Главная / Илм / Газваи Табук – хичрат Мухаммад ба Сурия (Византия)

Газваи Табук – хичрат Мухаммад ба Сурия (Византия)

Соли 631 соли 9-уми хичрат Мухаммад (с) ба сарфармондехии сипохи азиме ба суи сархади арабу Византия (Сурияи имруза) харакат мекунад. Пеш аз ин сафар Паёмбар (с) бар хилофи одат, эъломи омодаги ва сафарбари ба ин чангро дода буд. Аз баски мавсими гарми сол ва мавриди чамъоварии хосили мева буд, баъзехо алалхусус мунофикин аз ин сафар сарпечиданд. Сабаби икдом ба ин сафар он буд, ки Паёмбар (с) хабар ёфта буд, ки Рум дар кишвари Шом сипохи азиме тачхиз намуда ва Хераклус музди яксолаи сипохиёнро пешпардохт кардааст ва кабоили арабии Лахмиён, Чузом, Омала ва Гассонро низ ба ин сипох пайвастааст.

unnamedПаёмбар (с) бо си хазор сарбоз ва дах хазор асп рохии Табук шуд. Вале у, чунон ки аз сарчашмахо маълум аст, пас аз дах руз дар водии сархадии Табук таваккуф кардан, амалиёти харбие огоз накарда, бармегардад. Дар ин сафар ахли бошишгоххои насронияи араб химояи Мухаммад (с) ва озодии эътикодро бо кабули ухдадори дар мавриди пардохти хироч ба даст оварданд. Яхудиён низ даст аз мубориза бардоштанд.

Пас аз баргашт аз газваи Табук як ходисае, ки муаррихон ба он диккат додаанд ва аз назари хаводиси имруз низ чолиб аст мочарои масчиди Зирор мебошад. Мунофикон пеш аз газваи Табук масчиде сохта, паёмбарро барои намозгузори дар он даъват карда буданд, вале Паёмбар (с) ин даъватро то бозгаш аз газваи Табук мавкуф гузошта буд. Баъдан маълум шуд, ки он масчид хамчун пойгохе барои мунофикон ва душманони ислом аст, ки аз тарафи Абуомири рохиб идора мешуд. Баъд аз баргашт аз Табук Паёмбар (с) оёти 107-108 аз сураи Тавбаро дарёфт ва фармони хароб кардан ва сузонидани он масчидро дошт ва ин кор ичро шуд.

Соли 632 (соли 10-уми хичри) Мухаммад(с) озими аввалин ва охирин зиёрат, хаччи исломии “Хонаи Худо” Каъба мешавад. Ин хач(ч) баъдан “Хаччи видоъ” номида шуд. Баъд аз анчоми хач(ч) Мухаммад(с) бо хамрохонаш ба Мадина бармегардад, баъд аз се мохи хамон сол аз илтихоби пардаи шуш дар синни 63 солаги вафот мекунад.

Дар тули дах соли зиндагии худ дар Мадина, чунон ки дар ибтидои ин кисмат арз шуд, Паёмбар (с) сию хашт сария (чангхо бидуни иштироки шахси) ва бисту хафт газо (чанг бо иштироки у), барои баркарории ислом гузаронидааст. Дар ин байн нух газовот (Бадр, Ухуд, Хандак, Курайза, Мусталик, Хайбар, Фатхи Макка, Хунайн ва Тойиф) аз чангхои бузурги сарнавиштсоз будаанд. Ин китоб зарфияти баёни муфассали амалиётхои харбии Паёмбари ислом (с) ва рафтори у ва мусулмонон дар ин корзорхоро надорад, мо наметавонем бештар аз он чи гуфта шуд, чизе илова кунем, вале омузиши таърихи футухоткишваркушоихои низомию сиёсии ислом хеле зарур аст. Бидуни омузиши ин чихати таърихи ислом шинохти худи ислом пурра ва кифоя нахохад буд. Газовоти садри ислом, яъне замони Паёмбари акрам (с) чунонки кисман то ин чо дидем, пур аз дарсхои омузишии ахлокиву маънави, дарси адлу инсоф, гузашту бахшиш ва шахомату мардонагист.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …