Главная / Илм / Хукуки истиснои ба тамгаи моли (хизматрасони)

Хукуки истиснои ба тамгаи моли (хизматрасони)

Мохи- яти хукук истиснои ба тамгаи моли дар м. 6 Конуни ЧТ «Дар ЧТ бораи тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони» ифода ёфтааст. Мувофики он сохибхукук метавонад: тамгаи моли- ро истифода барад; истифодабарии онро аз чониби шахсони дигар манъ намояд.

Истифодаи тамгаи моли бо тарзхои гуногун имконпа- зир аст (истифода дар борпеч, дар мухр, дар бланкхо, дар реклама ва гайра).

Дар м. 27 Конун мафхуми истифодаи тамгаи моли пеш- бини шудааст. Тибки он ба кор бурдани тамгаи моли аз чониби сохибхукук ва ё шахсе, ки чунин хукукро дар асоси шартнома дорад, дар молхо ва ё борпечхои молхоере, ки нисбат ба онхо тамгаи молй ба кайд гирифта шудааст, исти- фодабарии тамгаи молй хисобида мешавад. Дар сурати мав- чуд будани сабабхои узрноки истифода набурдани тамгаи молй дар молхо ва ё борпечхои онхо ба кор бурдани тамгаи молй дар реклама, нашрияхои чопи, бланкхои расми, дар лавхахо, хангоми намоиши экспонатхо дар намоишгоххо ва ярмарками дар ЧТ гузаронидашаванда хамчун истифодаи тамгаи моли эътироф шуда метавонад.

Истифодаи тамгаи мол дар конунгузори на танхо хам- чун хукук, балки инчунин ухдадори низ эътироф мешавад. Хифзи хукукии тамгаи моли нисбат ба хамаи ё кисми молхо бо далели он, ки тамгаи моли дар давоми 3 соли дилхохи муттасили пас аз бакайдгирй истифода нагардидааст, мета- вонад пеш аз мухлат катъ карда шавад.

Зимнан ягон шахси вокеи ё хукуки хак надорад, ки тамгаи молии дар Точикистон хифзшавандаро бе ичозати созохибхукуки истифода барад. Бе ичозати сохибхукук дар муомилоти граждании ЧТ истифода бурдани тамгаи моли (ё нишонае, ки он то дарачаи иштибохангез монанд аст) нисбат ба молхое, ки барои фардикунонии онхо тамгаи моли ба кайд гирифта шудааст (ё нисбат ба молхои бо ин молхо як- хела), хамчун вайронкунии хукуки истисноии сохибхукук (истифодаи гайриконунии тамгаи моли) эътироф карда ме- шавад. Тамгаи моли ё нишонае, ки ба он то дарачаи ишти- бохангез монанд аст, истифодашуда махсуб меёбад, аз чум- ла:

  • дар молхо, тамгахои борпечхои молхое, ки дар ЧТ ис- техсол мешаванд, барои фуруш пешниход мешаванд, фурух- та мешаванд, дар намоишгоху ярмаркахо намоиш дода ме- шаванд ё ба тарзи дигар ба муомилоти граждани ворид ме- гарданд ё бо хамин максадхо нигох дошта ё интикол дода шуда ва ё ба каламрави ЧТ ворид карда мешаванд;
  • хангоми ичрои корхо, расонидани хизматхо;
  • дар хуччатхои марбут ба баровардани молхо ба муо- милоти граждани;
  • хангоми пешниходи молхо ба фуруш;

– дар интернет, хусусан дар номи доменхо ё шаклхои дигари фардикунонии мол истифода бурда шавад.

Молхо, тамгакогазхо, борпечхои молхое, ки дар онхо тамгаи молй ё нишонае, ки ба он то дарачаи иштибохангез монанд аст, гайриконуни истифода бурда мешаванд, молхои калбаки хисоб меёбанд. Мувофики к. 6 м. 1137 КГ молхои калбаки (контрафакт) бо халномаи суд аз муомилот гирифта шуда, бидуни чуброн нест карда мешаванд. Контрафакт – аз ибораи лотинии сопГгаГасГю (сопГга – зид, мукобил, ГасЧю – анчом додан, инро кардан) иборат буда, маънои молхое, ки бо вайрон кардани конунгузори истехсол шудаандро ифода мекунад.

Сохибхукуки тамгаи моли дар баробари истифода, ин- чунин ваколати ихтиёрдориро низ дорад. Дар Конуни ЧТ «Дар бораи тамгахои моли ва тамгахои хизматрасони» им- конияти вогузоркунии хукуки истиснои ба тамгаи моли (гу- зашт кардани тамгаи моли) ва додани хукук барои истифо- дабарии тамгаи моли пешбини шудааст (м. 30 – 31). Хукуки истиснои ба тамгаи моли нисбат ба хамаи ё кисми молхое, ки тамгаи моли барои онхо ба кайд гирифта шудааст, мета- вонад аз чониби сохибхукук ба дигар шахси вокеи ё хукуки тибки шартнома оид ба вогузоркунии хукущ истиснои ба тамгаи моли (шартнома оид ба гузашт кардани тамгаи моли) вогузор карда шавад. Гузашт кардани тамгаи моли, агар он сабаби ба иштибох андохтани истеъмолкунанда нисбат ба мол ё истехсолкунандаи он шуда тавонад, номумкин аст.

Хукук ба истифодаи тамгаи моли нисбат ба хамаи ё кисми молхое, ки барои онхо тамгаи моли ба кайд гирифта шудааст, метавонад аз чониби сохибхукук (ичозатномади- ханда) дар асоси шартнома ба дигар шахси вокеи ё хукуки (ичозатномагиранда) пешниход карда шавад. Шартномаи зикргардида бояд талаботро дар бораи он, ки сифати мол- хои ичозатномагиранда аз сифати молхои ичозатномади- ханда пасттар намешавад ва ичозатномадиханда ичрои ин талаботро назорат мекунад, дар бар гирад. Шартнома дар бораи вогузоркунии хукуки истиснои ба тамгаи моли (шарт- нома оид ба гузашт кардани хукук ба тамгаи моли) ва шарт- нома дар бораи додани хукуки истифодаи тамгаи моли мешавад.

Инчунин кобед

565

Назарияи харочот: тахкик ва тавсифи он аз нигохи мактабхои мухталифи иктисоди

Захирахо (омилхо)-и иктисоди ба сифати унсури асосии харочоти истехсоли сурат гирифта, вобаста ба сатх ва …