Хукуки истиснои ба номи махалли истехсоли мол дар доштани хукуки истифодаи номи махалли мол нисбат ба молхо ба сифати воситаи фардику- нони, ки ба конунгузори хилоф нест, ифода меёбад. Унсур- хои зеринро дар иртибот бо истифодаи ишорахои чугрофи ва хифзи хукукии он чудо кардан мумкин аст:
- худи истифода бурдан. Ба кор бурдани ишорахои чуг- рофи дар руи мол, тамгакогазхо, борпечхо, дар реклама, нашрияхои чопии рекламави, бланкхо ва дигар хуччатхои расмие, ки бо воридкунии мол ба муомилоти граждани ало- каманданд, истифодабарии номи махалли истехсоли мол хисобида мешавад (м. 16 Конуни ЧТ «Дар бораи ишорахои чугрофи»). Истифода накардани номи махалли истехсоли мол, асоси катъи хукук ба он намегардад, вале истехсол накардани мол хангоми тамдиди мухлати эътибори шахо- датнома ахамият дорад (м. 12 Конуни ЧТ «Дар бораи ишо- рахои чугрофи»);
- манъ будани истифодаи гайриконуни. Истифодаи ни- шондодхои бардуруги баромади мол ва номи бакайдгириф- ташудаи махалли истехсоли мол аз чониби шахсоне, ки ша- ходатнома надоранд, хатто агар дар ин холатхо номи вокеии махалли истехсоли мол нишон дода шавад ва ё ном дар тар- чума ё бо истифодаи вожахои «аз кабили», «намуди», «мо- нанд» ва гайра истифода шавад, инчунин истифодабарии аломати ба ишораи чугрофи монанд, нисбат ба хама гуна мол, ки метавонанд истеъмолкунандаро оид ба махалли ис- техсол ва хосиятхои махсуси мол ба иштибох андозанд (ис- тифодабарии гайриконунии ишорахои чугрофи), манъ карда мешавад (м. 16 Конуни ЧТ «Дар бораи ишорахои чугрофи»). Гузашт намудани хукуки истифодаи ишораи чугрофи ва до- дани хукуки истифодаи он дар асоси шартнома номумкин аст.