Главная / Чугрофия / ХАРИТАХО. КОР БО ХАРИТА

ХАРИТАХО. КОР БО ХАРИТА

 ХАРИТАХО. КОР БО ХАРИТА

Мазмун ва ахамияти харитахои географй. Хама гуна тахкико- ти географи аз харита огоз шуда, бо харита ба анчом меёбад. Ин чунин маъно дорад, ки худуди тахкикшаванда дар ибти- до аз руйи харита бо диккат омухта мешавад, сипас ба мавзеи 25 тахкик рафта, маълумотхои харитро амик ва пурра мекунанд. Сатхи замин, аз чумла каламрави тахкикшавандаро дар ха- ритахои географи тавассути проексияхои картографи ва ало- матхои шарти нишон медиханд. Аз ин чо одамон дар бораи сатхи Замин ва каламрави тахкикшаванда аз руйи харитахо тасаввурот хосил менамоянд. Харитахо дар хаёти харруза бо максадхои мухталиф истифода бурда мешаванд: дар корхои илмию тахкикоти, бахрнаварди, харби, сохахои хочагии халк. Ин водор менамояд, ки на факат олимон, балки хамаи ода- мон бояд малакаи харитахони дошта бошанд. Малакаи ха- ритахони чунин маъно надорад, ки дар харита номи шахрхо, дарёхо, куххо, кулхо ва гайраро хонда тавонем. Инро хар шах- се, ки харфро хонда метавонад, ичро карда метавонад. Хонда тавонистани харита чунин маъно дорад, ки дар харита чи тавр ин ва ё он кишвар акс ёфтааст, хамон тавр тасаввур карда та- вонад. Харитахои географиро, чи тавре ки каблан баён наму- дем, дар сохахои гуногун бо максадхои гуногун истифода ме- баранд. Вобаста ба ин онхоро бо мазмун ва микёсхои гуногун тайёр менамоянд.

Тафовути харитахо аз руйи микёс. Микёси харитахо гуногун мешавад. Онхоро, одатан, ба харитахои калонмикёс, миёна- микёс ва хурдмикёс чудо менамоянд. Онхоро аз «Географияи табии» барои синфи 6, ба хотир оред.

Харитахои калонмикёс дар микёси аз 1 : 200 000 калонтар – 1 : 1000, 1 : 10 000, 1 : 25 000, 1 : 50 000, 1 : 100 000 тартиб дода мешаванд. Дар чунин харитахо махал муфассал тасвир карда мешавад. Онхоро харитахои топографи ё ки умумигеографи мегуянд. Ин гурухи харитахоро барои корхои илми, харби, кофтуковхои геологи, сохтмон, рохсози ва гайра, ки ченку- нихои дакикро талаб менамоянд, истифода мебаранд.

Ба харитахои миёнамикёс харитахое дохил мешаванд, ки дар микёси аз 1 : 200 000 то 1 : 100 0000 тартиб дода шудаанд. Чу- нин харитахо барои тахкикоти умуми гузаронидани каламрав ва хисобкунихои на чандон дакик истифода бурда мешаванд. Онхоро харитахои тавсифию топографи меноманд. Ба ха- ритахои хурдмикёс бошад, харитахое дохил мешавад, ки дар онхо сатхи замин аз 1 : 1000000 маротиба хурд нишон дода ме- шавад. Аз руйи ин гуна харитахо худуди фаррохро меомузанд, 26

 

ки бештар дар чараёни таълими география истифода бурда ме- шаванд.

Маводи иловаги. Дар чараёни тартиб додани харита бароба- ри хурд шудани микёси он объект ва ходисахои географи пур- ра тасвир карда намешаванд. Мисол, 1 километри мураббаъ масохат дар харита бо микёси 1 : 100 – 1 метр, бо микёси 1:1000 – 1 детсиметр, бо микёси 1 : 100 000 – 1 сантиметр, бо микёси 1:100 0000 – миллиметри мураббаъ масохат акс карда мешавад. Аз ин чо маълум аст, ки дар харита дар микёси 1 : 1000 китъаи хурди масохат бо пурраги, дар микёси 1 : 1000 000 бошад, хам- чун як нукта тасвир карда мешавад.

Чамъбасти картографи. Аз мисоли дар боло зикрёфта маъ- лум аст, ки дар харитахо пурра ва амик тасвир ёфтани объ- ект ва ходисахои географи ба калони ва хурдии микёс вобаста мебошад. Катьи назар аз ин, дар харитахои калонмикёс хам махалро хаматарафа пурра тавсиф намудан душвор аст. Би- нобар ин, хангоми тартиб додани харитахо аввал хамон обь- ектхоро интихоб менамоянд, ки ба микёс мувофик ояд ва он барои махалли дар харита тавсифшаванда обьекти мухим ба хисоб равад. Дар харитахои калонмикёс обьектхо муфассал- тар тавсиф карда мешаванд, аммо дар харитахои хурдмикёс бисёр обьектхо истисно ва бо хам якчоя карда мешаванд. Аз ин чо интихоб ва чамьбасти обьектхои географиро, ки муво- фики микёс дар харита тасвир карда мешаванд, генерализатси- яи картографи (чамьбасти картографи) меноманд.

Аломатхои шарти. Барои дар харитахо тасвир кардани объ- екту ходисахои географи аз аломатхои шартии махсус исти- фода мебаранд. Шархи он дар тавзехи харита дода мешавад. Азхуд намудани он калидест барои хондани харита.

Аломатхои шартие, ки дар тавзех нишон дода мешаванд, ба се гурух таксим мешаванд: контури (тархи), хатти ва гай- римикёси. Бо аломатхои шартии контури масохати чангал, ботлок, кул, махаллаи шахрхо, бо аломатхои шартии хатти дарё, чуй, сархад, канал, рох ва гайра ифода карда мешаванд. Аломатхои шартиеро, ки ба микёси харита мутобикат намеку- нанд, аломатхои шартии гайримикёси мегуянд. Бо ин навъхои аломатхои шарти дар харитахои калон ва миёнамикёс заводу фабрика, осиёбу истгоххои барки, ёдгорихои табии, таърихи ва гайра нишон дода мешаванд. Онхо расм ва ё шаклхои одии геометри буда, ба шакли объектхои дар харита аксёфта ша- бохат доранд.

Гайр аз аломатхои шартии дар боло зикрёфта, инчунин, ало- матхои шартии самтмуайянкунанда ва тафсири вучуд доранд. Онхо дар харита тавсифи объектхоро комил менамоянд. Ба чу- нин аломатхои шарти акрабаки нишондихандаи самти чараё- ни дарё, харакати бод, акси дарахте, ки дар бешазор бартари дорад (пахнбарг ва ё сузанбарг), дохил мешавад. Бар хилофи харитахои умумигеографи дар харитахои мавзуи (сохави) ди- гар шаклхои тасвири объектхои географиро истифода меба- ранд. Яке аз онхо тасвири рангаи харита мебошад. Бо ин усул сархадхои алохида аз якдигар фарк карда мешаванд. Хар як худудро бо ранги алохида тасвир менамоянд. Мисол, харитаи сиёсии чахон ва харитаи сиёсии маъмурии мамлакатхои алохи- да, аз чумла Точикистон. Ин усул дар тартиб додани харитаи хок, наботот, сохти геологи, тектоники истифода бурда меша- вад. Баландихои якхелаи сатхи Заминро дар харитаи табии бо изохатхо ифода менамоянд. Чукурихои якхелаи зери бахр ва укёнусро бошад, бо изобатхо тасвир мекунанд. Дар харитаи иклими харорати якхелаи кишвархои гуногунро бо изотермхо бо хам пайваст менамоянд. Хатхои харакатро дар харитаи нак- лиёт барои ишора намудани самтхои харакати наклиёт исти- фода мебаранд.

Проексияхои картографи. Проексияхои картографи воситае мебошанд, ки бо усулхои риёзи сатхи Заминро дар харита тас- вир менамоянд. Вобаста ба вазифа ва таъиноти харитахо дар тартиб додани онхо намудхои гуногуни проексияхо истифода мешаванд. Мисол, барои тартиб додани харитахои бахрна- варди аз проексияхои баробаркунч истифода мебаранд. Ба он хотир, ки кунчи ченкардашудаи ин харитахо ба кунчи махале, ки кишти харакат мекунад, бояд мувофик бошад. Барои хамин дар ин харитахо тахрифоти кунчхо бартараф карда шудааст. Тахрифоти дарози, масохат ва гайра боки мемонад. Баъзе амалиёт талаб менамоянд, ки дар харита масохат тахриф на- ёбад. Мисол, масохати материкхо, бахрхо, укёнусхо, давлатхо ва амсоли инхо. Проексияе, ки ба ин талабот чавоб медихад, онро проексияи баробармайдон мегуянд. Харитахое, ки дар онхо кам хам бошад, хамаи навъи тахрифот дида мешаванд, дар асоси проексияи ихтиёри тартиб дода мешаванд. Аз ин чо вобаста ба талабот проексияи картографи баробаркунча, ба- робармайдон ва ихтиёри мешавад.

Муайян намудани тахриф дар харита. Хангоми тасвири сатхи Замин дар харита чор навъи тахриф ба миён меояд. Тахрифи кунчхо, дарозии хатхо, масохат (майдон), шаклхои геометрии объектхои географи, ки дар харита тасвир карда шудаанд. Каму зиёдии тахриф дар харитахо ба калон ва хурдии сатхи тасвирёфтаи Замин вобаста мебошад. Аз хамин сабаб тахриф дар харитахои хурдмикёс зиёд буда, дар харитахои калонмикёс ва миёнамикёс амалан мушохида карда намешавад. Барои му- айян намудани тахриф аз хама рохи осон мукоиса намудани шабакаи картографии харита бо шабакаи картографии глобус мебошад. Меридианхои глобус дар байни худ баробар мебо- шанд. Онхоро хатхои мутавозеъ дар зери кунчи рост бурида мегузаранд. Дар глобус дарозии камони 10 меридиан дар хама кисми он такрибан ба 111 километр баробар мебошад. Хатхои мувози аз якдигар дар масофаи якхела чойгир шудаанд. Вобаста ба ин катакхои шабакаи градуси байни хатхои мувози хамсоя шакл ва хачми якхела доранд. Онхо аз хати устуво ба самти шимол ва чануб хачман торафт хурд ва танг мешаванд. Дар харитахо бошад, хачм ва шакли катакхои байни хатхои мувози хамсоя ва порахои меридианхо як хел нестанд. Ин дар харитахо аз мавчуд будани тахрифи шакл ва масохат гувохи медихад.

Харитахои топографи. Харитахои топографи ба харитахои калонмикёси умумигеографи мансубанд. Дар чунин харитахо объектхои табии, иктисоди ва ичтимои дакик ва муфассал ни- шон дода мешаванд. Одатан, онхо дар микёси 1:500 – 1:100 000 тартиб дода мешаванд. Аммо харитахои тафсирию топографи дар микёси 1:200 000 – 1:1000 000 сохта мешаванд. Онхоро асо- сан бо усули харитасози тартиб медиханд. Барои ченкунихои амик ва муайян намудани мавкеи хакикии объектхои географи тартиб додани харитахои топографии калонтарин зарур аст. 30

Ба ин максад харитаи микёсаш 1:100 000 – ро аз сари нав бо меридиан ва хатхои мувози такроран таксим мекунем. Дар на- тича харитахои топографии микёсашон калонтарин хосил ме- шаванд.

Тасвир ва омухтани релеф дар харитаи топографи. Нохамво- рии сатхи хушки, ки онро релеф мегуем, яке аз унсурхои асосии табиат ба хисоб меравад. Гуногунии шаклхои он хусусияти ди- гар унсурхои табии ва иктисоди (гуногунии иклим, пахншавии хок, наботот, чойгиршавии роххо, сохахои кишоварзи, кор- хонахои саноати, махалхои ахолинишин ва гайра) -ро муайян мекунад.

Ин аз руйи харитахои калонмикёс хаматарафа омухтани релефро талаб менамояд. Бе ин амалиёт шаклхои гуногуни релеф (куххо, доманакуххо, адирхо, хамворихо ва гайра) -ро мувофики талаботи хочаги истифода бурдан душвор аст. Ба ин максад дар харитахои топографи релефро бо хатхои уфуки, ё ки изогипсхо (хатхое, ки баландихои якхеларо пайваст ме- кунанд) тасвир менамоянд. Хатхои уфуки дар табиат дар на- тичаи дар фосилаи муайяни худуд фарк намудани баланди хосил мешаванд. Онро баландии буриш (марзи) мегуянд. Хар як фосилаи фарки баланди як баландии буришро ба миён ме- оварад. Мисол, дар худуди хамворию доманакух, хамворию адир, миёнакух, баландкух байни хамворихои баландиашон гуногун ва гайра. Аз ин чо фарки баландии хатхои уфуки ба баландии буриш баробар мебошад. Агар дар харита хатхои уфуки хар кадар зич чойгир шуда бошанд, махал хамон кадар баланд буда, нишебии он аз хад ростфаромада мебошад. До- нистани ин холатхо ба мо имкон медихад, ки аз руйи хатхои уфуки баланди ва нишебии як махали сатхи Заминро аз руйи тарзи чойгиршавии (зич ё васеъ) як хати уфуки нисбат ба ди- гараш муайян намоем. Ба ин максад дар самти чанубии чорчу- баи харитахои топографи баландии буриши релеф ва чадвали баландихо чойгир карда шудааст. Баландии мутлак (аз сатхи бахр) дар харитахои калонмикёс, миёнамикёс ва хурдмикёси каламрави собик Иттиходи Шурави, аз он чумла Точикистон аз сатхи бахри Балтик хисоб карда шудааст. Барои омухтани релефи дар харитахои топографи тавсифёфта аломатхоеро, ки тавассути онхо самт, моилии нишебихо, нохамвории махал, 31 баландии нуктахо нисбат ба сатхи бахр ва баландии як нукта нисбат ба дигарашро ифода менамоянд, бояд хуб донист. Ми- сол, агар самти нишеби дар харита нишон дода нашуда бо- шад, аз руйи шакли хатхои уфуки кухро аз чукури фарк кардан душвор аст. Аз хамин сабаб, хангоми дар харита гузаронидани хатхои уфуки барои ифода намудани самти нишеби ба хатхои уфуки ва амуди хати кутох кашида мешавад, ки онро берг- штрих меноманд. Тавассути нишондихандахои адади балан- дии хатхои уфуки ва нишонахои нуктаи баланди – баландии онхоро аз сатхи бахр нишон медиханд.

Дар поёни харитахои топографи барои муайян намудани майлони нишебихо чадвали ададхо тартиб дода шудааст. Дар поёни асоси ин чадвал майлони нишебихо бо дарача ва дар хатхои нисбат ба асос амуди кашида, мувофики микёси хари- та масофаи байни хатхои уфуки ишора карда шудаанд, ки та- вассути онхо майлони нишебихо аз руйи харитахои топографи муайян карда мешаванд.

Тасвири релеф дар харитахои хурдмикёс. Тасвири релеф дар харитахои хурдмикёс аз харитахои калонмикёс (топографи) фарк мекунад. Дар онхо объектхои географи муфассал акс на- меёбанд. Бисёри онхо истисно ва якчоя карда мешаванд. Бо ха- мин максад баландии марзаи буришро афзун ва хатхои уфуки- ро умуми (яъне якчанд зинаи баландиро якчоя) менамоянд. Аз руйи чунин хатхои уфуки факат дар бораи баландии мутлаку нисбии нуктахои сатхи Замин ва моилии нишебихо маълумот гирифтан мумкин аст. Дигар фарки харитахои хурдмикёс аз ха- ритахои топографи дар он аст, ки баландии махалро бо хатхои уфуки ва масофаи байни онхоро бо усули рангкуни тасвир ме- кунанд, яъне дар онхо фарки зинахои баланди хам бо хатхои уфуки ва хам бо ранг ифода карда мешаванд. Дар ин сурат фа- зои байни хатхои уфукии пастию пастхамихоро ифодакунан- да дар харитахои табии бо ранги сабзи гуногунтобиш, адир, доманакух ва баландкуххо бо рангхои зард, норинчи ва кахва- ги ранг карда мешаванд. Ивазшавии рангхо аз сатхи бахр ба тарафи куллаи куххо аз тадричан баланд шудани сатхи махал гувохи медихад. Бо хамин усул чукурии бахру укёнусхо низ дар харитахо ифода карда мешавандя яъне чукурихои гуногуни якхеларо бо изобатхо (хатхои чукуриаш якхела) пайваст намуда, фазои байни онхоро бо ранги кабуди тобишхои гуногун- дошт ифода мекунанд. Зинахои баланди ва чукуриро хамчун чадвал тартиб дода, дар поёни харитахо бо дигар аломатхои шарти якчоя тасвир менамоянд. Аз руйи харитахои табии, ки дар онхо релефи сатхи Замин тасвир гардидааст, на факат ба- ландии хатхои уфуки, нуктахо ва моилии нишебиро муайян ме- кунанд, инчунин аз руйи онхо бо максадхои гуногун профили (буриши) релефи махалро тартиб медиханд. Мисол, барои муайян намудани фарки худуди наботот, хок, чинсхои кухи про- фили геоботаники, хок, геологи тартиб медиханд. Профили релефро хангоми ба накша гирифтани сохтмони накб (тунел), руди сунъи, роххо низ омода месозанд. Профили муфассал аз руйи харитахои калонмикёс (топографи) ва тавсифи бошад аз руйи харитахои табиии хурдмикёс сохта мешавад. Барои тар- тиб додани профили релефи махал аввал дар байни ду нуктае, ки дар харита аз якдигар дар масофаи дур вокеъ гардидаанд, як хат кашида, нуктахоро бо харфхои А ва Б ишора менамоем. Баъд як чадвал месозем, дар он чо баландии нуктахо ба хисоби метр ва дар харита ба хисоби сантиметр мувофики хар як нукта навишта мешавад. Дар асоси маълумоти чадвал профилро ме- созем. Барои ин ду микёс интихоб мекунем (уфуки ва амуди). сипас дар руйи вараки катакдор мувофики микёси харита да- розии хатеро, ки дар харита нуктахои А ва Б-ро пайваст наму- дааст, бе тагйир айнан мегузаронем. Баъд аз ин аз тарафи чап ба он амуди як хат мекашем. Мувофики микёси амуди дар хати амуди нишондоди баландии нуктахо дар хати уфуки (А ва Б) кашида шавад, мувофики микёси уфуки натичаи ченкуни байни нуктахо гузошта мешавад. Дар он чое, ки нуктахои буриш хосил шудаанд, онхоро бо хати кач пайваст менамоем.

Инчунин кобед

ЧОЙГИРШАВИИ ИНШООТХОИ МЕРОСИ ЧАХОНИ ДАР НОХИЯХОИ КАЛОНТАРИНИ ДУНЁ

ЧОЙГИРШАВИИ ИНШООТХОИ МЕРОСИ ЧАХОНИ ДАР НОХИЯХОИ КАЛОНТАРИНИ ДУНЁ Нохия Шумораи иншоот Хиссаи онхо дар микдори …