Главная / Чугрофия / Хочагии ИМА

Хочагии ИМА

Сахми ИМА дар хочагии чахонй нихоят бузург аст. Хануз охири асри XIX ИМА аз руйи хачми истехсолоти саноатй Англияро ба кафо гузошта, ба чойи аввал баромад. Хачми умумии истехсоли махсулоти дохилии он ба зиёда аз 7 трлн доллар мерасад, ки он 1/5 хиссаи истехсолоти махсулоти умумии чахониро ташкил менамояд. Дар даромади миллй арзиши махсулоти саноат нисбат ба кишоварзй дах баробар зиёд аст. Саноати мамлакат ба заминаи пуриктидори моддии аз чихати техникй хуб тачхизонидашуда такя менамояд. Аз руйи дурнамоихои мавчуда дар нимаи аввали асри XXI ИМА дар микёси чахонй аз руйи кариб хамаи нишондихандахои иктисодию ичтимой дар чойи аввал хохад монд. Саноат сохаи асосй ва пешравандаи иктисодиёти мамлакат ба хисоб меравад. Асоси инкишофи саноати мамлакатро сарватхои зеризаминй, пеш аз хама захираи сузишворию энергетики ташкил менамояд. Захира ва истихрочи нафту газ ба иёлатхои Техас, Аляска, Луизиана, Калифорния рост меояд. Нафт ва гази табий аз нохияхои мазкур бо воситаи кубурхои нафту газ ба марказхои коркарди он дода шуда, кисме аз он ба нохияхои шимолй низ фиристода мешавад. ИМА аз Мексика, Арабистони Саудй, Англия ва дигар давлатхо хам нафт мехарад, тавассути он фоидаи калони иктисодй ба даст меорад. Кисми зиёди ангишт дар хавзаи Аппалачи Шимолй (кариб 80 дарсад) истихроч
мешавад. Холо ангиштро аксар истгоххои баркй. ки ба сифати он серталаб нестанд, аммо ба сузишвории арзон мухточанд, истифода мебаранд. Истгоххои баркии обй аксар дар кисмати гарбии мамлакат инкишоф ёфтаанд. Дар ИМА ба инкишофи энергияи ядрой диккати зиёд дода мешавад ва кариб 1/4 хиссаи истехсоли энергияи баркиро дар бар мегирад.

Дар хачми умумии истехсолоти саноати ИМА хиссаи ме- таллургия, мошинсозй ва саноати химия хеле калон аст.

Металлургияи сиёх ба заминаи хуби ашёи хом такя мекунад. Кисми зиёди корхонахои металлурги дар Шимол дар заминаи кони ангишти Аппалач ва маъдани охани Кулхои Бузург кор мекунанд. Дар ин чо корхонахои калони металлурги дар Чикаго, Гэри, Кливленд, Питтсбург чойгир шудаанд. Солхои охир аз хисоби ашёи хоми берунй (аз Канада ва давлатхои Амрикои Лотинй) дар сохили Атлантика комбинатхои калони металлурги сохта шудаанд. Иктидори истехсолии ин корхонахо то 8 млн тоннаро ташкил менамояд.

Корхонахои металлургияи ранга дар нохияхои ашёи хом истихрочкунандаваёдарбандархосохташудаанд.Микдоризиёди онхо дар гарб ва чануби мимликит чойгир шудаанд. Истехсоли алюминий дар назди истгоххои баркие, ки дар дарёхои Тенесси ва Колумбия сохта шудаанд, ба рох монда шудааст. Сохаи мошинсозии ИМА дар сатхи хеле баланд меистад. Дар байни зерсохахои он саноати электротехники, радио-электроника, хавопаймою ракетасозй хеле инкишоф ёфтааст. Корхонахои ва электронй дар агломератсияхо, ки дар он чо кувваи кории ихтисоснок бисёр аст, чойгир шудаанд. То Чанги дуюми чахонй аксари ин корхонахо дар кисмити шимол вокеъ буда, минбаъд чунин заводхо дар гарб (Лос-Анчелос) ва дар баъзе марказхои саноатии чануб низ сохта шудаанд. Бо вучуди он ки сохахои мошинсозии Чопон ва дивлитхои Аврупои Гарбй дар микёси бозори чахонй мавкеи ИМА-ро танг карда бошанд хам, аммо сифати баланди мошинсозиро аз даст надодааст. Холо 62 дарсад тачхизоти сохаи хавопаймой ва 66,5 дарсад кубурхои гази   чахонро истехсол мекунад. Дар байни

сохахои мошинсозии мамлакат автомобил ва хавопаймосозй бештар инкишоф ёфтаанд. Автомобилсозй сохаи миллии саноати ИМА мебошад. Дар ин чо хануз бо ташаббуси Форд охири асри XIX ва аввали асри XX нахустин дар чахон ба таври васеъ истехсоли автомобил ба рох монда шуд. Маркази автомобилсозии ИМА шахри Детройт буда, дар ин чо маркази инкишоф ёфтанд. Дар солхои хокимияти халки саноат якчанд маротиба афзуд. Аз чихати афзоиши умуми истехсолот аз сохаи кишоварзи пеш гузашт. Пешрафти ин сохахо сабаби тараккиёти накдиёт гардид. Аз руии хачми умумии даромади дохили Чин дар дунё чоии дуюмро ишгол менамояд.

Инчунин кобед

ДАВЛАТХОИ АВРУПО, КИ ХОЛАТИ МАНФИИ АФЗОИШИ АХОЛИ ДОРАНД

ДАВЛАТХОИ АВРУПО, КИ ХОЛАТИ МАНФИИ АФЗОИШИ АХОЛИ ДОРАНД Мамлакат Афзоиши табий (%) Мамлакат Афзоиши табий …