Новобаста ба интиколи ками меридианалии хаво дар гардиши умумии атмосферави ахамияти он нисбат ба минтакави хеле калон аст. Чунки танхо ба туфайли он мубодилаи хаво байни арзхои гуногуни хаво амали мешавад.
Дар арзхои нимкураи шимоли, дар кабатхои поёнии тропосфера гардиши чануби ва дар кабатхои болоии тропо- сфера бошад, гардиши шимоли бартари дорад, ки суръати он хеле суст аст. Ин тарзи таксимшавии меридионалии шамол мавчуд будани ду халкаи сарбастаи гардиши хаворо ба вучуд меорад. Дар минтакаи тропики ин халкаи гардиш номи халкаи Хэдли (расми 39) ва дар минтакаи муътадил бошад, халкаи дуюм номи Феррелро гирифтааст.
Бузургии миёнаи фишор барои сатхи замин ва нимкурахо. Бузургии миёнаи фишор барои сатхи замин ва сатхи бахр ба 1013 гПа (гектопаскал) баробар аст ва вобаста ба пасту баландихои китъавии назди сатхи бахр ба 982 гПа мерасад. Бузургии миёнаи фишор дар нимкураи Шимол ва Чануб аз нимсолаи зимистон то тобистон паст мешавад. Дар давоми сол аз нимкураи Шимолй ба нимкураи Чануби ва баръакс 1013 т хаво интикол дода мешавад, ки тахминан 1/500 хиссаи тамоми хавои атмосфераро ташкил медихад.