КИРГИЗИСТОН дар чанубу шаркии минтакаи Осиёи Маркази вокеъ шудааст. Киргизхо дар замонхои пеш дар болооби дарёи Енисей зиндаги мекарданд. Онхо чун дигар кавмхои турк бо мугулхо омехта шуда, охиста-охиста мавзеи зисташонро тагйир дода, ба чанубу гарбии куххои Тиёншон ва водии Хафтруд омаданд. Киргизистон дур аз укёнусу бахрхо, дар минтакаи кухсор чойгир шудааст.
Релефи кухи якчоя бо дигар омилхои географи ба иктисодиёти кишвар таъсири зиёд мерасонад. Киргизистон аз маъданхои табии бой аст. Дар шимоли он филизхои ранга (молибден, мис, сурма), дар куххои Тиёншон маъдани охан, калъаги, молибден, дар чануб захирахои бойи симоб, сурма, тилло мавчуд аст; дар доманакух ва водихои байникухи ангишти сиёхтоб, ангиштсанг ва кисман нафт ёфт шудааст. Киргизистон аз захирахои оби бой аст. Бузургтарин ва мухимтарин дарёи он Норин буда, дарёхои Чу, Чаткал ва Оксой ба чумлаи дарёхои калони ин мамлакат дохил мешаванд. Бузургтарин кули он Иссиккул мебошад.
Иклими континенталии шадид тобистони гарм ва зимистони хунук дорад ва он вобаста ба шароити табии тагйир меёбад. Шумораи ахолиаш 5 млн нафар буда, дарачаи афзоиши он паст аст. Дар таркиби ахоли 60%-ро киргизхо ташкил медиханд, бокимонда намояндагони миллатхои дигари минтака мебошанд. Кариб 35%-и ахоли сокинони шахрхо хастанд. Калонтарин шахрхои он Бишкек, Уш, Чалолобод, Карокул буда, зичии миёнаи ахоли дар 1 км2 23 нафар аст.
Киргизистон мамлакати саноатию кишоварзи мебошад. Пас аз бархам хурдани Иттиходи Шурави, ки робитахои истехсолию иктисоди канда шуд, онро бухрони иктисоди фаро гирифт. Дар таркиби саноати Киргизистон захирахои гидроэнергетики, истехсоли неруи барк, истихроч ва коркарди маъдани филизхои ранга мавкеи асосиро ишгол мекунанд.
Калонтарин неругоххои барки оби дар дарёи Норин бунёд шудаанд. Дар вилоятхои Уш ва Чалолобод ангишт истихроч карда мешавад. Дар шахри Чалолобод солхои 90-уми асри гузашта бо дастгирии як ширкати Канада корхонаи коркарди нафт сохта шудааст.
Металлургияи ранга яке аз мухимтарин сохахои содиротии кишвар мебошад.
Комбинати металлургияи кухии Кадамчой бо махсулоти худ дар бозори чахони мавкеи хосса дорад.
Дар вилояти Чалолобод корхонахои нави коркарди тилло ва дар нохияи Иссиккул корхонаи коркарди калъаги сохта шудааст.
Инро бояд дар хотир дошт!
Осиёи Маркази. Ба ин минтака кишвархои Точикистон, Казокистон, Киргизистон, Туркманистон ва Узбекистон дохил мешаванд.
Савол ва супориш.
- Бо ёрии харитаи ахоли доир ба ахолии минтакаи Осиёи Маркази маълумот дихед.
Инро ман медонам.
- Хусусиятхои мухимтарини табиати Осиёи Маркази кадомхоянд?
- Кадоме аз кишвархои минтака дорои захирахои бузурги табии мебошад? Онхоро шарх дихед.
- Кадом омилхо боиси гуногунии сарватхои табиии минтака шудаанд.
- Сохахои тахассусии давлатхои минтакаи Осиёи Маркази кадомхоанд? Онхо ба кадом омилхои географи вобастаанд?
Инро ман метавонам.
- Дар харита сатхи давлатхои Осиёи Марказиро бо пойтахтхояшон тасвир кунед. Доир ба масохат, шумораи ахоли, забони давлати, вохиди пули, хамсархадии давлатхо маълумот дихед.
Оё медонед?
- Узбекистон аз чихати захираи тилло дар чахон пас аз Чумхурии Африкои Чануби, ИМА ва Русия дар чойи чорум меистад.
- Узбекистон ба гурухи панчгонаи истехсолкунандагони пахта дар дунё – Чин, ИМА, Хиндустон, Покистон ворид мешавад.
- Кубури дудбарои ГРЭС-2 дар шахри Экибастузи Казокистон дар дунё аз хама баландтар аст.
- Казокистон аз чихати истехсоли уран дар дунё зинаи дуюмро ишгол мекунад.
- 98,8% неруи баркро дар Точикистон ба воситаи неругоххои барки оби истехсол мекунанд.
Хулоса. Кишвархои Осиёи Маркази худуди васеъро дар бар гирифта, шароити гуногуни табии ва ахолии гуногунтаркиб доранд. Онхоро мероси иктисодии давраи шурави ва умумиятхои зиёди ичтимои ба хам наздик месозад.