Главная / Илм / ИНТИХОБИ КАСБ

ИНТИХОБИ КАСБ

Дар карорхои Хукумат ва суханронихои Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар бораи ба таври кулли тезонидани суръати тагйироту такмил додани интихоби касбии чавонон эътибори махсус дода шуда, муассисахои тахсилоти умуми хамчун чузъи мухим дар ин масъала дониста мешаванд.

Дар хакикат, дар остонаи мактаб насли наврас ба олами касбу хунар шинос гардида, ба хар гуна фаъолияти мехнати шавку завк зохир менамояд ва дар натича бо хусусиятхои психофизиологии худ ошно мегардад.

Фаъолияти интихоби касб, ки хангоми илмандузи дар мактаб ва берун аз он ба сомон мерасад, бояд инкишофи хусусиятхои инфироди (шахси) ва кобилияти эчодкории хар як хонандаро таъмин намуда, самти касбии уро ба ягонагии манфиати шахсию давлати пайваста созад.

Лекин, муносибати имрузаи насли наврас ва чавонон нишон медихад, ки дар сохаи интихоби касб онхо ба камбудию норасоихо зиёд рох медиханд, ки он ба сохаи илми педагогика (омузгори) вобаста мебошад. Аз хамин лихоз кулли хонандагон аз ухдаи интихоби касби ояндаи худ намебароянд ва бештари вакт ин масъала аз тарафи волидайн хал карда мешавад.

Мутобикан ба нодурустии сохаи касбинтихобкунии бидуни меъёр сафи хатмкунандагони ихтисосхои хукукшиноси, иктисоди ва баъзе аз сохахои касби омузгори афзуда истодааст. Масалан, муассисахои тахсилоти олии чумхуриро дар бадали 10 соли охир зиёда аз 20 хазор нафар хукукшиносу иктисоддонхо хатм намуда, бештар аз 15 хазори онхо ба чойи кор таъмин нашудаанд, гарчи барои омузонидани онхо маблаги зиёд сарф гардидааст.

Ба хато рох додан дар сохаи интихоби касб хонандагони истеъдоднокро аз мадди назар дур намуда, ба паст шудани самараи истехсолот, бесамар гардидани фаъолияти мехнати ва сарфи бехудаи маблагхои давлати оид ба тайёр намудани сохибкасбон оварда мерасонад. Холо дар мамлакат зиёда аз 75 фоизи хатмкунандагони муассисахои махсуси касбию техники ва зиёда аз 50 фоизи хатмкунандагони муассисахои тахсилоти оли бо фаъолияти мехнати аз руйи ихтисос машгул нашуда, аксари онхо мардикориро дар мамлакатхои хорича пеша кардаанд.

Аз хамин лихоз, камбудию норасогихои сохаи интихоби касбхо ва бидуни накшаи давлати тайёр намудани ихтисосмандон ба омузиши чукури равандхои назариявию амалии ин масоил водор месозад.

Инчунин кобед

chem-otlichaetsya-kompaniya-ot-firmy

Фирма, мохият, вазифа, ва услубхои ташкили он

Новобаста аз гуногунии акида ва назарияхо иктисодчиёнро чунин хислатхои умумии фирма ба хам наздик ва …