Чун гирдоварии хадисхо асосан баъд аз сари Паёмбари ислом (с) огоз шуд ва тадвини онхо дар мачмуъахои боварибахшу интикоди «сахехох» хеле дертар (дар асрхои 1Х-Х) ба анчом ёфтанд, то ин замон хадисхои зиёди сохтае, ки ба Паёмбари ислом (с) нисбат надоштанд ба вучуд омада буданд. Онхое, ки ба ин амал даст заданд ё душманони Ислом буданд ё ба манзуру ахдоф ба хусуматхои сиёси ё барои исботу таъйиди ихтилофоти каломи ва фикхи ё барои манфиатхои модди ва ризоияти ин ё он макомоти хоким, даст ба чунин кор мезаданд.
Ин аст, ки табакабандии аходис, хамчун аввалин усули илми хадисшиноси ба вучуд омад. Хадисхо аз нуктаи назари боваринокиашон ба се табака ва ё мартаба таксим мешаванд. Агар дар силсилаи ровиён ва наклкунандагон хеч халал ва шубхае набошад, чунин хадисхо хадисхои сахех номида шудаанд. Агар дар силсилаи ровиён ва нокилон ягон халал ё сусти, масалан яке аз нокилон чандон маъруфу машхур ва мавриди эътирофи аксари мухаддисон набошад ё дар силсилаи яке аз нокилон номаълум бошад, чунин хадис ба мартабаи сахех набошад хам, ба хар сурат кобили кабул аст ва инчунин хадисро хадисхои хасан (-хуб, нек) меноманд. Нихоят агар дар силсилаи нокилон шахсе бошад, ки аз нуктаи назари имону эътикод ва ё хулку ахлок ва эътибору обру кобили эътимод набошад, ин чунин хадисхо хадисхои заиф – суст, гайрибоварибахш номида шудааст.
Исноди хадисхо низ дар навбати худ: ба муттасил (канда нашуда), мункатеъ (- катъ шуда), мурсал (рахна дошта) таксим мешаванд.
Хадисхоро инчунин маъруф, мавкуф ва мактоъ таксим мешаванд. Он хадисхое, ки аз якчанд тарик расидаанд ва ё аз забони якчанд сахоба накл шудааст мутавотир ва он хадисхое, ки аз забони се сахоба накл шуда азиз ва агар аз забони як сахоба бошад ахади- оход ном доранд.[1]
Хадиси бехтарини он хадисе ба шумор мерафт, ки аз тарики зиёде, аз забони якчанд сахоба накл шудааст.
З.З.Мачмуъахои хадисхо ва мухаддисини маъруф
Китобхо, мачмуъахои хадисхои ахли суннат ва шиъа хеле зиёданд, хатто агар мо хохем танхо фехрасти онхоро ин чо номбар кунем як китоби калон хохад шуд. Аз ин ру, танхо он мачмуъахо ва мухаддисонро ном мебарем, ки дар байни мусалмонон шухрат доранд. Чунин китобхои маъруфу машхур дар байни суннихо шашто аст, ки онро «Сихохус-ситта»– шаш китоби сахех меноманд, ки иборатанд аз «Сахехи Бухори», «Сахехи Муслим», «Суннани Абудовуд», «Суннани Нисои» ва «Чомеъи Тирмизи» «Сунани Ибни Моча». Ва аммо шиъаён чор мачмуъаи хадисхо доранд, ки «Кутуби арбаъаи шиъа» меноманд.
- «Сахехи Бухори» ё «Алчомеъуссахеху алмуснаД мин хаДиси Расулуллох ва суннатихи ва айёмихи», ки маъруф ба «Сахехи Бухори» аст, (ё «Чомеъуссахех») нахустин мачмуъаи муътабари хадисхои набави назди ахли суннат мебошад ва ба иттифоки назари хамаи мусалмонон сахехтарин, яъне дурусттарин китоб баъд аз Куръони карим шинохта шудааст ва ба хотири инчунин ахамияте, ки дорад дар тули карнхои гузашта, хамеша мавриди таваччухи хоси ахли илму дониш: уламою фукахо, хукамою фузало карор дошта, ба он зиёда аз сад шарху таълик ва хошия навиштаанд. Дар вокеъ, ин асари гаронкиматест, на танхо дар таърихи тамаддуни исломи, балки дар таърихи тамаддуни башар. Омухтани ин чунин шохкорхо аз дидгохи диншиносии мукоисавии тахлили бо усулу равишхои тахкикоти илмии нав дар мукоиса бо сарчашмахои динию фарханги умумибашари аз ахмият холи нахохад буд.
Дар бораи таърихи хамчун дуввумин сарчашмаи ислом шинохта шудани Суннату аходис ва накши Мухаммад ибни Исмоъили Бухори дар илми хадисшиноси ва чамъоварии аходиси сахех нуктаи зеринро бояд ёдрас намоям.
Маълум аст, ки дар таърихи ислом то макоми сарчашмаи асосии ислом баъд аз Куръонро пайдо кардани Суннат, ки дар заминаи хадисхои Паёмбар(с) ба вучуд омадааст, замони муайяне сипари гардида аст. Дар сарчашмахои муътабари ахли суннат ва ахли ташаюъ омадааст, ки бо вучуди саъю кушиш ва шавку хаваси беназири асхоб ва ёрони Паёмбар(с) дар китобат ва хифзи сира ва суннати он хазрат, муддате дар замони хилофати Абубакр (р) ва Умар(р) чамъовари ва накли аходиси набави маън карда шуда буд. Сабаби асосии ин амал маслихати сиёси ва акида бар кифояти Куръон (пайрави аз андешаи «Кафоно Китобулох») буда аст. Ин холат такрибан як аср, то замоне, ки Умар ибни Абдулазиз (соли 99 х.) ба хилофат расид идома дошт.
Абуабдулло Мухаммад Исмоъили Бухори Чуъфи (194-256 х.) (810-870 м.), ки машхур бо лакаби Имом Бухори аст, аз точикони шахри кадимаи точикон, Бухорои шариф пойтахти сомониён будааст. Имом Бухори ба чамъоварии хадисхо аз кудаки алокамандии ачибе доштааст. Аз ёздах солаги ба мутолиъаи хадисхо машгул шуда, дар шонздахсолаги ба зиёрати Макка рафт ва дар назди бисёре аз уламои Макка ва Мадина дарс омухт. Аз он чо дар чусту чуи хадис ба Миср рафт ва мудати панч сол дар Басра зиндаги кард, руи хам шонздахсол дар талаби хадис гашта, пас аз он ба зодгохаш боз гашт ва бо иншои китоби «Сахех» дар олами ислом обруи зиёд пайдо кард.
Баланди ва бузургии макоми Имом Бухори дар он аст, ки у масъалаи шинохти хадисхои сахех аз хадисхои чаълиро чиддан ба миён гузошта, усулу равиши илми хадис (ё хадисшиноси)-ро муайян карда, талаботи лозимаро барои ташхиси хадисхои сахех аз хадисхои заъифу чаъли мушаххас намуд. Яке аз чунин талабот, чунон ки гуфта шуд, шинохти нокилони аходис, яъне коркарди усули маърифати ричол ва таснифи аходис тибки матолиби он ва дигар талаботи ин илмро поярези намуда, дар робита ба зарурати коркарди заминаи назарии илми хадис у се асари маъруфе бо номи «Таърихулкабир», «Таърихиулавсат» ва «Таърихуслсагир»- ро таълиф кардааст, ки ба шинохти сахобахои Паёмбар(с) ва тобиъин бахшида шудааст. Дар нихоят у мачмуае аз хадисхои набави «Чомеъуссахех»-ро тадвин кард, ки он дар баробари сахехи ва ори будан аз аходиси заъиф, аввалин мачмуаи хадисхои мавзуи (мусаннаф) ва дорои назму тартиби хос мебошад. Исмоили Бухори дар мачмуъаи «Сахех»-и Бухори» хамчун поягузори илми хадис усули интикодиро ба кор гирифта аз байни 600 хазор хадисе, ки дар он замон маъруф буд ва 200 хазор хадисе, ки худаш чамъовари карда буд хамаги 7250 (ё 7563[2]) хадисро хамчун хадисхои сахех интихоб кардааст. Агар хадисхои такроршударо ихтисор кунем, «Чомеъуссахех» хамаги 2602 хадис дорад. Ибн Халдун гуфтааст, Бухори: « як хадисро чандин бор ёд карда ба дин сон, ки онро дар хар боб ба маъное,ки муносиб он буд меоварад ва аз ин ру аходиси вай такрор шуда ва бинобар ин китоби вай муштамил бар хафт хазору дувист хадис аст, ки се хазори онхо мукаррар мебошад.»[3] Мухаммад Исмоъили Бухори барои чамъовари ва шиносоии ин хадисхо шонздах сол захмат кашидааст.
Мухимтарин афзалияти «Сахех»-и Бухори он аст, ки чунон ки гуфтем, дар он бо усули мусаннаф, яъне аходис аз руи мавзуъ ва матолиб ба китобхо ва хар китобе ба бобхо табакабанди шудаанд. «Чомеъуссахех» аз 98 китоб 3450 боб иборат аст. То ин давра чамъовари ва тадвини хадисхо ба тартиби «ал-муснад», яъне мувофики тартиби номи нокилони он (ричоли хадис) буд. Усули мусаннаф ба Бухори имконият дод, ки хадисхоеро дар мавзуоти гуногун, на танхо хукуки (фикхи), ки он вакт ба он бештар таваччух доштанд, балки аходиси шархи холи Паёмбар (с), сахобахо, аходис оид ба илм, ахлок, таърих ва хатто тиббу табобат ва бехдоштиро дар ин мачмуъа чамъовари кунад.
Бухори дар интихоби хадисхо аз худ кобилияти интикодии зиёд нишон додааст. Вале чун мавриди назари интикодии у аксаран ричоли хадис карор дошта, аз накду интикоди матни хадис гохе ба кавле гофил монда.
Чунон, ки гуфта шуд, ба «Сахехи Бухори» шарху хошияхои зиёде навиштаанд ва мухимтарини онхо «Иршодуссори фи шархи Албухори» навиштаи Ахмад ибни. Мухаммад ибни .Абубакр Касталони (ваф. 923 х. /1517 м.) аст. Як шархи дигар «Тухфатулбори фи шархил-бухори» аз шайх Закариёи Ансори (ваф. 926/1520) аст. «Сахехи Бухори» борхо дар Хиндустон, Миср ва Истомбул чоп шудааст. Тарчумаи англиси ва фаронсавии он мавчуд аст. Аз чумла тарчумаи франсавии он дар чахор чилд соли 1903 тавасути О. Хамдас ва В.Марсис анчом ёфтааст.
261 /817-875) мебошад. Ахли суннат, – ба кавли Халаби, – муътакиданд, ки пас аз китоби Худо китоби сахехтар аз «Сахехи Муслим» ва «Сахехи Бухори» (дар маънии сарчашмаи мазхаби – А . Ш. ) нест, ва аз ин ру, он дуро «Сахехайн» (ду сахех) меноманд.287 Дар «Сахехи Муслим» ба 625 нафар иснод шудааст, ки номашон дар «Сахехи Бухори» наомада. Сохтору таксимоти он мисли «Сахехи Бухори» мавзуъист. Микдори хадисхое, ки дар «Сахехи Муслим» омадаанд аз 12000 то 7275 хадис баровард кардаанд. У ин микдор хадисро аз байни 300 000 хадис интихоб кардааст.
Муслим низ эрониюл-асл буд, дар Нишопур таваллуд ва барои касби хадис ва улуми исломи ба Хичоз, Шом, Миср ва Ирок сафар кард. Бо устодоне чун Ахмади Ханбал, Чармала, шогирди Шофеъи ва Исхок ибни Рохувия мулокот ва хадисхо шунид.
3- «Сунани Абудовуд», яке дигар аз мачмуъаи хадисхои сахехи ахли суннат аст. Муаллифи он Абудовуд Сулаймон ибни Ашъаб Аздии Сиистони (202-275/817-889) мебошад. Абудовуд яке аз он мухаддисоне мебошад, ки пас аз Муслим, дар охири пас аз накли хар хадис тахкике дар бораи он намуда аст. Ба кавли худи у дар ин китоб «аходиси бисёр заъифро рушан карда нишон» додааст ва дар бораи хадисхои сахех сухан нагуфта аст. Дар бораи эътибори «Сунани Абудовуд» баъзе ихтилофи назар вучуд дошта. Ибни Надим дар «Алфехраст» аз онхо ном бурдааст. «Сунани Абудовуд» дорои 4800 хадис мебошад, ки онро ба кавли худаш аз миёни 500 000 хадис интихоб карда.
4- «Сунани Ибни Моча», яке дигар аз мачмуъахои хадисхои сахехи ахли суннат аст. Муаллифи он Абуабдуллох Мухаммад ибни Язиди ибни Мочаи Казвини (209-273/834887) мебошад. Ибни Моча чун дигар мухаддисон ба мусофирати Ирок, Сурия, Хичозу Миср мепардозад ва ба чамъовари ва омухтани хадис назди устодон машгул мешавад. Китоби «Ассунан» у дорои 4000 хадис ва 150 боб аст. Мачмуъаи уро хадисхои заиф мавриди интикод карор додаанд.
5- «Чомеъи Тирмизй» (ё Алчомеъ ассахих) таълифи Хофиз Абуисо Мухаммад ибни Исо Заххоки Тирмизй (209-279) аст. Яке аз хусусияти мачмуъаи Тирмизй дар он аст, ки харчанд микдори камтари хадис нисбат ба дигар сахеххо дорад, вале дар он такрор кам аст. Гайр аз ин ду боби асосй ва мукаммали «Чомеъи Тирмизй» боби «манокиб» ва боби «Тафсири Куръон» дар суханхои дигар вучуд надоранд. Микдори хадисхо дар «Чомеъи Тирмизй» дар хеч тахкикот наомадааст. Аммо тибки гузориши Алиасгари Халабй аз ду чихат имтиёзи илмй дорад: 1- зикри нукоти интикодй дар боби иснод, 2- баёни масоили ихтилофхои мазхабй. Аз ин назар метавон гуфт китоби у кадимтарин навишта дар боби ихтилофи мазхабхост, ки ба дасти мо расида.
Зодгохи Тирмизй шахри Тирмизи Узбекистони имруза аст.
6 – «Сунани Нисой». таълифи Абуабдуррахмон Ахмад ибни Шуъайби Нисой (ваф. 303 х.к.), Нисо дар наздикии Ашкободи имруза аст. «Сунани Нисой» ба 51 фасл ва хар фасл ба чанд боб таксим шудааст. Дар он баъзе бобхо ва хадисхое, ки дар сахеххои дигар нестанд мавчуданд.
Инхоянд мачмуъахои муътабари аходиси ахли суннат ва чамоъат, ки бо номи «Сихохусситта» ёд мешаванд. Барои маълумоти бештар ба Ибни Халикон – «Вафётул–аъён» 2/29– 30, 209-300, 55, 59, 21 чопи Техрон, Ибн Надим, «Алфех– раст» 239, 335, 336; Ибн Халдун, «Мукаддима», 495; Хочи Халифа, «Кашфуззунун» 2/34-35, 1/375 мурочиат кунед.