ХИКМАТИ МУТАЪОЛИЯ, яке дигар аз мактаби фалсафии исломи аст, ки аз тарафи марди эроние бо номи Садр-ул-Мутаолихин Шерози (ваф. с.1050 х.к.) поягузори шуд. Садр–ул–Мутаолихин расман фалсафаи худро хикмати мутаолия хонд ва бо хамин ном машхур шуд. Калимаи хикмати мутаолия аз тарафи Шайхурраис Абуали Сино низ дар китоби “Ишорот ва танбехот” ба кор рафтааст вале Садрулмутаоллихин расман фалсафаи худро хкмати мутаъолия хонд ва бо хамин ном машхур шуд. Хикмати мутаолия аз лихози равиш шабехи мактаби ишрокист, яъне ба истидлол ва кашфу шухуд дар якчояги эътикод дорад, вале аз назари усул ва аз назари натичагири тафовут дорад. Дар фалсафаи Садрулмутаоллихин бисёре аз ихтилофоти байни машшоъ ва ишрок ё фалсафа ва ирфон, фалсафа ва калом хал шудааст, вале бо вучуди ин он фалсафаи илтикоти (эклектики) нест, балки як низоми хоси фалсафи аст.
Инчунин кобед
Фирма чист? – шакл, намуд ва барои чи лозим?
Дар адабиёти муосири иктисоди хамчун зинаи ибтидоии илми «Назарияи иктисод», вохиду раванди алохида, объекти мустакил …