Аз замони чоп шудани китоби Ч. Дарвин дар бораи пайдои- ши намудхо зиёда аз 150 сол гузашт, аммо дар ин давра хам назарияи эволютсиони пеш мерафт. Ин давраро ба се мархала чудо кардан мумкин аст.
- Мархалаи романтики. Давраи шукуфоии дарвинизм. Пас аз якуним мохи нашри китоби «Пайдоиши намудхо» он такроран чоп шуда, зуд ба фуруш рафт. Дере нагузашта онро ба бисёр забонхои дунё тарчума карданд. Акидахои зиддиэволютсиони ва креатсионизм сахт шикаст хурданд. Дар ин бобат хизмати ташвикотчиёни назарияи эволютсия хеле калон буд. Олимон наза- рияи эволютсияро на факат ташвик мекарданд, балки эчодкорона пеш мебурданд.
- Мархалаи инкори назарияи эволютсия. Такдири таълимоти эволютсиони ва назарияи интихоби табии хамчун магзи он нихоят печдарпеч буд. Таълимоти эволютсиониро аксари олимон кабул карданд. Аммо дар атрофи назарияи интихоби табии бо сабабхои гуногун бахсу мунозираи зиёд рух дод. Сабаби асоси хамин буд, ки дар бораи ду ходисаи мухимтарини хаёти ирсият ва тагйирпазири – маълумоти кофи вучуд надошт. Гайр аз ин, дере нагузашта, баъди нашри асари «Пайдоиши намудхо» математики англис Ф. Ченкин акидахои чиддии зидди назарияи эволютсиониро изхор кард, ки чунин маъно дошт: тагйирпазирихои ирсии тасодуфан бавучудомада дар табиат хама вакт хеле каманд. Им- конияти бордоршавии ду фарди якхелаи дорои тагйирпазирии ирси буда ва додани насл бенихоят кам аст. Барои хамин, агар яке аз волидайн аломати А дошта бошад, дар насли онхо ин аломат кам мегардад: А/2 дар наберахо, А/4 дар аберахо, А/8 …, яъне ин аломат дар чараёни дурагашави тадричан аз байн меравад. Ин акидаи Ченкин бисёр олимон, аз чумла худи Дарвинро дар бораи накши калон бозидани интихоби табии дар эволютсия зери шубха гузошт. Барои рад кардани акидаи Ченкин донистани конунхои генетики лозим буд, аммо генетика хамчун илм факат соли 1900 ба вучуд омад.
- Мархалаи якчояшави. Рохи якчояшавии генетика ва назарияи эволютсиони оди набуд. Эхтимол, нахустин кадами синтези генетика ва назарияи эволютсия аз замоне огоз ёфт, ки олимон конунияти таксимшавии хромосомаро дар хучайра нишон додаанд. Баъдтар онхо накши хромосомаро хамчун барандаи ирсият исбот карданд ва бори нахуст ба мерос нагузоштани аломатхои дар натичаи машк кардан ё машк накардан пайдошударо нишон доданд. Ч. Дарвин нишон дод, ки принсипи интихоби табии ба хамаи саволхои пайдоиши олами органики – аз системаи тобеи якдигар будани таксонхо, нигох доштани узвхои рудиментари ва атавизм ва пахн шудани организмхо дар руйи Замин чавоб дода метавонад. Маълум шуд, ки натичаи эволютсия аз мутобикат, табдилёбии популятсия дар раванди тагйирпазирихои мутатсиони ва гайриирси, дурагашави, тачзия, мубориза барои хаёт, каму зиёд шудани шумораи популятсия, монеъгихо ва г. иборат аст. Хамаи ин омилхо дар раванди интихоби табии ба амал меоянд. Интихоби табии ба хосил шудани намудхо, афзоиши гуногуншакли ва мукаммалии организмхо боис мегардад.