Касида хам бо ду рох таракки мекунад. Касидахои ахлоки, фалсафи бештар дар эчодиёти Абдурахмони Чоми, Навои, Бинои ба назар мерасанд, ки ин давоми анъанахои шоирони бузурги гу- зашта Рудаки, Носири Хусрав, Низоми, Саъди ва дигарон мебо- шад. Касидахои мадхи бештар дар эчодиёти шоирони маддохи дарбор дида мешаванд.
Навиштани асархои ахлоки дар ин асрхо вусъат меёбад. Мах- сусан, асархои тарбиявию ахлокии Абдурахмони Чоми, Али- шери Навои, Бадриддини Хилоли мавкеи калонро ишгол ме- намояд. «Ахлоки Чалоли»-и Чалолиддини Давони, «Футувват- номаи султони», «Ахлоки Мухсини»-и Хусайн Воизи Кошифи, «Макоримулахлок»-и Хондамир, «Бехрузу Бахром»-и Камо- лиддини Биной низ ба ин мавзуъ бахшида шуда, муаллифон дар асархои худ доир ба бисёр масъалахои ахлокй фикру мулохизахои пуркимат баён кардаанд.
Дар ин асрхо назира гуфтан ба достонхои кахрамони, ишки- романтики вусъат меёбад. Онхо ба «Хамса»-и Низомии Ганчави ва Амир Хусрави Дехлави чавоб мегуянд. Вале ба гайр аз Чомиву Абдибеки Шерози ва дар адабиёти узбек Навои ба ягон каси онхо муяссар нагардид, ки ба «Хамса» пурра чавоб гуянд. Чоми бидуни чавоби достонхои «Хамса», микдори онро зиёд намуда, ба хафт расонд, ки ин, албатта, дар хамсасарои як тагйироти чиддие буд. Шоирон Мавлоно Хотифи, Шахобиддини Чоми, Амир Сухайли, Бадриддини Хилоли, Ашраф ва дигарон танхо ба ду-се достони «Хамса»-и Низоми чавоб гуфтаанду халос.
Гайр аз ин, дар ин асрхо шоирони зуллисонайн, яъне дузабона пайдо мешаванд, ки онхо хам ба забони точики, узбеки ва хам араби шеъру достон эчод мекарданд, ки сарвари онхо Алишери Навои буд.
Дар ин давра наср хам хеле пеш меравад. Асархои насри чи аз чихати забону тарзи баён ва чи аз чихати услубу компо- зитсияи худ аз якдигар фарки калоне доштанд. Асархои насрии Абдурахмони Чоми («Бахористон», «Нафахотулунс»), Хусайн Воизи Кошифи («Футувватномаи султони», «Ахлоки Мухсини», «Анвори Сухайли»), Фахриддин Алии Сафи («Латоифуттаво- иф»), Зайниддин Махмуди Восифи, («Бадоеулвакоеъ») намунаи барчастаи насри ин асрхо буда, аз чихати забон ва тарзи баён сода ва фахмо мебошанд. Вале дар хамин давр асархои насрие низ иншо шудаанд, ки забонашон нихоят душворфахм буда, му- аллифон бештар ба истифодаи калимаю иборахои араби ахамият медоданд.