Главная / Илм / Ханбалия чист?

Ханбалия чист?

ХАНБАЛИЯ , ки пайравии имом Ахмад ибни Ханбали Марвази (ваф.241 х.к.) мебошад. Ин мазхаб дар асри IX нахуст хамчун харакати динию сиёси ба вучуд омада, баъдан ба мазхаби фикхиву акидави ташаккул ёфтааст. Ханбалия дар шароити бухрони амики маънави ва ичтимоиву сиёси зухур кард, ки мухолифати гоявии муътазила (аклгароён) ва мухолифони он ба куллаи баланди худ расида буд. Дар ин давра, ки замони хилофати Маъмун буд, бар акси Аврупо дар олами ислом, на аз тарафи намояндагони исломи расми, балки пайравону тарафдорони фиркаи аклгарои ва озодандеши-муътазила даст ба таъкиби мухолифини худ зада, девони тафтиши акоид (мехнат) заданд ва дар ин маърака асосгузори мазхаби ханбалия Ахмад ибн Ханбал мавриди таъкиб карор гирифт.

Ахмад ибни Ханбал аз он мукаллидони суннатгарои ахли хадис буд, ки бо вучуди таъкибу шиканча аз акидаи худ нагашт. Ханбалиён дар фикх аз руи Куръон (-китоб), суннат, фатвои сахобахои Паёмбари ислом(с), киёс, истехсоб ва зароеъ хукм мекунанд. Онхо матни хадисро аз фатвои сахобагон афзалтар ва мукаддам медонанд, дар сурати набудани матни хадис ба фатвои сахобахо мурочиат менамоянд. Дар сурати набудани охирин ба хадисхои заъиф ру меоранд, агар ин охирин хам набошад аз тарики киёс, ичмоъ ,масолех ва истехсоб хукм мекунанд. Истехсоб хукмест, ки дар замони дуввум мисли замони аввал собит аст.

Харчанд ханбалия хамчун мазхаби фикхи дар асри Х ташаккул ёфт, адабиёту осори ханбали баъдтар дар асри Х1 ба вучуд омаданд. Маъруфтарини он “Китобул-умда фи ахком ал-фикх”-и Муваффак ад-Дин ибни Кудоми (1146­1223) ва “Сиёсатуш-шаръия” асари алломаи машхури ханбали Ибн Таймия (асри 13) мебошанд. Мазхаби ханбали байни табакоти поёни ва миёнаи Ирок, Хуросон, Сурия ва Хичоз таърихан таъсири зиёде доштааст ва холо он мазхаби расмии Арабистони Саъуди мебошад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузори дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иктисоди тахти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (кимат)-и неъматхову хадамот, манфиатнокии онхо …