Главная / Илм / ИКТИСОДИЁТИ ОИЛА ДАР ХАЁТИ ИКТИСОДИИ ЧАМЪИЯТ

ИКТИСОДИЁТИ ОИЛА ДАР ХАЁТИ ИКТИСОДИИ ЧАМЪИЯТ

Дар аввал калимаи «экономика» (аз юнони «о^копот^ке»- идора кардани хочаги) маънии махорату кобилияти рузгордориро дошт, вале тадричан маънии ибтидоии калима аз байн рафт. Алхол калимаи экономика маънои идора кардани хочагии калонро мефахмонад. Ин вожа ба забони точики бо калимаи арабии «иктисод» ё «иктисодиёт» ифода мешавад. Маънои аслии калимаи «иктисод», сарфаю сириштакор будан, эътидолро нигох доштан, сарфакори кардан мебошад. Рафта-рафта вожаи иктисодиёт низ маънои идора кардани хочагии калонро ба худ гирифт.

Хар як оила захирахои муайян дорад. Захирахо пул, воситахои моддию истехсолй, сарват, имконият, манбаъхои восита ва даромадро дар назар дорад.

Захирахои иктисодии оила иборатанд аз: захираи мехнат (аъзои оила, имконияти фаъолона дар рузгордори иштирок кардани онхо); сармоя (гайриманкула: манзил, китъаи замин, анбор, гараж, воситаи наклиёт, аз кабили мошин, мототсикл, дучарха; техникаи рузгор, аз кабили яхдон, чангкашак, мошинаи чомашуйи ва гайра); молияви (пули накд, суратхисоби бонки, когазхои киматнок, сугуртанома); технология (технологияи таомпази, дузандаги, технологияи корхои таъмири, технологияи истехсоли молу хизмат ва гайра).

Дар иктисоди оила низ хамаи конунхое амал мекунанд, ки иктисодиёти калон тобеи онхост. Рисолати иктисодиёти оила чун илм баланд бардоштани имкониятхои аъзои оила дар истифодаи окилонаи захирахои онхо дар шароити афзоиши талабот ва махдуд будани имкониятхо мебошад. Иктисоди оила инсонро ба ташкили окилонаи мехнати оилави, истифодаи босамари захирахо дар оила, ташаккули талаботи мувофик ё оптимали тайёр мекунад. Максади иктисодиёти оила таъмини ичрои шоистаи накшхои ичтимоии шахрванд чун узви фаъоли чамъият, оиладор, истеъмолкунанда ва истехсолкунандаи неъматхои моддию маънави мебошад.

Дар назди иктисоди оила вазифахои зерин меистанд:

  1. Нисбатан пурра конеъ гардонидани талабот ва эхтиёчоти хамаи аъзои оила.
  2. Истифодаи окилонаи захирахои оилави.
  3. Накшагири ва сарфаи воситаю вакт.
  4. Дар рузгордори истифода бурдани хисоби хочаги ва ташкили илмии мехнат.

Аз гуфтахои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки иктисодиёти оила сохаи асосии фаъолияти мо мебошад.

Саволхо барои санчиш:

  1. Маънои аслии калимаи «экономика» ва «иктисодиёт» чист?
  2. Захира гуфта, чиро мефахмед?
  3. Мамлакати мо дорои чи хел захирахо мебошад?
  4. Таъйиноти иктисодиёти оиларо чун илм шарх дихед.
  5. Оила дорои кадом захирахост?

Руйхати захирауои оилаатонро тартиб дода, натичаашро

Дар чадвал нависед:

Намуди захира
Физики Модди Молияви Технологи
     

 

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …