Главная / Гуногун / Кадоме аз шаклхои хочагидори судманданд?

Кадоме аз шаклхои хочагидори судманданд?

Тадкикгарон дар чунин акидаанд, ки холо мардумони чахон чор шаклу намуди хочагидориро амалан корбурд карда меоянд:

  1. Одати,
  2. Накшаги,
  3. Бозори,
  4. Омехта

Хар яке аз ин равияву намудхои хочагидори афзалият, нокисихо, зиддият ва дигар нишонаву хислатхои фарккунандаи худро доро мебошанд.

Албатта, мо дар ин чо имконоти батафсил баён кардану тасниф намудани онхоро сохиб нестем. Аммо пешниходи тархи умумии онхоро зарур мешуморем.

Хочагидории одати аз замонхои пешин ба мо омада, сатхи нокифояи инкишофро сохиб мебошад. Онро аз хама пештару бештар дар мамолики кафомондаю сатхи тараккиёташон хеле суст дучор омада метавонем. Дар ин сарзаминхо ва масохатхо усулхои хочагидории пешина бо баъзе равишхои замонави дар омехтаги фаъолият бурда, чавобгуи такозои замон нестанд. Махз бо хамин сабабхо давлатхои зайл имконоти рушди иктисодиро ба таври дилхох корбурд карда наметавонанд. Шакли хочагидори хамчун монеаи пешрафт хизмат карда меояд.

Хочагии накшаги, ки онро фармонию бюрократи хам ном мебурданд. Ин усули хочагидори ба давлатхои собики сотсиалистии дар карни ХХ-ум фаъолиятбурда хос буд. Хочагидории накшаги чунин хислати фарккунанда дошт, ки давлат тамоми вазифахои идорию танзимгарии иктисодиётро ба ихтиёри худ гирифта, барои фаъолияти озодонаи сохибтахассусон, фирмахо ягон имконе намегузошт. Хамагон ба накша (план) итоат кунонида мешуданд ва имконоти хавасмандгардонию пешбурди фаъолият хамачониба махдуд карда мешуд.

Хочагии бозори гуфта, хамон усули танзиму идораро мефахмиданд, ки зери он танхо имконоти фаъолият ба куввахои нихонии бозори вогузошта мешуд. Ин усули хочагидори боиси ба зиддиятхову бухронхо гирифтор гардидан мешуд.

Дар нимаи дуюми асри XX хочагидории омехта хамчун рохи истифодаи афзалиятхои хочагидории бозорию накшаги ба миён оварда шуд. Вай дорои афзалятхои зиёде буда, чавобгуи такозои замонавии хочагидори мебошад ва бояд боз хам такмил дода шавад.

Инчунин кобед

Маъод ва фалсафаи хаёту марг дар ислом

Масъалаи марг ва хаётро метавон хамчун масъалаи асосии бахси маъод талакки кард. Чунон, ки таърихи …