Главная / Гуногун / ИЧЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАКДИРСОЗ

ИЧЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАКДИРСОЗ

ИЧЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАКДИРСОЗ

Чумхурии сохибистиклоли Точикистон дар шароити нихоят мураккаби таърихи ташкил ёфта, хаёти навини худро огоз намуд, вале дар чунин давраи хассос куввахои гуногуни сиёси роххои гайриконститутсиониро пеш гирифта, гирдихамоии шадидро давом дода, сохибистиклолии чумхуриро зери хавф гузоштанд.

Харчанд ба вазифаи Раиси Шурои Оли Рахмон Набиев интихоб шуда[1], бахри аз байн нарафтани Чумхурии сохибистиклол рохи мусолихаро пеш гирифта бошад хам, гирдихамоихои гайриконуни авзои мамлакатро торафт ноором мегардонданд. Вазъият чунон мураккаб гардид, ки Р. Набиев мачбур шуд дар арафаи интихоботи президенти ваколатхои Раиси Шурои Олиро боздорад. Ва нихоят, 24 ноябри соли 1991 ба таври райъпурсии умумихалки Р. Набиев Президенти мамлакат интихоб шуд, аммо дар чумхури, хусусан, дар сохтори болои, дар Парлумон ва Хукумат се гурухи гуногун ташкил ёфта буданд.  Гурухи аввал – онхое, ки адои вазифа доштанд, гурухи дуюм – такя ба умеду дастгирии куввахои беруна ва самаранок ис

тифода бурдани тарзи зуровари фаъолият мекарданд; гурухи сеюм – онхое, ки мавкеи бетарафиро пеш гирифта, интизори голиб гаштани куввахои муборизабаранда буданд ва мехостанд бо ин рох сохиби мансаб гарданд.

Гуруххои гайриконститутсионии ба чумхурии сохибистиклол хатарнок истеъфои шахсони олимакоми кишварро такозо мекарданд. Дар як давраи кутох дар Точикистон раисони Шурои Оли, аз чумла К. Аслонов, С. Кенчаев, А. Искандаров аз вазифаашон сабукдуш карда шуданд ва окибат нерухои оппозитсиони барои пеш бурдани фаъолияти Президенти Чумхури Р. Набиев халал расонданд. Хатто баъзе ниходхои кудрати низ макоми бетарафиро ишгол намуданд. Дар натича Р.Набиев дар зери фишори гурухи ярокбадастон 6 сентябри соли 1992 аз вазифаи президенти даст кашид ва 11-уми апрели соли 1993 вафот кард.

Хамин тавр, бо рохи гайриконститутсиони мохи майи соли 1992 зери фишори сахти мухолифин Хукумати муросои милли ташкил ёфт. Мутаассифона, ин хукумат аз ухдаи ичрои вазифааш набаромад ва дар мамлакат чанги шахрванди сар шуд.

Мардуми бегунохи чумхури бо катъият талаб мекарданд, ки ин вазъияти токатфарсо зудтар бархам дода шавад. Дар чунин шароити мураккаб, ки сухан дар бораи будан ва ё аз байн рафтани Чумхурии сохибистиклоли Точикистон мерафт, даъ- ват намудани Ичлосияи XVI Шурои Оли (даъвати дувоздахум) ва аз вартаи бухрони сиёси баровардани мамлакат вазифаи аввалиндарача гардид.

Дар чунин вазъияти хассос кори Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон (даъвати дувоздахум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар касри фарханги Арбоби хочагии ба номи Саидхуча Урунхучаеви Хучанди бостони гузаронида шуд. Аз 230 нафар вакили халк 193 нафар дар кори ичлосия иштирок на- муданд.

Рузномаи Ичлосия 23 масъаларо дар бар гирифта буд. Аз чумла, мурочиати Шурои Олии Чумхурии Точикистон ба кишвархои узви Иттиходи Давлатхои Мустакил; дар бораи тартиби ба чойи истикомати мукимиашон баргаштани гурезахо; дар бораи Нишон ва Парчами давлатии Точикистон; дар бораи интихоби Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон; дар бораи авфи умуми; дар бораи аз мухосираи иктисоди рахо додани минтакахои чудогонаи чумхури; дар бораи ба эътидол овардани вазъияти чамъиятию си- ёсии Чумхурии Точикистон ва гайра буда, аз руйи онхо карорхои дахлдор кабул гардиданд.

19 ноябри соли 1992 Ичлосия Акбаршо Искандаровро аз вазифаи Раиси Шурои Оли озод карда, Эмомали Рахмонро бо овоздихии пинхони ба ин вазифа интихоб намуд. Ичлосия инчунин Хукумати нави Точикистонро ташкил дод.

Эмомали Рахмон дар давраи басо мушкил, ки дар чумхури чанги бародаркуши ба амал омада буд, тавонист тамоми куввахои пешкадами сулхпарварро дар гирду атрофи худ муттахид намояд. У хамчун сиёсатмадори варзидаву кордон дар назди вакилон суханрони намуда, касам ёд кард, ки тамоми кувваи худро ва агар лозим шавад чони худро фидо менамояд, то ки дар Точикистон сулх ва ороми пур- ра пойдор гардад. Зодаи Хатлонзамини бостони дар чунин вазъияти мураккаб ба сари кудрат омад ва ба ваъдааш вафо кард.

Дар Хучанди бостони вакилони мардуми дар Ичлосияи XVI барои такдири минбаъдаи Точикистон, ба охир расидани чанги бародаркуш, ба даст даровардани сулх ва хамдигарфахми, барпо намудани Хукумати конститутсиони кушишхои зиёд намуданд.

Дар таърихи 25 ноябри соли 1992 рохбари Фронти халки С. Сафаров ва намояндаи мухолифин Ч. Буйдоков дар Ичлосия баро- мад карданд. Эмомали Рахмон рохбарони гуруххои силохдорро даъват намуд, ки ба чанги бародаркуш хотима дода, ватанро аз вартаи халокат рахо созанд.

Пас аз ба охир расидани Ичлосия Хукумати нави Точикистон кори худро дар Душанбе огоз намуд. 12 декабри соли 1992 Хукумати Точикистон ба шахрвандон мурочиат намуда, накшаи асосии сохтмони чомеаи демократиро муайян кард.

Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон дорои ахамияти таърихи мебошад. Вай барои тахкими хокимияти давлати, ташаккули Истиклолияти мамлакат, Вахдати милли заминаи мустахкам гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкори огоз бахшид ва симои сиёсии Точикистонро дар арсаи байналмилали муаррифи намуд.

Дар суханронии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба муносибати 20-умин солгарди Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон самтхои асосии мархалаи рушди давлатдориамон ба тарики мушаххас баён ёфтаанд:

«Самти якум, хифзи давлатдории миллй мебошад. Мо то имруз мархалаи бисёр мураккаби эхё ва баркарорсозии давлатдории миллии худро асосан ба анчом расонидем ва бисёр масъалахоеро, ки хоси ин давра буданд, хал кардем. Вале масъалаи хифзи ин дас- товарди бузург, яъне химояи давлату давлатдории миллй хамчун масъалаи бисёр мухими хаёти хамоно бокй мсмонад…

Самти дуюм, ин масъалаи хамачониба баланд бардоштани маърифати сиёси, хукуки, худшиноси ва худогохии милли махсуб мсшавад. Ин масъала хусусан дар раванди чахонишави ва асри иттилооти ахамияти хосса пайдо мскунад.

Самти ссюм, ба таври огохона муттахид намудани мардуми кишвар дар атрофи «Точикистони сохибихтиёр – Ватани ягонаи мо» мсбошад.

Самти чорум, рушду такомули фарханги сулх ва ризоияти милли ба хисоб мсравад, ки он бояд чавхари фаъолияти хамсшагии мардуми мо бошад.

Самти панчумро мставон сиёсати ру овардан ба чавонон но- мид. Мохияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои бсхбуди шароити рушди маънавию ахлоки ва тахсилу кор ба чавонон имкониятхои муносиб фарохам оварда шаванд.

Самти шашум, хифзи хувияти милли дар шароити чахони- шавист».

Орзуи халки точик дар бобати барпо намудани Чумхурии сохибистиклоли Точикистон чомаи амал пушид ва аз соли 1992 Точикистон ба узвияти Созмони Милали Муттахид кабул гардида, зиёда аз 206 мамлакати чахон истиклолияти онро эътироф карданд.

Барои омухтани таърихи Чумхурии сохибистиклоли Точикистон хонандагон бояд асархои илми, маводи гуногуни таърихи ва сарчашмахоро самаранок истифода баранд. Ба хонандагон инчунин зарур аст, ки аз маводи осорхонаву бойгонихо ва китобхонахо бахравар шаванд. Дар ин самт вохурихо бо олимону адибон, ходимони давлати ва собикадорони мсхнат низ басо судманд мсбошад.

[1] Набиев Рахмон 5 октябри соли 1930 дар дехаи Шайхбурхони нохияи Хучанд, дар оилаи дехкон таваллуд шудааст. Соли 1949 Омузишгохи хочагии кишоварзии ш. Хучанд ва соли 1954 Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи кишоварзии ш. Тошкандро хатм намудааст. Сипас дар вазифахои гуногуни хизби ва шурави кор кардааст. Солхои 1973-82 Рахмон Набиев Раиси Шурои Вазирони ЧШС Точикистон ва аз соли 1982 то соли 1990 дар вазифаи котиби якуми КМ ХК Точикистон кор карда, дар ободу зебо гардидани чумхуриамон сахм гузош- тааст. Пас аз пош хурдани ИЧШС ва сохибистиклол шудани Точикистон Р. На- биев ба вазифаи Раиси Шурои Оли ва 24 ноябри соли 1991 бо рохи раъйпурсии умумихалки Президенти Чумхурии Точикистон интихоб шуд.

Инчунин кобед

МОЛИКИЯ

Моликия ки пайравони Имом Молик ибни Анас ал-Асбахи (732-795) буда, дар нимчазираи Арабистон ба вучуд …