Яке аз сифатхои хамидаи инсон ширинсухани ва хушгуйи аст. Дуруштию муомилаи бад комилан хи- лофи ахлоки хамида мебошад. Ширинсухани харче надорад, вале манфиати бисёре дорад. Агар хохед, ки махбуб бошед, эхтироми дигаронро ба худ пай- до кунед, дар хар чою хар маврид – дар хона, дар мактаб, дар муносибат бо дустону хамдарсонатон, дар гуфтугу бо атрофиён одоби муоширатро риоя кунед.
Сухани ширин, самими ва бериё шахсро неру- манд карда, дусти ва рафокатро мустахкам меку- над, вале сухани дурушт мехрро кам ва дустиро заиф мегардонад, чунончи:
… Мехр мухкам шавад зи хушгуйи,
Дусти кам кунад турушруйи.
(Авхади)
Бунёди сухан бар чумла устувор аст ва одамон махз ба воситаи чумла андешаву мулохизахои худро баён мекунанд. Китобе, ки шумо дар даст до- ред, нахви чумлахои мураккабро фаро мегирад ва ба шумо аз асосхои дастури забони точики дониш медихад.