Дар мавзуи дар боло тахлилшуда, ба принсипи пайва- стагии манфиатхои муаллиф ва чамъият ишора намуда, кайд карда будем, ки тавассути он хадди монополияи муаллиф ба асари офаридааш муайян карда мешавад. Чунин хад тавас- сути мукаррар намудани холатхои истифодаи озоди асар дар Падидаи истифодаи озоди асар бо Конвенсияхои бай- налмиллали оид ба хукуки муаллифи ичозат дода шуда, би- нобар ин, ба конунгузори оид ба хукуки муаллифии хамаи давлатхо маълум аст. ЧТ низ дар давраи истиклолият кону- ни муаллифии мутамаддини худро кабул намуд, ки дар фар- кият аз конунгузории даврони шурави хадди истифодаи озоди асарро мукаррар намуд. Барои маълумот, дар даврони шурави хадди истифодаи озоди асар васеъ мукаррар шуда, хатто озод коркард намудани асар, тачдиди озоди хамаи асархои нашршуда дар синамо, радио ва телевизион, тачдиди хамаи намудаи маводхо дар рузномахо бо конун ичозат дода шуда, чунин холат бо табиати хоссаи муноси- батхои хукуки муаллифи дар хукуки шурави асоснок карда мешуд.
Конуни хукуки муаллиф холатхои истифодаи озоди асарро дар м. 19-21, 24, 39 пешбини намудааст. Хамчун кои- даи умуми истифодаи озоди асар бо максади ба даст оварда- ни фоида ва ё имтиёзе алокаманд намебошад. Дар он манфи- ати молумулкии истифодабаранда ночиз аст. Дар мачмуъ хамаи холатхои истифодаи озоди асарро ба ду гурухи умуми тасниф намудан мумкин аст: 1) истифодаи озоди асар бе пардохти хакки калам ба муаллиф ё дигар истифодабаран- даи хукук; 2) истифодаи озоди асар бо пардохти хакки калам ба муаллиф ё дигар истифодабаранди хукук.
Ба гурухи якум, тачдиди асар ба максадхои шахси, ба гайр аз асархои аудиовизуали, асархои меъмори дар намуди бино ва иншоот, манбахои маълумот ё кисмхои мухими онхо, барномахо барои МЭХ, пурра аз нав чоп кардани нусхаи китобхо ва матни нотахо (м. 19 конуни хукуки муал- лиф), истифодаи асар ба максадхои иттилооти, илми, тахлили ва дигар максадхои барои чамъият ахамиятнок (м. 20-21, 24 конуни зикршуда), истифодаи асар барои эхтиёчоти расми (м. 21 конуни зикршуда), истифодаи асар, ки аз руи хислати фаъолияти истифодабаранда барои нигох доштани хомили моддии асар ё барои кор бо асар зарур аст (м. 24 конуни зикршуда) дохиланд.
Истифодаи озоди асар бо риояи коидахои умумии зерин сурат мегиранд. Якум, коидахои истифодаи озоди асар танхо ба асархои конунан интишоршуда дахл доранд. Асархои ин- тишорнашуда ё гайриконуни интишоршуда танхо бо ро- зигии муаллиф истифода шуда метавонанд. Дуюм, истифо- даи озоди асар бе зарар ё халалдоркунии хукукхои шахсии гайриамволии муаллиф, инчунин бо риояи хатмии талаботи ин хукукхо анчом меёбанд. Сеюм, истифодаи озоди асар танхо бо шарте ичозат дода мешавад, ки бо ин амал ба ис- тифодаи муътадили асар зарар нарасида, манфиатхои кону- нии муаллиф халалдор намегарданд. Чорум, холатхои исти- фодаи озоди асар бо мукаррароти конунгузори муайян гар- дида, маънидодкунии васеи онхо, мукаррар намудани ило- вахо ба санадхои зерконуни ё санадхои чамъбасти тачрибаи суди манъ аст.