Мавзуи асосии конунгузории ЧТ-ро вобаста ба хукуки патенти, муносибатхои ба даст овардан, ба амал баровардан ва хифз намудани хукукхои субъективии иштирокчиёни он ташкил медиханд. Ин аст, ки диккати асоси ба хукукхои му- аллифон ва дорандагони патент дода шудааст. Ба назари ав- вал чунин менамояд, ки конунгузор дар бораи хукукхои му- аллифони объектхои хукуки патенти фаромуш карда бошад. Лекин дар асл мукаррар намудани хукукхои дорандаи па- тент, мавкеи санчидашудаи конунгузор аст. Зеро ба зинаи аввал баровардани шахсияти дорандаи патент кадами за- рури буда, аз гузариш ба шакли патентии мухофизати объ- ектхои моликияти саноати бармеояд. Хамзамон, бори аввал ба офарандагони навоварихои техники имконияти ба сифати дорандаи патент баромад намудан дода шудааст.
Бояд кайд намуд, ки дар ЧТ объектхои хукуки патенти бо як санади меъёрии хукуки ба танзим дароварда намеша- ванд. Бинобар ин, хукукхои субъектони хукуки патенти низ дар конунхои алохидаи марбут ба объектхои алохида пеш- бини гардидаанд. Масалан, дар конунхои ЧТ «Дар бораи их- тироъ» ва «Дар бораи намунахои саноати». Хамзамон, бояд тазаккур дод, ки дар конунхои ишорашуда, хукукхои субъ- ектон бонизом танзим нашуда, парешон чойгир шудаанд ва чунин холат тахдили хамаи меъёрхои конунгузории патен- тиро зарур мегардонад. Дар тафовут аз конунгузории шурави, дар конунгузории муосири марбут ба хукуки па- тентии ЧТ баъзе аз хукукхои муаллифони объектхои моли- кияти саноати пешбини нагардидаанд. Ин холат сабабхои объективи дошта, натичаи тагйироти кулли дар сохаи конунгузории милли мебошад. Масалан, конунгузории му- осири патенти, хукук ва имтиёзхои махсуси ихтироъкоронро дар муносибатхои мехнати, манзили ва гайра пешбини накардааст. Хукук ва имтиёзхои зикргардида дар конунгу- зории шурави ба ихтироъкорон аз чониби давлат чавобан бар ивази гузашти хукуки истиснои ба истифодаи объекти моликияти саноати таъмин карда мешуд. Имруз, ки муалли- фи навоварии техники натичахои мехнати эчодии худро му- стакилона ихтиёрдори мекунад, талабот ва манфиатхои у бояд аз хисоби истифодаи боинсофонаи хукукхояш конеъ гардонида шавад. Вале новобаста ба ин, аз 1. 01. с. 2016 бо карори Хукумати ЧТ ба донишчуёни ихтироъкор хамчун дастгирии молияви грантхои (бурсияхои) хурд мукаррар карда шуд, ки аз хисоби маблагхои махсуси муассисахои тахсилоти олии касби дода мешаванд. Бо афзудани даро- маднокии Бучети давлатии ЧТ дигар шаклхои дастгирии молиявии ихтироъкорон ба вучуд омаданашон мумкин аст.
Дар адабиёти хукукии шурави хукукхои муаллифи ихти- роотро анъанави ба хукукхои шахсии гайримолумулки ва хукукхои молумулки тасниф менамуданд. Анъанаи мазкур то имруз нигох дошта шудааст ва ахамияти амали дорад. Дар хукуки патенти, хукукхои молумулки дар мадди аввал меистанд, зеро объектхои мазкур дар сохаи истехсолоти мод- ди истифода мешаванд. Мавкеи хукукхои шахсии гайримо- лумулки дар хукуки патенти, назар ба мавкеи онхо дар ху- куки муаллифи хеле тафовут дорад. Бинобар ин, бидуни тасниф номбар намудани хукукхои алохидаи ихтироъкорон, ки дар конун мустахкам гардидааст, ба максад мувофик аст.
Дар назарияи хукуки граждани намудхои зерини хукук- хои субъектони хукуки патентй махсус мавриди тахлил карор дода шудааст: хукук ба пешниходи ариза, хукуки муаллифи- ят, хукук ба номи муаллифй, хукуки истисноии истифодаи ихтироъ, хукук ба подош. Ба муаллиф, инчунин хукуки ба их- тироъ додани номи худ ва ё номи махсус, хукуки мувофики шартнома хангоми ба истифодабари омодасозии ихтироъ иштирок намудан, тааллук дорад. Хукукхои мазкур дар м. 7, 8, 26, 35 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ эътироф шудаанд.
Пеш аз хама конун ба муаллифи ихтироъ, модели муфид ё намунаи саноати хукуки пешниходи ариза барои гирифта- ни патентро таъмин менамояд (м. 8 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ). Конунгузории патенти аз он бармеояд, ки хукуки пешниходи ариза барои гирифтани патент, хамчун коида ба шахсе, ки дар натичаи мехнати эчодиаш навоварии техники офарида шудааст, тааллук дошта метавонад.
Хамзамон, дар тафовут аз хукуки патентии ИМА исботи хакики ва ихтироъкори аввал будани аризадиханда талаб карда намешавад. Кифоя аст, ки аризадиханда – ихтироъкор бошад. Аз у пешниходи далелхои исботкунандаи муаллифи- ят талаб карда намешавад. Баръакс, агар ба сифати ариза- диханда шахси сеюм баромад намояд, у бояд исбот намояд, ки барои пешниходи ариза салохият дорад. Хамин тарик, хукуки пешниходи ариза, хукуки истисноии шахсе ба шумор меравад, ки навоварии техникии муайянро офаридааст. Агар навоварии техники махсули мехнати якчанд муаллиф бошад, хукуки мазкур ба онхо дахлдошта ва бо розигии онхо амали карда мешавад. Шахсони сеюм танхо дар асоси ичозати му- аллиф ё ин ки дар холатхои пешбининамудаи конун хукуки пешниходи аризаро пайдо мекунанд. Масалан, тибки м. 8 конуни милли «Дар бораи ихтироъ» хукуки пешниходи ари- заро корфармо, вориси муаллиф ва корфармо доранд.
Тавассути таъмини хукуки истисноии пешниходи ариза, мансубияти моликияти зехни ба шахси мушаххас таъмин карда мешавад. Бинобар ин, танхо у хукук дорад, ки масъалаи дастраси омма намудани натичаи эчодии худро хал намояд. Ба сифати хукуки шахсии гайриамволии ихти- роъкор, хукук муаллифият баромад мекунад (м. 7 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ). Хукуки мазкур, имконияти конунии эчодкори ягонаи дастоварди техники будани муаллифро таъмин менамояд. Хукуки муаллифият аз лахзаи ноил шудан ба натичаи эчоди ва дар шакли объективи ифода намудани он ба вучуд меояд. Лекин вокеияти муаллифият бо патент тасдик мегардад (м. 4 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ). Хукуки муаллифият хусусияти мутлак, истисной, бегонана- шаванда дошта, бемухлат хифз карда мешавад. Мутлакияти хукуки муаллифият, ба муаллиф имконияти аз шахсони сеюм талаб намудани эътирофи хукуки мазкурро медихад. Истис- ной будани хукуки мазкур маънои онро дорад, ки ба чуз аз муаллиф хеч кас барандаи хукуки муаллифият ба объекти эътирофшудаи моликияти саноати буда наметавонад.
Бегонанашаванда будани ин хукук аз табиати шахсии он бармеояд. Бо хукуки муаллифият, хукук ба номи муал- лифи алокаманд аст. Хукук ба номи муаллифи ба ихти- роъкор имконият медихад, ки ишораи номи худро хамчун офарандаи навоварии техники дар хама гуна маводи чопи талаб намояд. Номи муаллифи хакики, ба таври хатми дар ариза барои гирифтани патент нишон дода мешавад (м. 12 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ). Ихтироъкорон хукуки тахти тахаллус баромад намуданро надоранд. Конуни ЧТ дар бо- раи ихтироъ, хукуки муаллифро барои ба ихтироъ додани номи худ ё номи махсус, хукуки хангоми ба истифодабари омодасозии ихтироъ иштирок намуданро махсус номбар ме- намояд, ки низ хислати шахсии гайриамволи доранд (м. 35 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ).
Ба гурухи хукукхои амволи, хукуки истисноии истифо- даи ихтироъ ва хукук ба подош шомиланд. Хукуки истис- ноии истифодаи ихтироъ ба дорандаи патент, аз чумла, хукуки сохтан, татбик намудан, ворид кардан, фурухтан, бо рохи дигар ба гардиши хочагидори даровардан ва ё бо ин максад нигох доштани махсулоте, ки ихтирои бо патент ё бо нахустпатент хифзшавандаро дар бар мегирад, хукуки татбик намудани тарзи бо патент ва ё бо нахустпатент хиф- зшаванда, инчунин хукуки манъи истифода шудани ихтирои номбаршударо аз чониби шахсони дигар таъмин менамояд.
Махсулот, дар бар гирандаи ихтирои бо патент ва ё бо нахустпатент хифзшаванда эътироф мешавад ва тарзи бо па- тент ва ё бо нахустпатент хифзшаванда бошад, татбикёфта хисоб карда мешавад, агар хар як аломати ихтироъ, ки дар банди алохидаи формула оварда шудааст ва ё аломати ба он .Ба гардиши хочагидорй ворид намудан ё бо ин максад нигох доштани махсулоте, ки бо истифодаи бевоситаи тарзи патентнокшудаи хосил кардани махсулот истехсол шудаст, низ истифодаи ихтирои бо патент ё бо нахустпатент хифзша- ванда хисоб мегардад. Аммо, тайёр намудани намунаи тач- рибавии воситае, ки ихтироъро дар бар мегирад, инчунин санчиши тачрибави ва озмоиши он истифодаи ихтироъ мах- суб намешавад.
Дорандаи патент хукук дорад хукуки истисноияшро ба хар кадом шахси вокеи ё хукуки вогузор кунад, ки ин па- дидаро гузашт кардани патент меноманд.
Хар кадом шахсе, ки дорандаи патент нест, ба истифо- даи ихтирои бо хуччати мухофизати хифзшуда танхо бо ичо- зати дорандаи патент, дар асоси шартнома оид ба додани ичозатнома (литсензия) хукук дорад. Мувофики чунин шартнома дорандаи патент (ичозатномадех) ухдадор меша- вад, ки хукукро барои истифодаи ихтирои хифзшуда, дар хачми дар шартнома пешбинишуда ба шахси дигар (ичозат- номагир), ки у ухдадории ичро намудани хамаи амалхои дар шартнома пешбинишударо ба зиммаи худ мегирад, дихад.
Дар холати пешниходи ичозатномаи истиснои, хукуки истисноии истифодаи ихтироъ дар худуди дар шартнома зикршуда ба ичозатномагир мегузарад. Хукуки истифодаи кисми ба ичозатномагир ичозатдоданашуда, дар ихтиёри ичозатномадех мемонад. Ичозатномадех дар холати ичозат- номаи гайриистиснои ба ичозатномагир хукуки истифодаи ихтироъро дода истода, хамаи хукукхоеро, ки хуччати мухо- физати тасдик мекунад, аз чумла, хукуки ба шахсони сеюм додани ичозатномахоро нигох медорад.
Шартномаи оид ба додани ичозатнома бояд хатман дар Идораи патентии ЧТ ба кайд гирифта шавад ва бе чунин ба- кайдгири беэътибор дониста мешавад. Дар як вакт бо ичо- затномаи шартномави, конуни амалкунанда намудхои мах- суси ичозатномаро, ки кушода ва мачбури буда метавонанд, пешбини менамояд (м. 27-28 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ).
Падидаи ичозатномаи кушодаро конунгузори бо максади хавасмандгардонии патенткунонии ихтироъ, модели муфид ва ё намунаи саноати аз чониби шасоне. ки пардохти бочхои давлати барои онхо гарон аст, пешбини менамояд. Дорандаи патент метавонад ба Идораи патентии ЧТ дар бораи ба хар кадом шахс додани хукук барои истифодаи ихтироъ дархост дихад. Дар ин холат андозаи боч барои нигох доштани эътибори хуччати мухофизати аз соли баъди нашри маълу- мот оид ба мавчудияти чунин дархост 50 фоиз кам карда мешавад. Дар холати бозхонди ичозатномаи кушода аз та- рафи дорандаи патент, боч барои нигох доштани эътибори хуччати мухофизати дар давоми вакти амали ичозатномаи кушода пардохта нашуда, минбаъд ин боч ба андозаи пурра- аш пардохта мешавад.
Шахсе, ки хохиши гирифтани ичозатномаи кушодаро дорад, бояд бо дорандаи патент дар бораи пардохтхо шарт- нома бандад. Бояд кайд намуд, ки истифодаи объектхои мо- ликияти саноати дар як вакт хам хукук ва хам ухдадории до- рандаи патент ба хисоб меравад. Дар акси хол, эътирофи хукуки истисноии дорандаи патент ба пешрафти илму тех- ника ва мувофикан чамъият монеа мешавад. Аз ин лихоз, дар холати аз чониби дорандаи патент истифода накардани объекти патентнокшуда, конунгузори, инчунин падидаи ичозатномаи мачбуриро пешбини кардааст. Хангоми дар давоми 5 соли баъди рузи нашри маълумот оид ба додани хуччати мухофизати аз тарафи дорандаи патент истифода нашудан ва ё ба дарачаи зарури истифода нашудани ихти- роъ, шахси хохиши истифодаи ихтироъро дошта ва ба ин омодабуда, дар холати бо шартхои мувофик ба амалияи мукарраргардида аз имзои шартнома оид ба додани ичозат- нома саркаши намудани дорандаи патент, метавонад ба суд бо аризаи даъвоги дар бораи ба вай додани ичозатномаи мачбури барои истифодаи ихтироъ мурочиат намояд. Агар дорандаи хуччати мухофизати исбот накунад, ки истифода набурдан ва ё ба дарачаи зарури истифода набурдани ихти- роъ сабабхои узрнок дорад, суд дар бораи додани ичозатно- маи мачбури карор мебарорад. Хангоми кабули карор дар бораи додани ичозатномаи мачбури, суд бояд хукукхои ис- тифодаи ихтироеро, ки хуччати мухофизатии он ба шахси дигар тааллук дорад, дар хачме, ки барои истифодаи ихти- рои патентнокшудаи шахси дигар (талабкунандаи ичозат- номаи мачбурй) зарур аст, ннчунин андоза, мухлат ва тарти- би пардохтхоро муайян намояд.
Ичозатномаи мачбурй, ичозатномаи гайристиснои буда, ба шахси дигар гузашткунии он мумкин нест. Ичозатномаи мачбури бояд хатман дар Идораи патентии ЧТ ба кайд ги- рифта шавад ва бидуни бакайдгири беэътибор дониста ме- шавад.
Конуни амалкунандаи ЧТ «Дар бораи ихтироъ» як ка- тор холатхое, ки амали шахсони сеюм хамчун вайронкунни хукуки дорандаи патент хисобида намешавад, пешбини ме- намояд. Чунин холатхо низ, як навъи ичозати гайришартно- мавии истифодаи объекти хукуки патент мебошанд.
Мувофики м. 30-юми конунн зикргардида, амалхои зе- рин дар холати беасос халалдор насохтани истифодаи муътадили патент, поймол накардани манфиатхои конуни дорандаи патент, вайронкунии хукуки истисноии дорандаи патент хисоб намешаванд: татбики василахои дар бар гиран- даи ихтирооти бо патент ё бо нахустпатент хифзшуда дар таркиб ва ё хангоми истифодаи воситахои наклиёти руиза- мини, хавои ва обии мамлакатхои дигар, ба шарте ки воси- тахои наклиёти номбаршуда муваккатан ва ё тасодуфан дар каламрави ЧТ карор дошта бошанд ва барои эхтиёчоти наклиёт истифода бурда шаванд ва агар ин воситахои накли- ёт ба шахсони вокеи ва ё хукукии мамлакатхое тааллук до- шта бошанд, ки онхо низ ба сохибони воситахои наклиёти ЧТ хар гуна хукукхоро медиханд; гузаронидани тадкикоти илми ва ё тачриба дар воситахои ихтирохоро дар бар гиранда; ис- тифода намудани воситахое, ки ихтирохоро дар бар мегиранд, хангоми руй додани ходисахои фавкулодда (офатхои табии, фалокатхо, садамахои калон) бо додани чубронпулии андоза- аш мувофик ба дорандаи патент; истифода намудани воси- тахои ихтироотро дар бар гиранда бе ба даст овардани фоида; аз руи доруномахои табиб як маротиба тайёр намудани дорухо дар дорухонахо; истифодаи воситахое, ки ихтирооти бо хуччати мухофизати хифзшударо дар бар мегиранд, агар
Хукуки истифодаи пешин ва хукуки истифодаи баъди низ махдудияти хукукхои истиснои буда, ичозати истифодаи гайришартномавии объекти патентнокшударо таъмин мена- моянд. Хукуки истифодаи пешин, ин хукуки истифодаи рой- гони объекти моликияти саноати бидуни васеъ кардани хачми истехсолот мебошад, ба шарте, ки шахси истифодаба- ранда то санаи аввалияти ихтироъ новобаста ба муаллифи он дар каламрави ЧТ айнан хамон ихтироъро офарида, исти- фода бурда бошад ва ё барои истифодаи он тайёрихои зару- ри дида бошад. Хукуки истифодаи пешин, мумкин аст ба шахси вокеи ва ё хукуки танхо якчоя бо истехсолоте, ки дар он истифодаи ихтирои хаммонанд чой дошт ва ё тайёрихои зарури барои он дида шудаанд, дода шавад (м. 31 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ).
Хукуки истифодаи баъди – ин хукуки истифодаи рой- гони объекти моликияти саноати бидуни васеъ кардани хачми истехсолот мебошад, ба шарте, ки шахси истифо- дабаранда дар давраи байни санаи катъ гардидан ва санаи баркарор карда шудани амали хуччати мухофизати дар каламрави ЧТ ба истифодаи ихтирои хифзшаванда сар кар- дааст ва ё барои он тайёрии зарури дидааст. Хукуки истифо- даи баъди мумкин аст ба шахси дигар танхо якчоя бо ис- техсолоте, ки дар он истифодаи ихтироъ чой дошт ва ё барои он тайёрии зарури дида шуда буд, дода шавад (м. 34 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ).
Хукумати ЧТ ба манфиати бехатарии милли, дар хола- ти вазъиятхои фавкулодда (офатхои табии, фалокатхо, сада- махои калон), хукук дорад истифодаи ихтироъро ичозат дихад ва ба дорандаи патент чубронпулии муносибро пардо- зад. Дар ин холат хачм ва давомнокии истифодаи ихтирои патентнокшуда бо максадхое, ки махз барои расидан ба онхо ичозати истифодаи ихтироъ дода мешавад, махдуд мегардад (м. 28 конуни ЧТ дар бораи ихтироъ).
Дар гурухи хукукхои молумулкии муаллифони ихтироъ, модели муфид ва намунаи саноати, хукуки гирифтани подошро номбар намудан мумкин аст. Умуман, хукук ба по- дош яке аз хукукхои мухими субъектони хукуки патенти ба шумор меравад, зеро ки махз хукуки мазкур манфиати мод- дии муаллифонро таъмин карда, ба бештар гардидани ман- фиатнокии онхо мусоидат менамояд.
Конуни ЧТ «Дар бораи ихтироъ», хукуки кормандро барои гирифтани подош аз корфармо махсус танзим наму- дааст. Корманд (ихтироъкор) хукук дорад дар холатхои зе- рин аз корфармо мутаносибан ба фоидаи бадастовардаи корфармо ва ё фоидае, ки корфармо метавонист аз ихтироъ ба таври лозими истифода бурда, ба даст дарорад, подош ги- рад: аз чониби корфармо гирифтани хуччати мухофизати; хукуки гирифтани хуччати мухофизатиро ба шахси дигар вогузор кардани корфармо; аз чониби корфармо кабул намудани карор дар бораи махфи нигох доштани ихтироъ; бо сабабхои вобаста ба корфармо нагирифтани хуччати мухофизати аз руи аризаи аз чонибн корфармо пешниход- шуда.
Подош бо андоза ва шартхои дар асоси созишномаи байни муаллиф ва корфармо муайяншуда пардохта мешавад. Дар холати байни тарафхо ба даст наомадани созиш нисбати андоза ва тартиби пардохти подош ва ё чуброн бахс дар суд дида баромада мешавад.
Ба мисли дигар хукукхои моликияти зехни, амали хукук- хои патенти дар замон, аз намуди хукуки субъективи вобаста аст. Хукукхои шахсии гайриамволии патенти, ба чуз аз хуку- ки пешниходи ариза, бегонанашаванда буда, бемухлат хифз карда мешаванд. Патент барои ихтироъ аз санаи пешниходи ариза ба Идораи патентии ЧТ дар давоми 20 сол амал меку- над. Нахустпатент аз санаи пешниходи ариза ба Идораи па- тентии ЧТ дар давоми 10 сол амал мекунад. Патент барои намунаи саноати аз санаи ба Идораи патентии ЧТ пешниход шудани ариза барои гирифтани патент дар муддати 10 сол амал мекунад. Мухлати амали патент барои намунаи сано- ати бо дархости дорандаи патент аз чониби Идораи патен- тии ЧТ ба муддати на зиёда аз 5 сол дароз карда мешавад. Патент, нахустпатент ва хукуки гирифтани онхо ба мерос