Ибора кадами аввалини «сохтан» аст. Калимахо бо навъ- L • j хои алокаи тобеии изофи, вобастаги ва хамрохи бо хам- дигар алокаманд шуда, ибора месозанд: гули сурх, бинои мак- таб, ба хона рафтан, гул барин нозук, ду савор, як соат барвакт. Дар ин иборахо исмхои гул, бино, савор, сифати нозук, феъли рафтан ва зарфи барвакт чузъи асоси буда, иборахои гули сурх ва бинои мактаб бо алокаи изофи, ба хона рафтан, гул барин нозук бо алокаи вобастагии пешоянди ва пасоянди, иборахои ду савор ва як соат барвакт бо алокаи хамрохи сохта шудаанд. Аз чихати тааллуки сарфии (морфологии) чузъхои асоси иборахоро ба исми, сифати, чонишини, феъли ва зарфи чудо мекунанд: Хамеша ба дафтари хотираам нигох мекунам, ки бо хусни хати зебо чунин навиштаи Бобочони азизу мехру- бон сабт ёфтааст: «Мубориза, захмати халол, рост рафтан, рост гуфтан, ба кадри дустони чони расидан, дасти фитодае ё дармондаеро гирифтан, санги сари рохро бардоштан, мехру- бони хамсару фарзандону наберагону аберагон будан, ба ризки худодода каноат кардан, тахаммул» (Ф.Н.).
- Бо тарзхои алокаи изофи, хамрохи ва вобастаги иборахое со – зед, ки исм, сифат ва феълхои зерин чузъи асосии онхо бо- шанд: вохури, тайёри, мубориза, шикоят, пешвозгири, бузургтар, доно, сахт, ширин, шармидан, обутобёфта, хандакунон, гуфтугу кардан, натарсидан, ифтихор доштан, андеша кардан, мехнат кардан, азоб кашидан. Иборахои хосилшударо шарх дихед, ки чузъхои ибора бо хамдигар чи тарз алокаманд шудаанд.
- Аз матнхои наврузи иборахоро ба дафтаратон навишта, ба зери калимахои асосии иборахо хат кашед ва муайян кунед, ки чузъ- хои асоси ва тобеъ ба кадом хиссахои нутк тааллук доранд ва онхо чи гуна ибора сохтаанд.
- Эй гунчаи хандида, Навруз муборак бод!
Эй чашмаи чушида, Навруз муборак бод! (Лоик)
- Омад бахори хуррам бо рангу буйи тиб,
Бо сад хазор нузхату ороиши ачиб (Рудаки).
- Бар чехраи гул насими Навруз хуш аст,
Дар сахни чаман руйи дилафруз хуш аст (Хайём).
- Омад бахору сайри гулистон ганимат аст,
Базми висоли гунчаи хандон ганимат аст (Сайидо).
- Ба фарки сар ниходан сад шутур бор, Зи Машрик чониби Магриб давидан. Басе бар Чоми осонтар намояд Ки бори миннати дунон кашидан.
- “Иди Навруз, ки сари соли шамси, дар аввали хамал сар мешуд, яке аз идхои пеш аз исломият аст. Бинобар ин халки точик, дар холате ки иди Рамазон ва иди Курбон барин идхои диниро як руз барпо медоштанд, иди Наврузро хафтахо давом медод.
Бо сабаби дар аввади бахор, дар вакти ба харакат даро- мадани тамоми рустанихо рост омадани ин иди табиат инсон хам ба харакат меомад. Аз ин чост, ки точикон “Хамал – хама чиз дар амал” мегуянд. Дар хакикат, ин ид ба харакат омадани киштхои галладона ва сар шудани киштукори дигари хосилоти замини буд, ки инсонро сер карда, сабаби бакои хаёти у ме- шуд” (Садриддин Айни).
- “Навруз кадимтарин дар чахон чашни соли нав аст; На- вруз ба пояи суннати фархангие такя мекунад, ки барояш худ- бинии ифроти, нодида гирифтан ва ё инкор кардани арзишхои маънавии дигар халкхо тамоман бегона аст; Дар байни чум- ла идхои мардумии чахон Навруз хамгонитарини чашнхост” (Акбар Турсон).
- Дар иборахои гунчаи ханДиДа, бахори хуррум ва чехраи гул чузхои асоси ва тобеъ бо кадом хиссахои нутк ифода ёфтаанд? Чузъхои тобеъ ба кадом саволи чуъхои асоси чавоб мешаванд ва байни онхо чи гуна алокаи грамматики вучуд дорад?
- Дар ибораи кадимтарин дар чахон чи?
- Дар иборахои сад хазор нузхат ва сад мехнату гам чи?
- Дар ибораи ба фарки сар ниходан сад шутур бор, ба харакат даромадани тамоми рустанихо, инкор кардани арзишхои маъ- навии дигар халкхо чи?
- Дар ибораи тафсилии базми висоли гунчаи хандон алокаи грамматикии калимахо чи тарз ифода ёфтааст?
- Бо калимахои зерин дар колаби ибора сарлавха созед:
Мусобика, кувваозмои, фидокори, комёбихо, нобасомони- хо, гамхори, бепарвои, назорат, тадбирхо, обуна, озмун, мухо- риба, саёхат.
- Аз матнхои зерин иборахои номи ва феълиро ба ду сутун на- вишта, тарзу воситахои грамматикии алокаи чузъхои ибораро нишон дихед.
Бузургмехрро гуфтам:
- Чи чиз аст, ки ба хама вакт сазовор бувад?(7)
- Ба кори худ машгул будан.
- Дар чавони ва пири чи кор бехтар?
- Дар чавони дониш андухтан ва дар пири ба кор овардан.
- Чанд чиз аст, ки андух бибарад?
- Се чиз: дидани дусти мухлис, гузашти рузгор, ёри му- вофик.
- Кадом сухан аст, ки рост бошад ва дуруг намояд?
- Баёни зурчавони(2) дар пири ва айши тавонгари(2) дар факири.
- Кадом кас аст, хар чо ки равад, уро дуст доранд?(4)
- Сохиби адаб.
- Он чи чизхост, бехтар аз зиндагони ва бадтар(6) аз марг бошад?
- Бехтарин аз зиндагони некномист (6) ва бадтар аз марг бадномист (6).
- Дар ин матн пурсиш бо ёрии хиссачаи саволи, пурсишчо- нишинхо ё танхо бо оханги саволи ифода ёфтааст?
- Дар чумлахои саволи задаи мантики ба кадом калима афто- дааст?
- Дар чумлахои мураккаби тобеъ пурсишро сарчумла ифода кардааст ё чумлаи пайрав?
- Калимахои чавони – пири, рост – дуруг, бехтар – бадтар, зиндагони – марг, некноми – бадноми чи муносибати маънои доранд?
- Дар матнхои зерин сохти грамматикии иборахои ишорашуда- ро тагйир дода, бо усули таъвиз (трансформатсия) колабхои муродифи онро (ба мисли орзуи ягонаи Рахимабегим – ягона орзуи Рахимабегим – Рахимабегимро ягона орзу ва гайра) со- зед, иборахои муштаракмаъноро бо хамдигар мукоиса кунед ва шарх дихед, ки чаро нависанда махз хамин тарзи ифодаро интихоб намудааст:
- Дар шахрхои кадимаи Шарк ачоибтарин(3), серо шуб- тарин(3) ва марокангезтарин(3) чо бозору растахо буданд (Ч.И.); 2. Вай дар овони чавониаш зеботарин духтари Шоён будааст; 3. Чаноби олиат фосик, фочир, молимардумхур, ифлос ва мурдор як одам аст; 4. Аз руйи одат, хурсандии аз хад зиёд сустдилонро сабаби халок мешавад (С.А.); 5. Рудакиро сухан рангин аст.