Мафхум, мохият ва ахамияти номи махалли истехсоли мол ва нишондоди истехсолй. КГ ба сифати воситахои дига- ри фардикунони номи махалли истехсоли мол ва нишондоди истехсолиро пешбини мекунад. Аслан ин объектхо ишора- хои чугрофи (дсодгар111са1 тсНсаОоп) мебошанд, яъне алома- те мебошад, ки молро хамчун аз каламрави кишвар ё мин- така ва ё махал дар ин каламрав баромада, хаммонанд меку- над, ки дар он сифат, эътибор ва тавсифхои дигари муайяни мол то андозаи мухим бо пайдоиши чугрофи алокаманд аст.[1] Максад аз танзими хукукии ишорахои чугрофи дар барта- раф намудани истифодаи аломатхои гуногуне, ки чамъиятро нисбат ба баромади аслии мол гумрох мекунад, иборат ме- бошад.
Чунин ишорахо хануз аз замони кадим истифодашуда, навъи ибтидоии тамгаи моли буданд. Аз эчодиёти ниёгон низ мушохида кардан мумкин аст, ки молхо вобаста ба ма- халли баромад шухрат доштаанд. Порчае аз хикояти Саъдии Шерози (аз суханони бозаргоне): «…Гугирди порей хохам бурдан ба Чин аз форс, ки шунидаам (дар он) кимати азим дорад ва он чо косаи чини ба Рум орам ва дебои (шохии) руми ба Хинд; пулоди хинди ба Халаб ва обгинаи (шишаи) худлаби ба Яман ва бурди ямани (номи матое) ба Поре ва аз он пас тарки сафар кунам ва ба дуконе бинишинам».[2]
Имруз низ мутахассисон мансуб донистани номи махал- ли истехсоли молро ба объектхои моликияти зехни махз дар функсияи асосии он – тафовутгузории молхои якхела, ки до- рои хосияти хоси баромад аз объектхои гуногуни чугрофи мебошанд, мебинанд.1 Функсияи мазкур мисли функсияи тамгахои моли мебошад. Дар баробари ин, алокаманди ба объекти муайяни чугрофи низ ифода карда мешавад. Ишо- рахои чугрофи аз номи махалли истехсоли мол ва ни- шондоди истехсоли иборат мебошад. Номи махалли истех- соли мол аломатест, ки аз номи муосир ё таърихии мамла- кат, махалли ахолинишин, мавзеъ ё дигар объекта чугрофи ё ифодаи аз ин ном хосилшуда иборат аст ё чунин номро дар бар мегирад ва дар натичаи истифодаи он нисбат ба моле, ки хосиятхои махсуси онро танхо ё асосан шароити табии ва (ё) омилхои инсонии хоси хамин объекти чугрофи муайян меку- нанд, маъруф гаштааст.
Ин мафхуми расми дар Конуни ЧТ «Дар бораи ишо- рахои чугрофи» пешбини шуда буд. Вале дар иртибот бо во- ридшавии ба СУС дар раванди чаласаи шашуми гурухи кори оид ба дохилшавии ЧТ ба СУС аз чониби гурухи кории Ит- тиходи Аврупо ба намояндагони Точикистон оид ба ному- тобикати мафхуми мазкур ба мафхуме, ки дар Созишномаи Лиссабон дар бораи хифзи номхои махалли истехсол ва бакайдгирии байналмилалии онхо аз 31 октябри с. 1958 дода шудааст, масъалагузори карда шуд. Аз ин ру, бо Конуни ЧТ «Дар бораи ворид намуда ни тагийру иловахо ба Конуни ЧТ «Дар бораи ишорахои чугрофи» аз 3 июли с. 2012 мафхуми нав ворид карда шуд. Мувофики он номи махалли истехсоли мол «номи кишвар, махалли ахолинишин, махал ва ё дигар объекти чугрофи буда, барои ишоракунии пайдоиши мол аз он чо истифода бурда мешавад, ки хусусиятхои хоси он танхо ва ё асосан бо шароитхои табии, барои ин объекти чугрофи хос ва ё дигар омилхои ба шароитхои табии ва ин омилхо мувофик муайян карда мешавад.
Номи чои пайдоиши мол мумкин аст номи таърихии объекти чугрофи бошад. Дар ин таъриф омилхои этнографй (омилхои инсони) берун мондаанд. Бинобар ин, бояд хусуси- ятхои хосси мол танхо ва ё асосан бо шароитхои табиии ба- рои ин объекти чугрофи хос ва ё дигар омилхо, ё ин ки пай- вастагии шароитхои табии ва ин омилхо муайян карда ша- ванд.
Нишондоди истехсоли ин аломатест, ки ба таври му- стаким ё гайримустаким ба объекти чугрофи, ки чои вокеии баромад ё истехсоли мол мебошад, ишора менамояд. Баъд аз таъгйироти Конуни ЧТ «Дар бораи ишорахои чугрофи», ин мафхум мохиятан тагйир наёфта, хамчун аломате муайян карда шудааст, ки бевосита ва ё бавосита ба чои пайдоиши хакики ва ё истехсоли мол ишора мекунад. Ишораи пайдо- иши мол мумкин аст дар шакли номи объекти чугрофи ва ё тасвир пешниход карда шавад.
Чанд сухан перомуни истилохот ва мавкеи истифодаи онхо. Дар КГ барои ифодаи ишорахои чугрофи истилоххои «номи махалли истехсоли мол» ва «нишондоди истехсоли» истифода гардидааст. Дар КЧ ЧТ ва КХМ низ «номи махал- ли истехсоли мол» истифода шудааст. Дар Конуни ЧТ «Дар бораи ишорахои чугрофи» истилоххои «номи махалли ис- техсоли мол» ва «нишондоди истехсоли» мувофикан бо ис- тилоххои «номи чои пайдоиши мол» ва «ишораи пайдоиши мол» ифода ёфтаанд. Ба андешаи мо калимаи «истехсол» маънои аслии баромад ё худ пайдоиши молро дода намета- вонад, аз ин ру, дар ин масъала истилохи пешбиникардаи Конуни ЧТ «Дар бораи ишорахои чугрофи» кобили кабул аст. Ин холатро мо баръало дар таърифи мафхуми нишон- доди истехсоли дида метавонем, ки «чои вокеии баромад (пайдоиш) ё истехсоли мол»-ро дар бар мегирад. Бинобар ин, номи махалли баромади (пайдоиши) мол ва нишондоди (ишораи) махалли баромад (пайдоиш) дурусттар аст, вале бо максади таъмини ягонагии истилохот, мо аз мукаррароти КГ истифода мебарем. Ишораи чугрофи аслан ишора ба он мекунад, ки баромади мол аз объекти муайяни чугрофи аст, бо он иртибот дорад. Масалан, чумлаи «дар Точикистон ис- техсол шудааст» дар борпечи моли муайян боиси пайдоиши тасаввурот оид ба он мегардад, ки баромади мол аз Точики- стон аст. Ё худ истифодаи тасвири мучассамаи Исмоили Со- монй, Калъаи Хисор, мучассамаи Озодй (81а1ие оГ МЬеПу), бурчи Эйфил (Е1’1Гс1 То\усг) ва гайра дар борпечи мол низ ба баромади мол ва аз объекти чугрофи ишора мекунанд. Ба- рои сабти чунин навиштачот ё тасвир ичозати махсус ва бакайдгири лозим нест ва хеч кас нисбат ба онхо хукуки ис- тиснои дошта наметавонад. Вале истифодаи онхо набояд ис- теъмолкунандаро (чомеаро) гумрох кунад.
Дар баробари ин, кисми дигари ишорахои чугрофи (номи махалли истехсоли мол) нишон медихад, ки мол хоси- яти муайянро доро мебошад ва ин хосият асосан ва ё танхо аз махалли баромади он вобаста аст. Ба ин хосият омилхои табии ва ё инсони таъсир мерасонанд. Бинобар ин, чунин ишорахои чугрофиро ба кайд гирифтан мумкин аст. Хамин тавр, байни номи махалли истехсоли мол ва нишондоди ис- техсоли чунин тафовутро нишон додан мумкин аст: нишон- доди истехсоли бавосита ва ё бевосита танхо ишора ба ба- ромади мол мекунад; номи махалли истехсоли мол ишора ба объекти чугрофие мекунад, ки мухити чугрофии он ва омилхои инсони ба хосияти мол таъсир мерасонанд; шакли нишондоди истехсоли озод аст -вожави ва ё тасвири; номи махалли истехсоли мол танхо вожави шуда метавонад; ни- шондоди истехсоли одатан чандон маъруф нест, масалан, тасвир намудани рустои дурдасти ин ё он давлат, ки шояд дар Точикистон касе онро надонад; номи махалли истехсоли мол бошад, одатан маъруф аст. Масалан, Шохамбари, Нар- зан, Боржоми, Ессентуки ва гайра; нишондоди истехсоли ба кайд гирифта намешавад; номи махалли истехсоли мол ба кайд гирифта мешавад ва гайра.
[1]Мафхуми мазкур дар конунгузории Точикистон дар иртибот бо аъзошу- дани ЧТ ба СУС пешбини гардид. Дар ТРИПС мафхуми расмии «ишора- хои чугрофи» мавчуд аст. Яке аз саволхое, ки дар чаласаи шашуми гурухи кори оид ба аъзошудани ЧТ ба СУС аз чониби гурухи кории Иттиходи Аврупо ба намояндагони Точикистон пешниход гардид, ин мувофик набудани мафхуми расмии «ишорахои чугрофи» дар Конуни ЧТ «Дар бораи ишорахои чугрофи» ба маънои аслии ишорахои чугрофи буд.
Юрлова В.В. Правовое регулирование средств индивидуализации в Рос- сийской Федерации. – М., 2004. С.75.