Главная / Биология / ГЕНОТИП ХАМЧУН СИСТЕМАИ ТОМ. ТАЪСИРИ БАЙНИХАМИИ ГЕНХО

ГЕНОТИП ХАМЧУН СИСТЕМАИ ТОМ. ТАЪСИРИ БАЙНИХАМИИ ГЕНХО

Генхо асоси структурИ ва функсионалии хиссаи ирсиятро ташкил мекунанд. Аз мисолхои дар боло зикршуда маълум гар- дид, ки генхо хиссачаи алохида буда, хар яке аз онхо ягон аломатро муайян мекунанд ва ба хамдигар вобастагИ надоранд.

Аз ин лихоз, чунин фикр ба миён омаданаш мумкин аст, ки гуё генотип мачмуи механикИ (беалокамандИ)-и генхо ва фенотип шакли омехтаи аломатхои алохида бошад. Дар асл чунин нест. Албатта, хучайраи алохида ва организм системаи том (пурра)-ро ташкил карда, дар организм хамаи равандхои биохимиявИ ва фи- зиологИ ба хам алокаи зич доранд ва мувофиканд, зеро хамаи ин бо генотип, яъне ба системаи бо хам алокаманди генхо вобаста аст. Таъсири тарафайн хам дар аллелхои як ген ва хам дар генхои гайриаллелИ, ки дар чойхои якхела (локус)-и як хромосома ё хро- мосомахои гуногун вокеъ гаштаанд, ба амал меояд.

Таъсири байнихамии генхои аллели

Генхои аллелИ нисбати якдигар дар шакли доминантИ ва рет- сессивИ зохир мегарданд. Доминант пурра ва нопурра мешавад. Инчунин, дар байни генхои аллелИ шаклхои дигари алокаи тара- файн вомехуранд.

Расми 9.6. Шаклхои точи хурусхо:

А – мукаррари (аавв),

Б – нахудмонанд (ааВВ ё ааВв), В – чормагзмонанд (ААВВ ё АаВв), Г – гулмонанд (ААвв ё Аавв).

Яке аз инхо ходисаи кодоминантй (ду гени аллелй аломатро баробар зохир мекунанд) аст, ки дар меросгузории гурухи хуни одам, системаи АВО ва М\ дида мешавад. Шакли дигари ме- росгузорй аз доминант баланд мебошад. Масалан, дарачаи ба- ланди зохиршавии аломат дар организмхои гетерозиготй намо- ён мегардад ва ин яке аз сабабхои зухуроти ходисаи гетерозис (пуркувватии насли якум) мебошад.

Инчунин кобед

Усули популятсионй

Тадкикотхои генетики – популятсиони имконият медихад, ки микдори вохурии генхо ва генотипхо дар ин ё …