорад. Яке аз чунин ривоят хикоят аз он мекунад, ки Мухаммад (с) хануз дар он ибтидои ислом бо вучуди он, ки холо домани ислом аз марзхои шахрчаи Мадина тачовуз накарда буд, хадди акал пешгуии фуру рехтани кохи салтанатии шоханшохии Эрон ва султаи Императори Румро дар Осиёи Хурд ва Яман (яъне тамоми Чазиратул Араб) кардааст. Ардакони овардааст, ки Умар ибни Хаттоб (р) дар он руз дар минтакаи кухи «Бану Убайд» бо теша кор мекард. Тешаи у ба санги сахте бархурд кард. Паёмбар(с) тешаро аз у гирифтанд. Вакто, ки аввалин зарбаро заданд, барке аз он санг ба чониби «Яман» парид. Сипас зарбаи дигаре заданд ва барке аз санг ба чониби «Шом» частан кард ва аз зарбаи севум, барке ба суи «Ховар» парид ва хангоми зарбаи севум санг шикаст. Салмон(р)ба санг нигох мекард ва чахиши баркро медид. У ба Расули Худо(с) гуфт: Хар дафъа, ки Шумо теша мезадед, аз зери он барке

медурахшид.» Паёмбар(с) фармуд: «Магар онро диди?» Гуфт: «Оре». Паёмбар(с) фармуд: «Дар зарбаи аввал, коххои Шом дар назар омад, дар зарбаи дуввум коххои Яман ва зарбаи сеюм коххои Сафеди Хисравро дар Мадойин дидам». Паёмбар(с) фармуд: «Инхо аломати футухот аст, ки пас аз ман худованд барои шумо хохад кушуд»[1]

Лашкари Абусуфиён ба атрофи Мадина расид ва дар кухи Ухуд сипохи мусулмононро пайдо накарда, ба Мадина руй оварданд, дар пеши рохи худ хандакро дида, маъюсу рухафтода гаштанд. Ночор сипохи Абусуфён дар он тарафи хандак кароргох ихтиёр карданд.

Мухосираи Мадина чахордах-понздах шабонаруз буд, аз ду тараф ба суи якдигар ба тирандози машгул буданд. Танхо дар як махал душман тавонист аз хандак убур кунад. Вале дар ин бархурд Али ибни Абитолиб номитарин чанговари араб, ки аз шунидани номи у дар андоми хама тарс зохир мешуд, Амр ибни Абдалвадро кушт ва ин ходиса сипохи бутпарастонро боз хам маъюсу рухафтодатар кард.

Дар аввал харчанд Абусуфён тавассути пешвои яхудиёни бану назир Хуйя ибни Ахтаб тавонист сарони кабилаи Бани Курайзаро ба ахдшикани ва чанг бо Мухаммад (с) рози кунад, вале баъдан бо амали тачассусии хаводорони тозаи Мухаммад (с) ва эчоди нифоку зиддият ин найранги душман хунсо ва вахдати сафи онхо бархам зада шуд.

Нихоят, вазъи бади хаво ва сармову боди сахт, тамом шудани захираи ему хурок маккиёнро водор ба бозгашт ва анчоми чанг намуд. Абусуфён тасмим гирифт, ки ба мухосираи Мадина хотима диханд ва фармони бозгашт ба Маккаро дод ва худ кариб буд, ки агар Акрома ибни Абучахл уро боз намедошт пеш аз хама аз чабха фирор кунад.

Хаминтавр чунон, ки гуфтем баъд аз понздах рузи мухосира,[2]дасти мусулмонон боло шуд ва сипохи ислом бо сарбаланди ва зафарманди сехазор мусулмон бо ирода дар мукобили даххазор душмани мусаллах тавонистанд истодаги ва галаба кунанд.

[1]       . дук. Махмуд Таботабои Ардакони, Таърихи тахлилии ислом. С. 185­186.

[2]       Али Шариати дар «Исломшиноси» муддати мухосираро як мох (си руз) гуфтааст. «Исломшиноси» с. 214.

Инчунин кобед

city-696x440

Даврахои харакат ва манобеи ташаккули захирахои инвеститсионии корхонахо

Чараёни паи хам, доимй, устувор ва мунтазами ташкили раванди истехсолот, яъне ба хам пайваст намудани …