НОМИ ФИРМАВИ
Дар муомилоти граждани дар баробари фардикунонии шахсони вокеи, зарурат ба фардикунонии шахсони хукуки низ чой дорад. Дар м. 55 КГ омадааст, ки шахси хукуки номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию хукукиаш ишора карда мешавад. Номи шахси хукуки дар хуччатхои таъсисии он нишон дода мешавад. Вале худ ба худ номи шахси хукуки объекти хифзи хукуки моликияти зехни нест, зеро муомило- ти молумулки ба он ниёз надорад. Бинобар ин, на хама воси- тахои фардикунонии иштирокчиёни муомилоти граждани бо конунгузории моликияти зехни хифз мегарданд.
Дар муомилоти граждани шахсони хукукие иштирок мекунанд, ки ба таври касби максадашон ба даст дароварда- ни фоида ва ё имтиёзхои молияви буда, ба истехсоли мол, хизматрасони ва гайра доимо машгул мебошанд. Дар ин чо зарурати мутакобила ба фардикунонии онхо ба миён меояд: аз як тараф, контрагентхо, истеъмолкунандагон ва гайра дар боэътимодии субъекте, ки бо он сарукор доранд, манфиат- дор мебошанд. Бехуда нест, ки таърихан пайдоиши номи фирмави дар Италиё бо функсияи асосии он, нишондод ба шахсе, ки аз руи ахдхо масъулият дорад, вобаста буд.
Аз тарафи дигар, худи субъект хавасманд ва манфи- атдор аст, ки номи уро ба таври муайян бишиносанд ва бо ин ном маъруф шуда, уро бо дигар субъектон омехта наку- нанд. Ин омили мухими ба даст овардани фоида, имтиёз ва РК мебошад. Сарфи назар аз чунин табиати «ихтиёрии» но- ми фирмави, муомилоти муосир талаботи хатмиро нисбат ба шахсони хукукии тичорати гузошта, конунгузории граж- дании Точикистон мукаррар менамояд, ки чунин шахсон бо- яд номи фирмави дошта бошад. Зарурати доштани номи фирмави танхо ба шахсони хукукии тичорати дар инкишофи. Хамин тавр, конунгузории граждании ЧТ имконияти доштани номи фирмавиро танхо нисбат ба шахсони хукукии тичорати пешбини карда, кисми бокимондаи шахсони ху- куки танхо номи расми дошта метавонанд, харчанд дар ама- лия баъзан бо номи фирмавии шахсони хукукии гайрити- чорати ва сохибкорони инфироди низ дучор шудан мумкин аст. Масалан, дар оинномаи муассисаи давлатии «Мудири- яти минтакаи зериобшавандаи Неругохи барки обии Рогун», ки бо карори Хукумати ЧТ аз 6 январи с. 2011, № 3 тасдик шудааст. Ё ин ки к. 5 м. 133 КГ ишора ба номи фирмавии ассотсиатсияхо кардааст.
Кобили зикр аст, ки мафхуми расмии номи фирмавиро конунгузории Точикистон пешбини накардааст, вале дар асоси тахлили низомноки меъёрхои гуногун ва адабиёти ху- куки чунин мафхумро пешкаш кардан мумкин аст: номи фир- мави гуфта номеро (ифодаеро) меноманд, ки функсияи фарди- кунонии шахси хукукии тичоратиро дошта ва субъекти маз- кур бо истифодаи он дар муомилоти граждани иштирок ме- кунад. Хамин тавр, таъиноти асосии номи фирмави – ин фар- дикунонии шахси хукукии тичорати мебошад, вале хамзамон дигар накшхоро низ ичро мекунад (маъруфгарди, фоидаи ило- ваги ва гайра).
Танзими умумии номи фирмави дар Точикистон гуза- штаи таърихи дорад. Хануз дар солхои аввали хокимияти шурави дар КГ ЧШСФР (с. 1922) ва баъдан дар Декрети КИМУ ва ШКХ ЧШСФР мукаррарот оид ба номи фирмави чой дошт. Сипас Низомнома дар бораи фирма бо карори КИМ ИЧШС ва ШКХ ИЧШС аз 22 июни с. 1927 тасдик шуд (бо тагйирот аз 17 августи с. 1927), ки амали он дар тамоми худуди собик ИЧШС пахн мегардид.
Азбаски санади мазкур расман бекор нашудааст, дар адабиёти хукуки чунин акида хаст, ки меъёрхои он дар кисми бо конунхои амалкунанда мухолифнабуда, то хол амал мекунанд. Чунин ба назар мерасад, ки масъалаи аз амал бозмондани он, бо кабул шудани к. 4 КГ Русия коми- лан хал шуд. Бо дар назардошти к. 2 м. 7 Конуни ЧТ «Дар бораи санадхои меъёрии хукуки» эхтимолияти чунин амалро дар Точикистон низ тахмин кардан мумкин аст, харчанд ис- тифода ва ё татбики он аз тарафи макомоти хукуктатбикку- нанда ва шахсони ваколатдор мушохида намегардад.
Давраи дигари инкишофи танзими хукукии номи фирмави бо кабул шудани КГ Точикистони шурави (аз 28 декабри с.1963) алокаманд аст. Дар м. 29 кодекси мазкур омада буд, ки шахсони хукуки дорои ном буда, хукуку вази- фахои фаъолияти хочаги, ки бо истифодабарии номи фирма вобастаанд, ки бо конунгузории ИЧШС муайян карда ме- шаванд. Дар партави он фармонхои Раёсати Шурои Олии ИЧШС низ кабул шуда буданд, ки тартиби номгузории муа- ссиса ва ташкилотро муайян мекарданд.
Давраи минбаъдаи инкишофи конунгузори дар сохаи номи фирмави ба кабул шудани санадхои парокандае, ки масъалахои чузъиро хал мекарданд, хусусиятнок аст. Маса- лан, Конуни ЧТ «Дар бораи моликият дар Чумхурии Точикистон» аз 14. 12. 1996с., ба сифати объекти моликияти зехни номи фирмавиро пешбини карда буд (м. 4).
Дар Точикистон, охирхои солхои 90-уми асри гузашта кушиши кабули санади ягона хам шуда буд. Хатто лоихаи Низомнома «Дар бораи номи фирмави» ва баъдан лоихаи Конуни ЧТ «Дар бораи номи фирмави» омода шуд.[1] Вале бо сабабхои гуногун ин санадхо то хадди расми нарасиданд. Имруз низ бо дар назардошти манфиатхои танзими он, кушишхои кабули конуни махсусгардонидашуда мушохида мегардад. Аслан тачрибаи баъзе давлатхо нишон дода исто- дааст, ки чунин санади ягона дар асл функсияи худашро ичро карда наметавонад. Масалан, дар Чумхурии Кир- гизистон хануз 23 декабри с. 1999 Конун «Дар бораи номи фирмави» кабул шуда буд, вале ба чойи халли масъала, тан- зими хукукии онро боз хам мушкилтар гардонид.
Харчанд максад дар як санад гирдоварии хамаи пахлухои танзими хукукии номи фирмави буд, боз зарурати хавола ба дигар санадхои меъёри пешомад. Аз ин чост, ки ин конун чандон самара надода истодааст. Гузашта аз он, гуза- ронидани санчиш аз руи номи фирмави дар шароити набу- дани манбаи ягонаи иттилоот (мисли объектхои хукуки па- тенти ва ё то хадде нисбат ба тамгахои моли) мушкил ва но- мумкин буда, кушиши татбик намудани м. 8 Конвенсияи Па- риж низ бенатича мебошад.
Инчунин санчиши номи фирмави мухлати тулониро ги- рифта (дар Киргизистон он ба 15 руз баробар аст), ба ис- лохоте, ки дар сохаи бакайдгирии шахсони хукуки ва содда- гардонии бакайдгирии сохибкорон дар Точикистон гузаро- нидашуда (низоми «Равзанаи ягона»), бинобар ба вучуд омадани монеахои нави маъмури, халал мерасонанд.
Бинобар ин, ба андешаи мо, аз кабули санади ягона ди- да, такмили КГ мувофики максад аст, зеро хохем нахохем хусусият ва унсурхое, ки дар номи фирмави бояд чойгир ша- ванд, дар санадхои меъёрии махсус, ки вазъи шахси хукукии муайянро танзим мекунад, пешбини карда мешаванд. Маса- лан, номи фирмавии чамъияти сахоми, номи фирмавии чамъияти сахомие, ки ба фаъолияти бонки машгуласт ва гайра. Дар акси хол аз низоми дузина (КГ-конунхои махсус), ЧТ ба низоми сезина (КГ-конуни махсус-конуни номи) гуза- шта, масъаларо бозхам мураккаб мегардонад. Ин акидахо харгиз маънои онро надорад, ки холати хукукхои номи фирмави имруз дар Точикистон дар сатхи лозима буда, за- рурати коркарди меъёрхои навро надорад. Сухан танхо дар бораи самаранокии сатхи он меравад, ки ба андешаи мо дар доираи КГ мувофиктар аст. Бо назардошти гуфтахои боло, харчанд дар адабиёти хукукии ватани, баъзан оид ба набу- дани санади меъёрии хукукие, ки холати хукукии номи фирмавиро дар Точикистон муайян мекунад, андешарони мешавад, бояд кайд намуд, ки имруз мачмуи санадхои меъё- рии хукукие амал мекунанд, ки дар сатхи лозима му- носибатхои мазкурро танзим карда истодаанд. Албатта, агар сухан дар бораи як санаде равад, ки комилан холати хукукии номи фирмавиро тавонад муайян кунад, чунин андешахо ду- рустанд. Инак, низоми санадхои меъёрии хукукие, ки холати хукукии номи фирмавиро дар Точикистон муайян мекунанд, чунин гурухбанди кардан мумкин аст:
1). Конунгузорие, ки хусусияти универсалй доранд. Ба ин гурух КГ дохил мешавад. Дар КГ як катор моддахое мавчуданд, ки муносибатхо вобаста ба номи фирмави, аз чумла талабот нисбат ба онро танзим мекунанд. Хусусияти танзими номи фирма дар КГ дар он аст, ки ин конун хам ном ва таркиби номи фирмави, талаботи бакайдгирии он, инчу- нин тартиби истифодаи номи фирмави ва окибатхои вайрон кардани хукук ба номи фирмавиро пешбини кардааст. Чуноне кайд шуда буд, дар м. 55 КГ омадааст, ки шахси хукуки номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию хукукиаш ишора карда мешавад. Номи ташкилотхои гайри- тичорати, корхонахои вохиди давлати ва дар холатхои пешбининамудаи конун ташкилотхои дигари тичорати бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси хукукиро дошта бошад. Ба номи шахси хукуки дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расми (номи давлат), ба унсурхои аснод ё маводи рекламавии шахси хукуки дохил кардани чунин ном ё унсурхои рамзи давлати мувофики тартиби муайяннамудаи Хукумати ЧТ ичозат дода мешавад.
Ном ва махалли чойгиршавии шахси хукуки дар хуччат- хои таъсисии он нишон дода мешавад. Шахси хукукие, ки ташкилоти тичорати мебошад, бояд номи фирмави дошта бошад. Шахси хукукие, ки номи фирмавии он мувофики тар- тиби мукарраргардида ба кайд гирифта шудааст, барои ис- тифодаи он хукуки истиснои дорад.
Шахсе, ки номи ба кайд гирифташудаи фирмавии шах- си дигарро гайриконуни истифода мекунад, бо талаби сохиби хукукдори номи фирмави ухдадор аст истифодаи он- ро катъ карда, зиёни расонидаашро чуброн намояд.
Дар баробари ин, як катор моддахои дигар низ мавчу- данд:
- маълумот дар бораи бакайдгирии давлати, аз чумла бакайдгирии ташкилотхои тичорати, номи фирма ба Фех- ристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони ин- фироди дохил карда мешавад, ки барои шиносоии умум дастрас мебошад (к. 1 м. 51 КГ);
- номи фирмавии ширкати комил бояд инхоро дар бар гирифта бошад: номи (унвони) хамаи иштирокчиёни он, ин номи фирмавии ширкати ба бовари асосёфта бояд аз номи (номгуи) хамаи шарикони комил ва калимахои «шир- кати ба бовари асосёфта» ё «ширкати коммандити» ва ё аз номи (номгуи) на камтар аз як шарики комил бо иловаи ка- лимахои «… ва шариконаш» ва калимахои «ширкати ба бо- вари асосёфта» ё «ширкати коммандити» иборат бошад (к. 4 м. 87 КГ);
- номи фирмавии чамъияти дорои масъулияти махдуд бояд номи чамъият ва ибораи «дорои масъулияти махдуд»- ро дошта бошад (к. 2 м. 94 КГ);
- номи фирмавии чамъияти дорои масъулияти иловаги бояд номи чамъият, инчунин ибораи «дорои масъулияти иловаги»-ро дар бар гирад (к. 2 м. 105 КГ);
- номи фирмавии чамъияти сахоми бояд номи он ва ишораи сахоми будани чамъиятро дар бар гирифта бошад (к. 2 м. 105 КГ);
- номи фирмавии кооператив бояд номи он ва калима- хои «кооперативи тичорати»-ро дар бар гирифта бошад (к. 3 м. 118 КГ);
- номи фирмавии корхонаи давлати бояд ишора ба со- хибмулки онро дошта бошад (к. 3 м. 124 КГ);
- номи фирмавии корхонаи ба хукуки идораи опера- тиви асосёфта, бояд ишора ба он дошта бошад, ки корхонаи махсуси (казонии) давлати аст (к. 4 м. 127 КГ);
- номи фирмавии ассотсиатсия бояд ишора ба максади асосии фаъолияти он ва максади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимахои «ассотсиатсия» ё «иттифок» дар бар гирифта бошад (к. 5 м. 133 КГ);
- ба неъмату хукуки молумулки хамчун объекти хукуки граждани номи фирма дохил карда шудааст (к. 2 м. 140 КГ);
- ба хайати корхона хамчун комплекси молумулки но- ми фирмави дохил шудааст (к. 2 м. 144 КГ);
- хукуки истисноии шахси хукуки ба номи фирмави эътироф карда шудааст (м. 152 КГ).
Гузашта аз он, кисми 2 КГ номи фирмавиро дар муоми- лот танзим кардааст. Масалан, мувофики к. 3 м. 589 КГ тиб- ки шартномаи фуруши корхона хукуки истифодаи номи фир- мави, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбини нагар- дида бошад, ба харидор мегузарад. Ё худ тибки м. 958 КГ ху- кук ба номи фирмави аз чумлаи мачмуи хукукхои мустасное мебошад, ки тибки шартномаи имтиёзи тичорати мумкин аст ба истифодабаранда дода шавад.
Дар кисми 3 КГ меъёрхои муайян оид ба номи фирмави мавчуд мебошанд.
Дар баробари ин, м. 55 КГ пешбини мекунад, ки тарти- би бакайдгири ва истифодаи номи фирмавиро конунхо му- тобики КГ муайян менамоянд.
- . Конунгузорие, ки бакайдгирии давлатии шахсони хукукиро пешбини мекунад. Ба он Конуни ЧТ «Дар бораи бакайдгирии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» до- хил мешавад. Кобили зикр аст, ки тибки Конвенсияи Париж номи фирмави сарфи назар аз бакайдгири хифз карда меша- вад. Бинобар ин, бакайдгирии номи фирмави ягон амали му- стакил набуда, тибки конунгузории Точикистон танхо он ба Фехристи ягонаи давлати ворид мегардад, ки хамзамон бо бакайдгирии шахси хукуки амали мешавад (мисли номи ди- гар шахсони хукуки). Мувофики м. 8 конуни мазкур Фехри- сти ягонаи давлати номи пурраи фирмавии (дар холати мавчуд будан, инчунин номи кутох) шахси хукуки бо забони давлатии ва маълумот дар бораи тагйирёбии онро дар бар мегирад. Аз ин ру, дар ариза барои бакайдгирии давлатии шахси хукуки бояд маълумот дар бораи шакли ташкилию хукукии шахси хукуки ва номи пурраи (дар холати мавчуд будан, инчунин номи кутох) фирмавии шахси хукуки бо за- бони давлатии ЧТ нишон дода шавад.
Бо дар назардошти ин хусусият, бояд м. 55 КГ шарх до- да шавад. Сухан дар бораи мукаррарот оид ба он меравад, ки шахси хукукие, ки номи фирмавии он мувофики тартиби мукарраргардида ба кайд гирифта шудааст, барои истифо- даи он хукуки истиснои дорад.
Чуноне ки мебинем, номи фирмавии шахси хукуки бояд бо забони давлати бошад. Ин талабот аз 1 июли с. 2009 амал карда истодааст. Аз хамин сана сар карда, бояд номи та- моми шахсони хукуки бо забони давлати ба кайд гирифта мешуданд. Вале дар татбики он, амалия ба дигар самт инки- шоф ёфт. Кобили зикр аст, ки мувофики м. 18 Конуни ЧТ «Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон» номгу- зории макомоти хокимияти давлати, вазорату идорахо, ин- чунин ташкилотхои дигар, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, ба забони давлати бояд сурат гирад. Кисми 3 хамин модда мукаррароте дорад, ки хам галат ва хам номуайян аст. Мувофики он номи ташкилотхои хоричи ва муштарак ба забонхои дигар низ баргардонида мешаванд. Дар ин чо иборахои «ташкилотхои хоричи», «ташкилотхои муштарак» ва «баргардонида мешавад» шархро талаб мекунад.
Танхо ин шарх дар амалия бе дарназардошти ду ма- фхуми аввал сурат гирифт. Дар натича, шахсони хукукии дорои номхои фирмавии зерин пайдо шуданд: Сапоп – Ка- мон, Чучахо – СЫскеп – Цыплята, Тгаус1 апс! Тиг -Тревел энд Тур ва гайра.
Ба андешаи мо, номи фирмавии шахсони хукуки бояд танхо бо забони давлати ба кайд гирифта шаванд. Мазмуни меъёрхои конунгузории амалкунанда ба чой доштани ягон хел баргардон имконият намедиханд. Конунгузории Точикистон оид ба бакайдгирии шахсони хукуки имконияти доштани номи фирмавиро бо дигар забон (дар баробари но- ми фирмави бо забони давлати, ки хатми аст) пешбини накардааст. Амалан аксари шахсони хукуки бо дигар за- бонхо низ дорои номи фирмави мебошанд.
Мушкилоти дигари конуни мазкур дар он аст, ки ба- кайдгири ва дар Фехрист чой додани танхо номи фирмавиро пешбини кардааст. Ин дар холест, ки тибки он шахсони ху- кукие низ ба кайд гирифта мешаванд, ки дорои номи фир- мави намебошанд.
- . Конунхои ЧТ, ки холати хукукии шахсони хукукии тичоратии алохидаро муайян мекунанд. Ба ин гурух дохил мешаванд: Конуни ЧТ «Дар бораи чамъияти дорои масъули- яти махдуд». Мувофики м. 3 конуни мазкур чамъият номи пурраи расми дошта, хукук дорад ба забони давлати дорои номи мухтасар бошад. Номи пурраи фирмавии чамъият ба забони давлати бояд номи пурраи чамъият ва иборахои «до- рои масъулияти махдуд»-ро дошта бошад. Номи мухтасари фирмавии чамъият бояд дорои номи пурра ё мухтасари чамъият ва калимахои «дорои масъулияти махдуд» ё ихтисо- ри ЧДММ бошад. Номи фирмавии чамъият дар забони дав- лати дигар истилохо ва ихтисорхое, ки шакли ташкилию хукук, аз чумла аз забонхои хоричи гирифташударо инъикос менамоянд, дошта наметавонад, агар санадхои меъёрии хукукхои ЧТ коидаи дигарро пешбини накарда бошанд; Конуни ЧТ «Дар бораи корхонахои давлати». Мувофики м. 8 Конуни мазкур номи фирмавии корхонаи давлати бояд до- рои нишондод ба сохиби молумулк будан, махсубият ба намуди моликияти давлати (чумхурияви ё коммунали) – ро дошта бошад. Номи фирмавии корхонаи субъекти хукуки пешбурди хочагидори дошта, бояд дорои нишондод ба кор- хонаи вохиди давлати будани онро дошта бошад. Номи фирмавии корхонаи хукуки идораи оперативи дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи давлати будани онро дошта бошад.
Инчунин мувофики м. 19 ин конун корхонахои давлати метавонанд ба ассотсиатсияхо (иттифокхо) муттахид ша- ванд. Ассотсиатсия (иттифок) дорои номи фирмави буда, дар он максади асосии фаъолияти он ва аъзояш бо иловаи кали- махои «ассотсиатсия» ё «иттифок» нишон дода мешавад. Чунин холат бахснок аст, зеро иттифокхо ва дигар ит- тиходияхои чамъияти ташкилотхои гайритичорати мебо- шанд ва дар нисбати онхо додани чунин имконият бархурди бисёри акидахои илмиро ба вучуд меорад ва барои амалияи хукуки низ нофахмо мебошад; Конуни ЧТ «Дар бораи чамъиятхои сахоми». Мувофики м. 5 Конуни мазкур чамъи- яти сахоми дорои номи фирмавии худ мебошад ва бояд дар номгуи худ калимахои «Чамъияти сахомии кушода (ЧСК)» ё «Чамъияти сахомии пушида (ЧСП)» дошта бошад; Конуни ЧТ «Дар бораи фаъолияти бонки». Дар м. 8 конуни мазкур унсурхое, ки дар номи фирмави истифода шуда метавонанд ва ё наметавонанд, пешбини шудааст.Номгуи конунхои гу- рухи мазкур бо ин махдуд намешаванд.
- . Конунгузорие, ки истифодаи номи фирмави ва ё баръакс манъи истифодаи онро пешбини мекунад. Масалан, мувофики м. 9 Конуни ЧТ «Дар бораи тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони» ба сифати тамгахои моли аломат- хое ба кайд гирифта намешаванд, ки айнан номи фирмавии дар ЧТ нисбат ба молхои якхела хифзшаванда (ё кисми номи фирмави) ва намунаи саноатие, ки хукуки шахсони дигар дар ба онхо то санаи аввалияти тамгаи молии бакайдгирифташа- ванда ба вучуд омадааст, мебошанд. Мувофики м. 10 Конуни ЧТ «Дар бораи химояи хукуки истеъмолкунандагон» истех- солкунанда (ичрокунанда, фурушанда) ухдадор аст, ки номи фирмавии (номи) ташкилоти худ, махалли чойгиршави, ни- шонии хукуки ва речаи кори онро ройгон ба маълумоти ис- теъмолкунанда расонад.
- . Конунгузорие, ки хифзи хукук ба номи фирмави оки- бати вайрон кардани конунгузории зиддиинхисори ва хифзи манфиатхои дигаронро хамчун манфиати оммави пешбини мекунанд. Конуни ЧТ «Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол». Мувофики м. 7 ко- нуни мазкур истифодаи худсаронаи номи фирмави хамчун шакли ракобати бевичдонона дониста шуда, ба он рох дода намешавад. Макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад дар сурати мавчуд будани аломатхои вайронкунии конунгу- зории зиддиинхисори дар бораи он парванда огоз намуда, онро барраси намояд ва аз руи натичаи баррасии он карор барорад ва ба субъектхои хочагидор барои ичрои хатми амрия дар бораи дигар кардан ё махдуд намудани истифодаи номи фирмави дихад (м.13); Инчунин Тартиби номгузори ва дигар кардани номи корхонахои давлати, истгоххои рохи охан, фурудгоххо, ташкилоту муассисахо, таълимгоххо, ин- чунин объектхои физикию нугрофи, ки бо карори Хукумати ЧТ аз 31 октябри с. 2009, № 609 тасдик шудааст; КХМ. Дар м. 377 КХМ барои истифодаи гайриконунии номи фирмави чавобгарии маъмури пешбини шудааст; КЧ ЧТ. Дар м. 275 Кодекси мазкур барои истифодаи гайриконунии номи фирмави агар он такроран пас аз додани чазои маъмури со- дир гардида ё ба микдори калон зарар расонида бошанд (зи-
[1]Исмаилов Ш.М. Правовые аспекты интеллектуальной собственности // Государство и право.- Душанбе, 1998. – № 1. – С.42.