Шурои исломия ва Шурои уламо. Дар шароити кишвари Тур- кистон яке аз ташкилотохои сернуфуз Шурои исломия ба шумор мерафт. Он 9-уми марти соли 1917 дар шахри Тошканд ташкил ёфт. Яке аз ташкилкунандагони он Мунаввар-кори Абдурашидов буд, ки дар мархалаи аввал ба фаъолияти ин ташкилот сарвари намудааст. Дар таъсиси ин шуро инчунин Мустафо Чокаев (хатмкардаи шуъбаи хукукшиносии донишгохи Петроград) ва Абдулвохид-кори; намояндагони буржуазияи милли: Миркомил Муъминбоев ва Ахмадхон (Ахмадбек) Темирбеков хисса гузош- таанд. Худи хамон мох шуъбахои он кариб дар тамоми шахрхои кишвари Туркистон ва хатто махаллахои руснишини аморати Бу- хоро ташкил шуданд. Ба Шурои исломия намояндагони зиёиёни милли, аз чумла чадидон, буржуазияи ба тозаги ташаккулёбандаи милли, рухониён, заминдорони калон (феодалон), коргарон, ко- сибон, хунармандон ва дехконони махалли дохил мешуданд.
Шурои исломия дар хайати Русия аз чихати милли ва дини мухтор будани кишвари Туркистонро мехост. Нисбат ба замин тарафдори нигох доштани моликияти хусуси буд. Он мукобили чудоии синфи буда, хостори муттахидии тамоми мусулмонон, аз он чумла мусулмонони кишвари Туркистон, яъне дар мавкеи исломгарои буд. Дар масъалаи милли аксари сарварони он мавкеи туркпарастиро ишгол мекарданд.
16 – 23-юми апрели соли 1917 дар Тошканд анчумани аввали- ни Шурои исломия барпо гардид. Дар он намояндагони 42 шуъ- баи шуро иштирок доштанд. Анчуман карор кард, ки кишвари Туркистон бояд аз чихати сиёсию фарханги кишвари мухтор ва мустакил бошад. Анчуман Хукумати муваккатии Русияро эъти- роф намуда, сиёсати онро нисбати кишвари Туркистон маъкул шуморид. Дар анчуман Шурои кишварии мусулмонони Туркис- тон дар хайати М.К.Абдурашидов, М.Чокаев, М.Бехбуди ва ди- гарон интихоб шуд. Аммо дар хайати сарварони Шурои исломия якдили вучуд надошт. Муборизаи гуруххо барои ба даст овар- дани сарварии шуро мушохида мешуд. Махсусан, намояндаго- ни рухониён аз фаъолияти он чандон каноатманд набуданд, зеро онхо мехостанд, ки шуро танхо дар асоси талабхои Куръони ша- риф ва шариат амал кунад. Инчунин, тамоми фаъолияти Шуроро дар зери назорати худ гирифтани буданд, то ин ки Шуро аз руйи накшаи онхо амал кунад. Аксари аъзои Шурои исломия Куръони шариф ва шариатро мукаддас хисоб кунанд хам, кори шуроро мувофики талаботи замон пеш бурдани буданд. Дар натича на- мояндагони рухониён аз амали гардидани максадхои худ ноумед шуда, мохи июни хамон сол аз хайати Шурои исломия барома- данд ва ташкилоти мустакили худро бо номи Шурои уламо бун- ёд карданд.
Ба Шурои уламо намояндагони рухониён, заминдорони ка- лон, кисман зиёиён, умуман онхое, ки макоми динро дар хаёти чамъиятию сиёси баланд бардошта, асосхои шариатро пурра чори кардани буданд, дохил гардиданд. 17 – 20-уми сентябри соли 1917 онхо низ дар шахри Тошканд анчуман даъват карданд. Дар он карор карда шуд, ки шуъбахои шуроро дар хамаи шахрхои кишвари Туркистон бунёд намоянд.
Шурои исломия ва Шурои уламо оид ба такдири минбаъдаи кишвари Туркистон асосан хамфикр буданд, яъне онхо мухто- рияти фархангию сиёсии кишварро тарафдори мекарданд. Ба ин Анчумани III мусулмонони кишвари Туркистон, ки бо ташаббуси шурохои номбурда мохи сентябри соли 1917 дар Тошканд чамъ омад, гувохи медихад.