Дар байни чумхурихои Осиёи Маркази Казо- кистон мавкеи хос дорад. Иктисодиёти Казокистон дар заминаи мавчудияти захирахои зиёди нафт, ангиштсанг, маъдани филиз (метал)- хои ранга ва сиёх босуръат инкишоф меёбад. Саноати он аз комплекси энергетики-сузишвори, ки ба он истихроч ва коркарди нафт, истихрочи ангишт, истехсоли неруи барк дар заминаи неругоххои барки оташи ва оби дохил мешаванд, иборат аст. Захирахои асосии ангишт дар хавзахои Караганда, Экибастуз, Тургай ва захирахои газ дар гарби чумхури чойгиранд. Аз чумла хавзаи Эмба, Манкишлок, Бузачи, Карачаганак калонтарин конхои он мебошанд. Яке аз хавзахои калони нафт хавзаи Тенгиз аст, ки он имконият медихад соле то 50 млн тонна нафт истихроч карда шавад. Дар чумхури 3 корхонаи коркарди нафт дар Атирау, Павлодар ва Чимкент мавчуд аст. Электроэнергетика дар заминаи неругоххои алавии Ермаков, Караганда, Экибастуз-1, Чамбул ва неругоххои обии Бухтарма, Чордарё, Капчай, Уст-Каменогорск фаъолият мекунад. Дар нимчазираи Манкишлок неругохи барки атоми сохта шудааст, ки неруи он барои тоза кардани оби бахр истифода бурда мешавад.
Ба катори мухимтарин сохахои саноати ин кишвар металлургияи ранга ва сиёх дохил мешаванд. Металлургияи ранга дар ду нохия: маркази, ки ба истихроч (конхои Коундар, Саяк, Чезкозган) ва истех- соли мис (комбинатхои металлургии Балхаш ва Чезкозган) махсус гардидааст ва аз нохияи полиметаллии шарки ба даст оварда мешавад. Марказхои асосии он комбинати руху сурби Уст-Каменогорск ва комбинати металлургии Лениногорск мебошанд. Дар Уст-Каменогорск калонтарин корхонаи истехсоли сузишвории ядрои мавчуд аст. Дар шахри Чимкент корхонаи истехсоли рух сохта шудааст. Корхонахои металлургияи сиёх дар шахри Темиртог ва Актюба чойгир шудаанд.
Дар заминаи партовхои саноати металлургия истехсоли нурихои маъдани, кислотаи сулфат ва гайра ба рох монда шудааст. Саноати нафту химия дар асоси нафти махалли кор мекунад.
Корхонахои саноати мошинсозии вазнин дар шахрхои Алма- Ато, Уст-Каменогорск, Караганда, Атирау, Остона чойгир шудаанд. Тракторхои чархдор дар шахри Павлодар истехсол карда мешаванд. Истехсоли мошинхои хочагии кишлок дар шимоли чумхури ривоч ёфтааст.
Дар сохахои кишоварзи 1/5 хиссаи ахолии кобили кор банд аст, ки 12% даромади миллиро медихад. Шароити гуногуни табиии Казокистон имконият медихад, ки тамоми рустанихои минтакаи муътадил дар каламрави он парвариш карда шаванд. Кисми зиёди заминхои кишт дар шимоли чумхури чойгир шудаанд. Сохаи асосии он парвариши зироатхои галладона мебошад. Кариб 60% майдонхои кишоварзиро зироати гандум ва бокимондаи онро чав ишгол кардааст. Истехсоли солонаи гандум дар чумхури то 30 млн тонна мерасад. Гайр аз гандум дар кисми шимоли, хусусан дар вилоятхои Павлодар ва Казокистони Шарки офтобпараст низ кишт карда мешавад. Дар кисми чануби гандуми тирамохи, чуворимакка ва дар сохилхои Сирдарё шоли кишт карда мешавад. Аз рустанихои техники дар Казокистони Чануби пахта, дар вилоятхои Чамбул ва Алма-Ато лаблабуи канд ва тамоку парвариш карда мешавад. Зироаткори дар нохияхои чануби ба обёри эхтиёч дорад. Дар доманакуххо богдори ва токпарвари ба рох монда шудааст.
Шароити хуби табии боиси мавчудияти чарогоххо шудааст. Гусфандпарвари сохаи асосии чорводори мебошад, ки дар заминаи хуроки табии таракки кардааст. Чорвои калони шохдор дар минтакахои дашт ва маргзорон, дар кисми шимол ва шаркии чумхури ривоч ёфтааст. Дар Казокистон асппарвари ва уштурпарвари анъанаи милли мебошад. Асппарвари дар кисми Казокистони Маркази, уштурпарвари дар нохияхои чануби ва гарби ривоч ёфтааст. Хукпарвари дар нохияхое ба рох монда шудааст, ки ахолии русзабон зиёд аст. Дар чумхури корхонахои коркарди пашм, пуст ва чарму пойафзол низ бунёд шудаанд. Корхонахои равганкаши дар шимоли чумхури, истехсоли канд, тамоку ва коркарди пахта дар чануби чумхури чойгир шудаанд. Мохидори ва истехсоли консерваи он дар сохили бахри Каспий ва дарёи Урал ба рох монда шудааст.