Главная / Чугрофия / КИСМИ ОСИЁИИ СОБИК ИТТИХОДИ ШУРАВИ

КИСМИ ОСИЁИИ СОБИК ИТТИХОДИ ШУРАВИ

Ба ин нохия 8 давлати чавони мустакил дохил мешаванд, ки дар натичаи пош хурдани собик Иттиходи Шуравй истикдолият ба даст овардаанд. Онхо бо шароит, сарватхои табий, микдор, таркиби миллии ахолй, дину мазхаб, мавкеи иктисодию географй аз якдигар фарк мекунанд. Аммо масъалахои иктисодЙ ва ичтимоие, ки баъди ба даст даровардани истикдолият онхо бояд дар заминаи баркарор ва ташкил намудани алокахои нави иктисодЙ хал намоянд, барои хамаи он давлатхо хос мебошад. Ин моро водор менамояд, ки давлатхоро дар доираи Осиё хамчун нохияи нави иктисодЙ чудо намуда, омузем. Дар як вакт ин давлатхо аз чихати мавкеи иктисодй, географй, шароити сарватхои табиЙ, таркибу тахассуси хочагЙ як гурухашон аз гурухи дигарашон (мамлакатхои Осиёи Миёна, моварои Кафказ (Закавказия), Казокистон) фарк мекунанд. Инро ба инобат гирифта, нохияи мазкурро ба се зернохия чудо мекунем: Зернохияи моварои Кафказ (Закафказия), Осиёи Миёна ва Казокистон.

Мамлакатхои ин зернохияро умумияти мавкеи иктисодию географй, шароити табий, таърихи ташаккулёбй, тахассусу ало- камандии иктисодй ва ягонагии шабакаи накдиёту энергетики ба хам муттахид менамояд.

Табиати мамлакатхои моварои Кафказ (Закафказия) ба худ як хусусияти умумй дорад. Релефи онхо асосан кухй (65 дарсади каламрави он) буда, дар чойгиршавй унсурхои табий хусусияти амуди додааст. Аз хамин сабаб дар каламрави начандон калони моварои Кафказ табиат нихоят мухталиф аст. Табиати он аз сарватхои зеризаминй бой мебошад. Мавчудият ва гуногунии онхо барои ташаккул додани саноати металлургй, химиявй, маснуоти сохтмон, шиша ва чинй имконият додааст. Иклими он барои парвариши зироат ва мевахои гуногун дар минтакаи муътадил ва субтропикй мусоидат намудааст. Ахолии зернохия зиёда аз 6,3 дарсади ахолии Иттиходи Давлатхои Мустакилро ташкил менамояд. Таркиби миллии ахолй гуногун мебошад. Дар он гурчихо, озарихо ва арманихо бартарй доранд. Вобаста ба бухрони сиёсй ва иктисодй солхои охир сафи бекорон зиёд шудааст. Бухрони иктисодй ва мунокишахои дохилй (Карабог, Абхазия) сабаби паст гардидани сатхи зиндагии ахолй гар- дид. Ин ходисахо барои он рух доданд, ки баъди ба даст даровардани истиклолият робитахои иктисодии корхонахо бархам хурд, бисёр корхонахо фалач гардиданд. Дар кишоварзй хам аз сабаби норасогии техника, нурихои минералй ва гайра махсулнокии кишоварзй паст гардид. Холо кушиши бухрони иктисодиро мустакилона бартараф намудан натичаи дилхох надода истодааст.

Инчунин кобед

МЕГАПОЛИСХОИ КАЛОНТАРИНИ ЧАХОН

МЕГАПОЛИСХОИ КАЛОНТАРИНИ ЧАХОН Шахр – Мегаполис Мамлакат Шумораи ахолй 1. Мехико-Сити Мексика 27,6 млн н. …