Главная / Гуногун / КУРЪОН ВА МОХИЯТИ ОН

КУРЪОН ВА МОХИЯТИ ОН

Куръон (аз феъли арабии караъа-хондан бо овози баланд ва дар забони сириёни кариана-ба маънои хондани матни мукаддас) Китоби мукаддаси осмонии мусулмонон аст. Дар худи Куръон ва сарчашмахо ин Китоб инчунин бо номхои «Ал-китоб», «Уммулкитоб» (модари китобхо), «Ал- мусхаф», «Каломуллох» – гуфтаи оллох, «Нурулмубин», «Аттанзил», «Аззикр», «Фуркон» ва гайра зикр шудааст.

Истилохи Куръон нахуст дар даврахои аввали макки нисбат ба порчахои алохидаи вахй, ки хануз ба шакли китоб тадвин нашуда буданд, истифода шудааст. Баъдтар дар сурахои мадинаги истилохи «Алкитоб» зуд-зуд мавриди истифода карор мегирад, харчанд хануз дар ин давра низ Куръон тадвин нашуда буд. Умуман, мувофики ахбори Чалолуддин Ассуюти дар худи Куръон 50 то 55 ному сифати Куръон ёд шудааст.

quroКуръон мувофики таълимот ва боварии мусулмонон, суханон (вахй)-и илохи мебошад. Парвардигор вахйро ба воситаи (Рухулкуддус), яке аз малоики Худ-Чабраил дар тули 22 сол (аз соли 610 то 632) ба тадрич нозил кардааст.

Куръон хамчун аввалин сарчашмаи асосии дини ислом ва яке аз шохасархои мукаддаси тамаддуни умумибашари, сарчашмаи ахлокию маънавк, фарцангию таърихи, забонию бадеии мусалмонон аст. Дар он асоси илохиёти исломи, ахком ва дастурхои ибодатию маросимк, тавсияхои ахлоки, ахкоми шаръию хукуки баён шудааст. Куръон муайянкунандаи меъёрхои дурустии анъанаву суннатхо, тарзи зиндаги ва рафтори миллионхо одамон дар тули чахордах аср буд ва мебошад. Гузашта аз ин, Куръон омили гани гардидани забонхо ва адабиёти миллали мусулмон буда, калимаву ибороти фаровоне аз Куръон ба забону адабиёт ва муомилоти рузмарраи мусулмонон новобаста аз забон ва миллияташон дохил шудаанд. Аз иктибосот ва ишораву истиорахо ва образхо ва мазмунхои куръони адабиёти халкхои мусулмон моломол мебошад.

Дар мавриди зарурати шинохти ин Китоб барои инсоният, яке аз ховаршиносони маъруфи рус, И.Грязневич дар пешгуфтори нашри дуюми тарчумаи русии Куръон тавассути И.Ю.Крачковский чунин фармудааст: «Шиносои бо Куръон накши мухимме дар амали шудани тамоюли хамагон ба муховараи маънави ва якдигарфахми дорад.»[1].Инсоният аз тарики шиносок бо Куръон метавонад ба шинохти вацдати чавхарк ва ацдофи олии худ мушарраф шавад, моцияти инсонии худ, макому манзалати худро дар цастк хуб фацму идрок кунад.

Имон ба китобхои Худо, аз чумла ба Куръон, рукни савуми имон аст. Тибки он хамаи китобхое, ки ба пайгамбарон то Мухаммад (с) нозил шудаанд бархакканд ва суханони Худоянд. Ногуфта намонад, ки дар ин боб муътазила акидаи мухолиф доранд, онхо махлук будани каломи Худоро чонибдори мекунанд ва мегуянд, ки «калом сифати феъл аст, на сифати зот».

Тибки акидаи мусулмонон «Каломи У (Худо) субхонаху таъоло азалист, мубарро аз чинси зарф ва сурат, коим аст ба зоти У ва муназзах аз халки У, эчод аст алфози Каломи мачид ва Фуркони хамид, ки бар Пайгамбари мо (с) нозил шуда ин алфозро Эзиди такаддус ва таъоло биловоситаи башар махлук гардонида.»[2]

Боварии мусулмонон ба азали будан, ё худ пеш аз вахй шудани он ё хатто пеш аз офариниши олам вучуд доштани Куръон ба як зумра оёти худи Куръон асос дорад. Аз чумла: дар сураи «ал-Вокеъа»                                                                              <^-Дар хакикат ин

Куръони карим аст, дар Китоби пушида (Лавхи махфуз) \К.56:77-78\ ва дар сураи «ал-Буруч» омада

-Балки ин Китоби бузург\-и Илохист), дар Лавхи

махфуз Нигошта шуда\аст. К.85:21-22\;

 «Хамоно ин Китоб назди мо дарЛавхи махфуз баландпоява мухкам аст.» /К.43: 4/

Хулоса, тибки акидаи аксари мусалмонон каломи Худо, яъне Куръон кадим аст ва пеш аз офарида шудани олам вучуд дошта, дар «Лавхи махфуз» мундарич аст. Ин мазмун дар Куръон, чунон ки дар иктибосхо дидем, бо мафхумхои «Китоби макнун», «Лавхи махфуз» ва «Уммулкитоб» ифода шудааст.

Дар мавриди ахбори паёмбарон ва китобхои мукаддас маълумоти Куръон танхо мунхасир мешавад ба китобхо ва сарчашмахои мазхабии динхои соми. Харчанд дар адабиёти исломк, гуфта шудааст, ки аз Худои таъоло як саду чахор китоб ба анбиё нозил шудааст, вале дар худи Куръон аз ин навъи китобхои мукаддас танхо оид ба чахор китоб: Тавроти Мусо, Забури Довуд, Инчили Исо ва нихоят чахорум Фуркон (Куръон)-и Мухаммад маълумот дода шудааст. Маълумоти бевоситаи куръонк марбут ба ду китоби «Ахди кадим» танхо «Таврот»-хамон «Панчкитоб»-и Мусо ва «Забур» мебошад, дар бораи дигар кутуби шохон ва паёмбарони яхуди чизе гуфта нашудааст. Хамчунин дар Куръон ва аходиси набавк хеч маълумоте ва хабаре, аз китобхои маъруфи адёни гайрисоми, аз чумла кутуби хинду ориёи: Ведхо (Ригведа, Ячурведа, Самаведа, Атхарведа), Махабхарата, Рамаяна, Трипитака ва Авасто нест. Якинан дар Куръон ва дигар сарчашмахои исломи танхо таваччух ба сарчашмахои адёни соми, ки китобу пайгамбарони он барои мардуми ин минтака ошно буд шудааст. Чунки вазифаи китоби мукаддаси мусулмонон шиносонидани сарчашмахои адёни дигар набудааст.

Макоми Куръон аз нигохи худи Куръон ва аходис, хануз чандон дар адабиёти исломшиносии мо ба таври бояду шояд мавриди бахсу барраси карор нагирифтааст. Дар Куръон оид ба макому манзалати Куръон ва таъйиноти он зиёд ва хеле равшан сухан рафтааст. Аз чумла, дар сураи дуюм (Бакара) омада:

«Ин Китоб, нест шакке дар он, рохнамост мар пархезгаронро.» Ё худ оёти зерин: Хамоно ин Куръон инсонхоро ба рохиросттар ва устувортар рохбарй мекунад.» «Китобест, ки онро ба суи Ту фуру фиристодем, то мардумро ба хукми Парвардигорашон аз торикй ба суи рушной _ба суи рохи Худованди тавонову сутуда берун ори.»

«(Ростй) ин (Куръон) гуфтори возеху рушан аст барои мардум ва хидояту панду андарзе аст барои пархезгарон.»

Вокеан, дар худи Куръон таърифу арзёбии зиёде аз макому накшу чойгохи баланди он шудааст. Мухимтарин сифате, ки дар васфи Куръон дар Куръон омадааст, ин рохнамоии рохи рост (сироти мустаким) барои инсонхост.

Дар хадисхо низ арзёбй аз накшу ахамияти Куръон хеле зиёданд аз чумла, Хориси Хамадонй аз номи Али ибни Абутолиб накл кардааст, ки «Ман аз расули Худо (с) шунидам, ки фармуд. «Дере напояд, ки фитнахо барпо гардад». Арза доштам: «Ё Расулулох, рохи халосй ва рахой аз ин фитнахо чист? Фармуд; «Куръон Китоби Худост, китобе ки ахбори гузаштагон ва ояндагони шумо дар он омадааст, китобе, ки халлу фасли ихтилофот ва кашмакашхои шумо дар он мебошад, китобе, ки метавонад хакку ботилро ба осонй аз хам чудо ва рушан созад, хакикате, ки хазлу шухй дар он рох надорад, китобе, ки хар чаббор ва ситамгаре онро ба дур андозад Худованд камари уро мешиканад ва бар хоки мазаллат ва халокаташ менишонад ва хар кас хидоятро дар гайри он бичуяд ба залолат ва гумрохй меафтад. Он хамон ресмони мухками илохй аст, ки иртиботи инсон бо Худо бад-он бастааст ва он хамон Китоби хикматомез ва рохи мустаким аст, ки майлхо ва хавасхои башарй наметавонад онро тагйр дихад.

Бо хамон Китоб аст, ки забонхо аз иштибох масун (орй) мемонад ва гуфтугухои ботил ва бефоида поён мепазирад. Донишмандон аз хондан ва тафаккур дар он сер намешаванд, бо гузаштани асрхо ва карнхо, ки кухна ва фарсуда нахохадгардид, Китобе аст, ки ачоибва мазоёи он бепоён аст. (Ин Куръон) хамон гуфтор аст, ки вакте чинниён онро шуниданд дилбохтаи он гардиданд ва беихтиёр гуфтанд: «Мо Куръон аъчобангезе мешунавем, ки ба суи са одат рохбарй мекунад».

Ин иктибос як намунаи боризе буд аз он арзёбихое, ки дар хадиси набавй оид ба Куръон ва манзалати он омада. Дар бораи Куръон мутафаккирони гузашта, чи аз фалосифа ва чи аз шуаро никоти чолибе дар насру назм баён кардаанд вале ин рисола хавсалаи гунчоиши он хамаро надорад. Мо дар ин чо оид ба накшу макоми Куръон, умуман дар тамаддуни чахонй ва ахас, ба фарханги исломй хаминро гуфта метавонем, ки арзиши он хамчун яке аз шохасархои сарчашмаи илохк доштаи тамаддуни инсонй дар он аст, ки он асари нотакрори мазхабй, сарчашмаи таърихй, асоси акоиди каломк ва фалсафии динй, аслпояи шариат-конуни зиндагй ва ахлоку маънавиёт, эътикодномаи хамаи мусулмонон аст.

Куръон китобест, ки охангу навои он аз гахвора то гур мусулмононро хамрохй мекунад. Китобест, ки баробари шунидани он мусулмонон таваккуф намуда, бо эхтиром сари зону менишинанд. Мусулмонон аз шунидани навохои кироати он ба вачд меоянд ва нидохои такбиру сано мезананд. Хатто пас аз хафтод сол ихтиноку саркубй, хануз хам фотихаи хар кори хайр, огози чашну хурсандй, гузоштани санги аввали пойдевори хона, маросимхои ёдбуд, никоху талок, фотихаи(омини) сари дастархон, зиёрати кабристону маркади волидайн, ёдоварии бегохихои душанбеву чумъа, корхои хайрияву худойк, дуъохои бо максади табобат, зиёрати чойхои мукаддас, ибодати панчвактаву рузмарраи мусалмони обиду пархезгор, асоси меъёрхои ахлокии онхо руи пояи оятхову сурахои Куръон устувор аст, ин хама бо хониши оёту хатми Куръон огозу анчом мепазиранд.

Хамчунин зарурати шинохтану фахмидани забони миллии хар миллати мусалмон чи точик, чи турк эхтиёч ба шинохти Куръон дорад. Аз боби мисол як худи калимаи Куръон бо чандин муштакоте чун кироъат, кори, кироъатхона дар забони мусалмонон дохил шудааст.

Тибки эътикоди мусалмонон Куръон барчастатарин муъчизаи пайгамбари ислом аст. Хатто баъзе муаллифон ва уламои ислом Куръонро ягона муъчизаи у мешуморанд ва хадди акал онро нисбат ба муъчизоти дигар пайгамбарон боло мегузоранд.

«Куръон, – мегуянд Мухаммадсодики Начми ва Хошим Хориси, – бар тамоми муъчизоте, ки пайгамбари ислом тафовук (бартари) дорад, зеро Куръон муъчизаи човидони аст…»[3]

Дар вокеъ, Куръон яке аз шохкорихои тамаддуни чахонист, ки хануз инсоният шинохти пурраи акоиди онро пайдо накардааст, холо чи расад ба амали шудани ормонхои куръони. Куръон аз назари санъати баёну нигориш, бадеият ва сохтор дар мукоиса бо дигар кутуби мукаддас тафовут дорад. Фарки асосии Куръон аз китобхои дигар, чунонки каблан ишора шуд дар он аст, ки оёти куръонк бевосита аз забони Худованд аст. Дигар ин ки аксари сурахои куръонк мундаричаи ягона надоранд, дар як сура метавонад, мавзуцои мухталиф бажн шаванд. Он мисли китби «Ацди кадим» ва «Ацди чадид» аз таърих огоз намешавад ва бажни шахси сонк аз корномаи Худо ва пажмбарон нест.

Агар мо Библияро бо Куръон мукоиса кунем, пеш аз хама, дар услуби баён чунин ихтилофро пайдо мекунем;

Нахуст он ки Библия махсусан кисмати панч китоби Мусо ва чор инчили Исо бо нахваи ахбори чун сарчашмахои таърихи, аз Номи шахси солис накл карда мешавад. Куръон бошад, сар то по сухан аз забони шахси аввал, нотику фоъили сармади Худо-Оллохи таъоло баён шудааст. Гох Худои таъоло ба пайгамбар мефармояд: «Бигу!»

Ин нуктаро аз мухаккикони гарби, донандаи хуби Куръон ва мутарчими он И.Ю. Крачковский мунсифона эътироф намуда, ин навовариро дар мукоиса бо Таврот ва Инчил таъкид кардааст. Дар Куръон «Таъсири асосии зухури каломи Худованд дар шахси аввал аст, ин навоварии шуниданошуда дар мукоиса бо Таврот ва Инчилхо мебошад. Дар «Ахди кадим каломи Яхво \баён шудааст\, вале гуянда хамеша муаррих, пайгамбар, котиб /дар шакли/ колими иктибосшуда мебошад. Дар Инчили Исои Масех дар зимни /хикоя/ сухан мегуяд, иктибос на аз худи Яхво, балки аз пайгамбарон мекунад. Навовари дар Куръон /иборат аз он аст, ки/ Оллох худаш имконият медихад уро бишнаванд ва худаш оёти «китоби» Худро танзил менамояд; пайгамбар – танхо робит аст. Баъзан /ин/ накш халалдор мешавад ва ногахон Худо дар бораи Худ дар шахси сеюм сухан мегуяд».[4]

Оре, сухан танхо дар сари аз забони шахси аввал (Худо) баён шудани матолиби Куръон нест, харчанд ин нодиртарин навовари дар таърихи натанхо китобхои «осмони» ва дигар китобхои дини мебошад, балки дар усули байён аст, ки навоварии аз аввала хам нодиртар аст. Ин усул на хикоя аст на кисса балки муколимаи зинда ва даъвати бевоситаи Худо бо бандагонаш мебошад. Куръон баъзан аз номи Худо мефармояд, ки Мо… ин ё он амалеро кардем ва ин низ дуруст аст, ки баъзан дар бораи Худ Худованд дар шахси сеюм сухан мегуяд.

Дигаре аз хусусиятхои нодири Куръон забони он аст, ки дар пояи хеле баланди бадеият карор дорад ва моломол аз ифодахои самбулик, рамзу тамсил, истиора ва соири саноеъи латифи бадеи мебошад. Харчанд насри мусаччаъ ва шеъру касидасарои дар давраи Чохилия байни аъроб маълуму машхур будааст, хеч асари хампояеро то Куръон таърихи араб хабар надорад. Он хам аз шахси умми -бесавод ва фокиди кобилияти шеъру шоири.

Аз нигохи эътимоднокк ва мувассаки Куръон аз нодиртарин сарчашмаи динист, ки било фосила дар замони нузули оёт сабту нигориш ёфта ва дар муддати кутохтарин, пас аз вафоти Паёмбар (с) тахриру тадвин гардида, пас аз он охирин тадвини он дар тули чахордах аср хеч тагйири хатто харфе ба чуз харакатгузорк чихати муайян кардани хуруфи садоноки кутоц ва вакфаю васлацо чихати дуруст хондани он, дар он рох наёфтаанд.

[1]       Коран. Пер. и коммен.И.Ю. Крачковского. 2е изд.М.: Наука. Главная редаксия восточной литературч.1990. С.3

[2]       Вочид Алк Мучмалк. Матлаъулулум мачмаъул фунун. С 1262 х. С.159

[3]       Мухаммадсодики Начмк, Цошим Цориси. Шинохти Куръон. 1361.с.45.

[4]       Коран. Пер. и коммен.И.Ю. Крачковского. 2-е изд.-М.: Наука. Главная редакция восточной литературы.1990. С.683.

Инчунин кобед

МОЛИКИЯ

Моликия ки пайравони Имом Молик ибни Анас ал-Асбахи (732-795) буда, дар нимчазираи Арабистон ба вучуд …