Импулси электромагнити – майдонхои (электрики) барки ва маг- нити дар натичаи таъсири гамма-нурхои таркиши хастаи ба атомхои олами ихотакарда ва дар ин майдон ташкил ёфтани сели электронхо ва ионхои мусбат мебошад. Вай тачхизоти радиоэлектрони, радио ва воси- тахои радиоэлектрониро аз кор мебарорад. Воситаи мухимми мухофи- зат аз хамаи омилхои таркиши хастаи – иншооти мухофизати мебошад. Дар майдони кушода дар паси ашёи мустахкам панох шудан лозим аст. Хангоми харакат дар нуктахои захролудшуда барои мухофизати роххои нафас, чашмхо, кисмхои кушодаи бадан аз ашёи радиоактиви воситахои мухофизати роххои нафас, никобхои зиддигази, респиратор, никобхои зидди гарду хок ва бандакхои докаги ва пахтагин, инчунин, аз воси- тахои мухофизати пуст истифода мешавад.