Главная / Чугрофия / ХАРИТАИ КУНУНИИ СИЁСИИ ЧАХОН

ХАРИТАИ КУНУНИИ СИЁСИИ ЧАХОН

Нахустин давлатхо кай дар кураи Замин пайдо шуданд? Мархалахои гуногуни таърихй ба ташаккулёбии харитаи цахонй чй гуна таъсир расонд? Айни замон дар харитаи сиёсии чахон чй дигаргунихо ба амал омаданд?

Мархалахои ташаккулёбии харитаи сиёсии чахонро шумо хануз аз омузиши фанни география дар синфи VII ва таърих дар синфи IX омухтаед. Чдраёни ташаккулёбии он хеле тулонй буда, тамоми даврахои таърихии чамъияти инсониро инъикос менамояд. Харитаи сиёсй дар давоми садсолахо бо мурури пайдоишу пош хурдани давлатхои алохида, тагйирёбии сархад, кашфи китъаю заминхои нав, авчгирии сохти мустамликадорй, таксимоти чахон аз чониби давлатхои абаркудрат хамеша дигаргун мешуд. Аз ин чихат, харитаи сиёсии чахон мавзуи омузиши географияи сиёсй буда, он яке аз шохахои мухимми географияи иктисодию ичтимой ба хисоб меравад.

Умуман, ташаккулёбии харитаи сиёсии чахонро ба давраи кадим, асрхои миёна, нав ва навтарин чудо мекунанд. Чунин таксимот шояд на хамаи пахлухои инкишофи харитаи сиёсиро дар бар гирад, вале конуниятхои асосии онро инъикос менамояд.

Давраи кадим (асри V то милод) замони сохти гуломдориро дар бар гирифта, равнаку ривоч ва таназзули нахустин давлатхои дунё-Мисри Кадим, Карфаген, Юнони Кадим, Рими Кадим ва гайраро тачассум менамояд. Ин давлатхо дар инкишофи тамаддуни чахонй хиссаи бебахо гузоштаанд, вале дар он замон ягона рохи тагйир додани сархади худро дар тахдиди чанг ва зуроварй медиданд.

Дар асрхои миёна ташаккулёбии харитаи сиёсии чахон (асрхои ^-Х^) ба давраи феодализм алокаманд аст. Сохтори сиёсии давлатдории феодалй нисбат ба давраи гуломдорй хеле мураккабу ганитар буд. Дар асоси равнаки бозори дохилй дар ин давра парокандагии хочагию нохияхо пешгирй карда шуд ва хамеша кушиши забту васеъкунии худуди давлатхои феодалй ба назар мерасид. Кисмхои бузурги хушкии кураи Замин (чунончи,
Аврупо) байни давлатхои гуногун таксим шуда буд. Византия, Киеви Рус, империяи Рим, Португалия, Англия, Испания номгуйи нопурраи давлатхои асрхои миёна мебошанд.

Давраи нав (аз асри XV то анчоми Чанги якуми чахон) ба замони болоравию пойдории капитализм мувофик мсояд. Ба харитаи сиёсй кашфиётхои бузурги гсографй, ки дар хадци форматсияхои чамъиятию иктисодии феодализму капитализм меистод, тагйиротхои чиддй дохил намуд. Он ба вассъ гардидани доираи мустамликадории давлатхои Аврупо ва робитахои иктисодии байналмилалй дар микёси тамоми чахон асос гузошт.

Харитаи сиёсии чахон дар асрхои XIX – XX бо сабаби шиддат гирифтани муносибати давлатхои бузург нисбат ба таксимоти чахон хеле ноустувор гардид. Масалан, агар соли 1876 хамагй 10 дарсад майдони Африка ба давлатхои Аврупои Барби мансуб буд, пас соли 1900 ин нишондиханда ба 90 дарсад расид. Дар ибтидои асри XX чунин таксимот пурра ба охир расиду минбаъд ин таксимкунй бо рохи зуроварй анчом меёфт.

Давраи навтарин дар ташаккулёбии харитаи сиёсии чахон, пеш аз хама ба огозу анчоми ду чанги чахонй, таъсисёбии системаи чахонии сотсиализм ва пош хурдани он алокаманд мебошад.

Дар мадди аввал, баъди Чанги якуми чахон империяи Австро – Венгрия пароканда шуда, давлатхои мустакил, аз кабили Лахистон (Полша), Чехословакия, Руминия ва гайра ташкил ёфтанд ва аз тарафи дигар империяхои мустамликавии Британияю Фаронса (Франсия) ва Чопон (Япония) васеъ гардиданд. Дар Русия бошад, Инкилоби Октябр галаба карда, сохти давлатдории сотсиалистй ба вучуд омад.

Дар мадци дувум, баъди Чанги дуюми чахон Олмон (Германия)-и фашистй ва Чопон пурра шикает хурда, иктидори давлатхои зиддигитлерй мустахкам шуд ва аз тарафи дигар он ба парокандашавии мустамликадорй овард. Баъди як муддати кутох зиёда аз 100 давлат дар Осиё, Африка ва Амрикои Лотинй мустакил гардиданд.

Хусусан, шикасти Олмон (Германия)-и фашистй боиси эътибори баланду минбаъд пуркувват шудани Иттиходи Шуравй ва дар ин асно барпо шудани давлатхои нави сохти сотсиалистй дар Аврупо ва Осиё гардид. Хамин тавр, баъди Чднги дуюми чахон (аз соли 1945 то 1990) 102 давлат ба истиклоли сиёсй ноил шуданд.

Дар мадди сеюм, пош хурдани Иттиходи Шурави, Югославия ва Чехословакия дар аввали солхои 90-ум боиси дигаргунии навбатй дар харитаи сиёсии чахон гардид. Аз ин лихоз, дар охири асри XX дар харитаи сиёсии чахон аллакаи 230 мамлакат ва худудхои алохида ба каид гирифта шудаанд. Вале дар баробари зиёдшавии микдор бояд пешравии сифат низ ба эътибор гирифта шавад. Масалан, агар соли 1900 дар чахон хамаги 57 давлати сохибихтиёр вучуд дошта бошад, пас микдори он пеш аз Чднги дуюми чахон ба 71 ва соли 2012 ин нишондиханда ба 194 расид.

Давлатхо бо масохат ва микдори ахолии худ фарк мекунанд. Масалан, аз руии шумораи ахоли дах давлати калонтарин ба хисоб гирифта шудааст, ки хар кадом зиёда аз 100 млн ахоли дошта, дар якчояги аз 3/5 хиссаи ахолии чахонро дар бар мегиранд.

Дар харитаи сиёсии чахон бештари давлатхо аз чихати хачми миёна ва нисбатан на он кадар калон бартари доранд. Дар баробари ин, боз давлатхои аз чихати масохат нихоят хурд низ вучуд доранд, ки ахолии онхо аз 10 то 30 хазор нафар мерасад. Онхоро аксар давлатхои «хурд» ва ё «хурдтарин» меноманд. Ба ин гурухи давлатхо дар Аврупо-Андора, Лихтенштеин, Монако, Сан-Марино, Ватикан; дар Амрико- Барбадос, Гренада, Сент- Люсия ва гаира; дар Океания Тонга, Науру; дар Африка- Маврикии, чазирахои Сеишел ва гаира дохил мешаванд.

Хангоми омузиши харитаи сиёсии ин ё он давлати алохида, пеш аз хама ба мавкеи он дар сохаи сиёси ва ё иктисоди бахо дода мешавад. Аз тарафи дигар ин мавкеъ низ гуногун буда, боз ба он чихатхои дарачаи инкишофи иктисодию ичтимои, тамоили сиёси, андозаи демократи будани сохтори хокимият, хамкори бо иктисодиёти чахони ва гаира дохил мешаванд.

То солхои 90-уми асри XX тамоми давлатхои чахонро аз руии се навъи асоси: сотсиалисти, давлатхои мутараккии капиталистй ва ру ба инкишоф фарк мекарданд.

Баъди пош хурдани сохти чахонии сотсиалисти чунин навъи таксимот тагиир ёфт. Х,оло аксари давлатхои чахонро ба се гурух:      аз чихати иктисоди инкишофёфта, ру ба

инкишоф вй мймлйкйтхои 6й иктисодиёти бозоргони гузаранда (яъне гузаштан аз сохти банакшагири ба бозоргони) таксим мекунанд. Бй давлатхои дар холати гузариш мансуббуда, пеш аз хама    сотсиалистии Аврупои Шарки, Иттиходи

Давлатхои Мустйкил (ИДМ) ва Чумхурии мардумии Чин (Хи- тои) дохил карда мешаванд.

Айни замон аз руйи харитаи сиёсй давлатхоро аслан ба ду гурух чудо мекунанд: давлатхои аз чихати иктисодй инкишоф- ёфта ва ру ба инкишоф. Меъёри асосии ин таксимот дарачаи инкишофи иктисодию ичтимоии ин ё он давлат буда, бо ёрии нишондихандаи мачмуи махсулоти дохилй (ММД) ба сари ахолй муайян карда мешавад. Мо тасмим гирифтем, ки минбаъд дар китоби дарсй таксимоти давлатхоро бо хдмин минвол, яъне аз чихати иктисодй инкишофёфта, ру ба инкишоф ва ба иктисоди бозоргонй гузаранда ифода намоем.

Инчунин кобед

МАМЛАКЛТХОЕ, КИ ЗАХИРАХОИ БУЗУРГТАРИНИ НАФТ ДОРАНД

МАМЛАКЛТХОЕ, КИ ЗАХИРАХОИ БУЗУРГТАРИНИ НАФТ ДОРАНД Мамлакат Захирахои тадкикшуда (млрд т.) Мамлакат Захирахои тадкикшуда (млрд …